Ба фарқ аз даргириҳои гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ин дафъа ду ҷамоати дигари наздимарзӣ – Чилгазӣ ва Шӯроб – зиёни моливу ҷонӣ дидаанд.
Мақомоти расмӣ дар бораи кушташудагону хисороти расида маълумот намедиҳанд. Сокинон гуфтанд, чанд кас куштаву захмӣ ва чандин хона пурра ва ё қисман вайрон шуд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар даргириҳои марзӣ иншооти ғайринизомӣ дар Бодканд осеб дид.
ЧИЛГАЗӢ
Ҳавлии Маҳмудовҳо дар паҳлӯи масҷиди деҳаи Боғдории ҷамоати Чилгазии Исфара, дар дурии беш аз 3 километр аз сарҳади Қирғизистон, ҷойгир аст. Ҳукмиддин Маҳмудов, узви ин оила, мегӯяд, субҳи 16-уми сентябр як гулӯла ба ҳавлияшон афтоду онҳоро дар мотам нишонд ва аҳли деҳро ваҳшатзада кард.
“Модарам Мунаввархон Маҳмудова, 62-сола, ҷон бохтанд. Хоҳари 42-солаам Мақсадахон Маҳмудова ва ҷиянам, хонандаи синфи дувум Шукронахон Маҳмудова, захм бардоштанд. Дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҳастанд. Як ҷияни дигарам захми сабук бардошт, табибон ҷавоб доданд,” – нақл кард ӯ.
Ҳавлиҳои маҳаллаи марзии Дӯстӣ дар ҷамоати Чилгазии Исфара харобиҳои зиёд дидаанд. Сайфулло Мамадризоев, сокини Чилгазӣ, мегӯяд, “ягон ҳуҷҷат намонд, ҳамааш сӯхт. Пул, захира, ягон чиз намонд.”
Дар ҳавлии Сайфулло Мамадризоев 16 кас, аъзои чаҳор оила, зиндагӣ мекарданд. Дар пушти ҳавлии онҳо як деҳаи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҷойгир аст.
“Сарамро поин кардаму мошинро рондам. Модарам ва зану фарзанду набераҳоро савор кардам. Гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳоро гир. Ман гуфтам, не, як ё ду бор мепаронанду хомӯш мешавад. Натиҷа ин шуд,” – нақл кард Мамадризоев.
Дар ин ҳодиса чанд ҳуҷраи Мадамин Шаропов низ нобуд шудааст: “Вақте бо гранатомёт ба хонаи ман паронданд, бом аланга гирифт ва ҳамаро сӯзонд. Баъдтар омада нишонаҳои онро ёфтем.”
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ШӮРОБ
Аз ҷониби дигари марз, дар шаҳраки Шӯроби Исфара сокинон дучори ҳамлаву хисорот шудаанд. Ба нақли онҳо, чанд снаряд ба маркази шаҳрак афтодааст.
Ҳусниддин Мадусмонов, сокини Шӯроб, гуфт: “Соати тахминан 5-и бегоҳӣ. Дар назди ҳукумат будем. Ду тир омада зад. Яктоаш аз тарафи беморхона ва яктои дигараш ба ҳаминҷо. Инҷо, ҳавлии дорухона, пур аз чангу ғубор буд.”
“Аввал мисли овози ҳуштак буд ва баъд зарбаи сахт шуд. Ҳамин хел ҳис кардам, ки хонаи мо як бор ба аз ҷояш боло шуд ва боз поин фаромад. Оинаи ҳама хонаҳо сахт ҷунбиду баъзеаш шикаст. Дар хонаи ман ҳам се оина парид,” – идома дод Татяна Гниденко, сокини Шӯроб.
Дар гузашта ин минтақаҳои марзӣ дучори муноқиша нашуда будааст. Сокинонаш мегӯянд, бо ҳамсояҳояшон дар Қирғизистон муносибати хуб доштанд, вале кӣ ингуна ба ҷону моли онҳо ҳуҷум кард, аксарияташонро ба ҳайрат гузоштааст.
Ҳукмиддин Маҳмудов мегӯяд, “додарам дар марз зиндагӣ мекунад. Ҳамсояҳои хуб ҳастанд. Додугирифт доранд. Қирғизтоҷик гуфтанӣ гап набуд. Дар тарафи Чоркӯҳу Сурху Ворух нофаҳмиҳо мешуд, вале дар тарафи мо ин якумин ҳодисаест, ки рух дод. Ба тарафи халқи одӣ паронданд.”
“Вақте ягон маросим мекарданд, ҳамчун ҳамсоя моро ҷеғ мезаданд. Мо онҳоро даъват мекардем. Завҷаи ду ҳамсояам аз деҳаи мост. Инҳо дар ҳамин ҷо буданд, вале яку якбора ғайб заданд. Намедонам, онҳоро пешакӣ гурезонданд ё чизеро фаҳмониданд,” – гуфт Мадамин Шаропов, сокини Чилгазӣ.
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, 140 ҳазор касро аз деҳаҳои наздимарзӣ ба ҷойи дигар кӯчонданд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970-980 километр сарҳад доранд, аммо қисме аз онро таъийну нишонагузорӣ накардаанд. Баҳси тақсими обу чарогоҳ ва замин дар хати номуайяни марз солҳои охир боиси даргириҳои сахту хунбор мешуд.
Даргирии охир рӯзҳои 14-17-уми сентябр ва ба қавли мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон “дар тамоми хати марз” сурат гирифт.
Ду тараф якдигарро ба шурӯи ҷанҷол ва таҷовузи мусаллаҳона гунаҳкор карданду дар нишастҳои алоҳида осори даргириро ба намояндагони созмону кишварҳои хориҷӣ дар Душанбеву Бишкек намоиш доданд.