Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардии равобити Бишкеку Душанбе ба тарҳҳои муштарак чӣ таъсир мегузорад?


Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Садир Жапаров)
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Садир Жапаров)
"Тоҷикистону Қирғизистон дар тарҳҳои муҳими иқтисодие шариканд, ки сарнавишти онҳо аз ҳалли мушкилоти ахир дар марз вобаста аст", -- мегӯянд коршиносон.

Пас аз шиддат гирифтани вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ҷонибҳо рӯзи 5-уми июн протокол ё санади дигарро имзо карданд, ки поин овардани шиддати авзоъ ва идомаи раванди таъину нишонагузории марзро дар назар дорад. Аммо муносибати байни кишварҳо шадид монда, давраи номуайяниеро аз сар мегузаронад.

Дар расонаҳо метавон ба даъватҳое вохӯрд, ки ба қатъи пурраи равобит миёни давлатҳо марбутанд. Бо ин ҳама, Душанбеву Бишкек дар масоили муҳими минтақавӣ мавқеъҳои муштарак доранд ва дар лоиҳаҳои якҷояи иқтисодӣ ширкат мекунанд, ки боз доштани онҳо метавонад, ба дурнамои иқтисоди бе ин ҳам сусти ду кишвар таъсир расонад.

Маҳдуд кардани худ

Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз фақиртарин кишварҳои минтақа ва давлатҳои пасошӯравӣ мебошанд, шохисҳои иҷтимоию иқтисодии амалан шабеҳ (монанд) доранд. Набудани карбогидридҳо, инзивои нақлиётӣ ва вуҷуди зарфиятҳои обу энержӣ дар ин ҳама муддат мавқеи ду давлатро дар бисёре аз масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳам наздик карда буд.

Чунин ба назар мерасад, ки даргириҳои марзӣ Бишкекро водор кардааст, дар қадами аввал мавқеи худро бознигарӣ кунад. Рӯзи 24-уми май, ҳукумати Қирғизистон бо як қарори худ вуруд, баромадан, транзит ва будубош дар қаламрави худро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, то замони ҳалли масъалаҳои марзӣ, боздошт.

Дар Қирғизистон бисёриҳо ташаббуси ҳукумати худро пуштибонӣ карданд ва таъкид карданд, ки маҳдудиятҳо қочоқро коҳиш дода, саноати коркардро дар вилояти Бодканд рушд медиҳанд. Мухолифини ин ибтикор гуфтанд, баста шудани марзҳо бо Тоҷикистон ба минтақаи Бодканди Қирғизистон зарари калон мерасонад.

Аз нақлиёт то нерӯгоҳҳои обӣ

Шореҳи иқтисодӣ, Пайрав Чоршанбиев, ба ин назар аст, ки кишварҳо якдигарро дар инзиво қарор дода, метавонанд, вазъи бе ин ҳам ҳузновари худро бадтар кунанд.

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев
"Мо дар минтақа бисёр манфиатҳои муштарак дорем, ки мебоист моро наздик мекарданд, на аз ҳамдигар ҷудо. Аз ҷумла, масъалаи обу энергетика. Дар кишварҳои дигари минтақа карбогидридҳо мавҷуданд, ки вуҷуди онҳо, мутаносибан сатҳи нисбатан баланди зиндагиро дар ин кишварҳо муайян мекунад. Қирғизистону Тоҷикистон кишварҳои сероб мебошанд ва мебоист муштарак талош мекарданд, ки аз ҳисоби ин сарвати табиӣ (ба мисли нафту газ) аз кишварҳои поёноби дарёҳои фаромарзӣ барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоиву иқтисодии худ имтиёзҳо ба даст меоварданд. Об дар оянда арзиши баланд, хеле баландтар аз аз карбогидридҳо хоҳад дошт, аммо "камарзишӣ"-и ин захираи муҳимро ҳарчи зудтар бояд бартараф кард", -- мегӯяд Чоршанбиев.

Ба ҷуз аз ин, коршинос ба таври ҷудогона ба лоиҳаҳои байнидавлатие чун

  • CASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон дар назар дорад;
  • лоиҳаи сохтмони лӯлаи гази Туркманистон-Чин;
  • тарҳи сохтмони Роҳи оҳани Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон-Чин

ишора мекунад.

Ояндаи мушаххасеро даҳлези мавҷуди Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон дорад, ки роҳро ба яке аз бузургтарин бандарҳои ҷаҳонӣ дар Эрон – Бандар-Аббос мекушояд.

Равобити сусти иқтисодӣ ва қочоқ

Як сиёсатшинос аз Қирғизистон, ки нахост аз ӯ ном бибарем, мегӯяд, бо вуҷуди наздикии ду давлат, миёни онҳо амалан ҳеч лоиҳаи воқеӣ вуҷуд надорад. "Лоиҳаи CASA-1000 бо назардошти камомади дохилӣ зери суол аст. Роҳҳо ҳам. То мавзӯи марз ҳал нашавад, зери суоланд. Гидроэнергетика бидуни сармоягузориҳои асосӣ тарҳҳои афсонавӣ мемонанд. Ин барои ҳар ду кишвари ҳамсоя вазъи даҳшатоваре аст", -- шарҳ дод мусоҳиби мо.

Ба гуфтаи вай, кишварҳое ба мисли Қазоқистону Узбекистон аз сардии равобити Қирғизистону Тоҷикистон манфиат мебардоранд. Яъне, акнун ду кишвари болооб наметавонанд, дастури кори ягонаро дар заминаи тарҳҳои гидроэнержӣ таҳия ва ҳамоҳанг кунанд.

Тибқи иттилои ҷониби Тоҷикистон, табодули мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2020 тақрибан 37 миллион долларро ташкил додааст, ки 0,8% аз миқдори умумии савдои Тоҷикистон ва 0,6% аз савдои Қирғизистонро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии омори Қирғизистон, дар 5 соли охир гардиши мол миёни Қирғизистону Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар соли 2019 он ба 67 миллион доллар расид, аммо дар соли 2020, бинобар пандемияи коронавирус, ба 37 миллион доллар коҳиш ёфт. Гузашта аз ин, ҳиссаи содирот, тибқи маълумоти расмӣ, тақрибан 80-90% -ро ташкил медиҳад.

Маҳсулоти кишоварзӣ ва сохтмон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва аз Қирғизистон сӯзишворӣ, орд, молҳои серистеъмоли чинӣ ва ғайра интиқол дода мешаванд. Коршиносон бар инанд, ки ба далели номуайян будани марз, гардиши мол шояд аз ҳисоби иқтисоди соягӣ, хеле баландтар аст.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Таҳлилгари мустақил, Парвиз Муллоҷонов, мегӯяд, сокинони ду кишвар аз ин маҳдудиятҳо ранҷ хоҳанд бурд. Аз як сӯ, истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ дар вилояти Суғд, аз сӯйи дигар, сокинони вилояти Бодканд ҳастанд, ки маҷбуранд молҳоро бо нархи гаронтар бихаранд.

"Ғайр аз ин, дар Қирғизистон шахсони зиёде ҳастанд, ки аз ҳисоби дубора фурӯхтани молҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, пул кор мекарданд. Ин кишвар дар аввал мавқеи маркази нақлиётиро дошт, ки бинобар пайвастан ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС), онро қисман аз даст дод. Ҳоло метавонад талаботро аз ҷониби харидорони тоҷик низ аз даст бидиҳад”, -- мегӯяд Муллоҷонов.

Тоҷикистон, ба назари ӯ, аллакай ба тағйир додани масири худ шуруъ кардааст. “Қисме аз колоҳое, ки аз Чин тавассути Қирғизистон оварда мешуданд, акнун тавассути Қулма дар назар гирифта шудаанд. Сӯзишворӣ тавассути Туркманистон ва дигар намудҳои транзит ба василаи Узбекистон дар назар гирифта шудаанд. Вале, бо вуҷуди ин ҳама, соҳибкории хурд зарба мебинад”, -- бовар дорад ҳамсуҳбати мо.

Дарозии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр аст, ки аз он то имрӯз танҳо 504 километр таъину нишонагузорӣ шудааст. Аксар вақт ихтилофҳо дар қитъаҳои баҳсии марзӣ, дар замин, об, убури ғайриқонунии марз ва ихтилофи байни мардум ба амал меоянд.

Даргириҳои марзии рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва садҳо хамӣ бар ҷой гузошт. Тоҷикистон дар бораи кушта шудани 19 нафар ва захмӣ шудани 87 кас хабар дод. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, дар ҷараёни даргириҳои марзӣ 36 нафар кушта ва 183 нафар маҷруҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG