Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Содиқ Имомӣ, вазъиятро дар сарҳади кишвар бо Қирғизистон "мушкил" номид ва Қирғизистонро ба риоя накардани шартҳои оташбас айбдор кард.
Ӯ шоми 19-уми сентябр дар як мулоқоти кӯтоҳ бо намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байнулмилалии муқими Душанбе гуфт, Қирғизистон ба фарқ аз Тоҷикистон нерӯҳои изофӣ ва аслиҳаи сангинро дар наздикии марз нигоҳ медорад ва "ишораи омодагӣ ба амалҳои нави хушунатбор" аст.
Ба гуфтаи ӯ, як гуруҳи корӣ аз намояндагони ҳарду кишвар талош дорад, оромии вазъро назорат ва ҳифз кунад, аммо ҷониби Қирғизистон талош дорад, ин ҳайатро ба гумроҳӣ барад.
“Вақте маълумот дар бораи ин ё он гуруҳи низомӣ дар марз меравад, ҷониби Қирғизистон он нерӯҳоро ба ақиб мебарад. Бо ин рафтор ба комиссия иҷозат намедиҳад, ки вазъро баҳогузорӣ кунад. Ҳамин ки комиссия берун шуд, ин нерӯҳо дубора ба макони худ наздик оварда мешаванд. Мавҷудияти онҳо ҳеч шубҳаеро намегузорад, ки онҳо дар фикри хушунат ҳастанд. Мо ин ҳолатро қариб ки дар ҳама тӯли марз сабт мекунем,” - гуфт муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ.
Ин дар ҳолест, ки Бишкек баръакс мегӯяд, вазъи марз ба ҳолати одӣ бармегардад. Бар асоси созиш тарафҳо, бояд нерӯҳои изофиро аз марз бароранд ва барои таъмини субот дар минтақаи марзӣ ҳамкорӣ кунанд.
Об, Ворух ва дӯст ё душман?
Содиқ Имомӣ ҳамчунин гуфт, ҷониби Қирғизистон роҳҳои обро ба манотиқи Тоҷикистон, ки аллакай аз даргириҳо осеб дидаанд, мебандад. Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз созмон ва кишварҳои ҷаҳон хост, бе иҷозати Душанбе дар тарҳҳои идораи об дар манотиқи марзии Қирғизистон ширкат накунанд.
Дар робита ба сабабҳои муноқиша Содиқ Имомӣ ба дипломатҳои хориҷии муқими Душанбе чанд харитаеро нишон дод ва гуфт, ки бино бар онҳо, минтақаи Ворух ҳеч гоҳ ҷазирақаламрав ё бурунбум (эксклав) набуда, "роҳ ва манотиқи атрофи он хоки Тоҷикистон аст".
Ҷонишини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд, раҳбарияти Қирғизистон талош дорад, Тоҷикистонро ҳамчун таҷовузкор муаррифӣ карда, аз он барои аҳолии худ симои як душманро ба вуҷуд орад. Дипломати тоҷик афзуд, ин кор боиси азият дидани тоҷиктаборон дар Қирғизистон шудааст.
“Мо бо халқи қирғиз як аср нест, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ дорем ва бовар дорем, ки ин рӯзҳо ҳам мегузаранд. Мо дар ҳеч ҳолат бояд дар ҷомеаи худ аз халқи қирғиз як душман натарошем. Ин тамоман ғайриқобили қабул аст. Вале рақиби мо тамоман баръакси ин амал мекунад. Чанд соат қабл мо инро мушоҳида кардем, аз ҷумла дар Бишкек ва дигар шаҳрҳои бузурги Қирғизистон нисбати тоҷиктаборон хушунат раво дида мешавад, онҳоро азият медиҳанд. Илова бар ин, тоҷиктаборонро ба самти номаълум мебаранд. Бинед, ба чӣ оварда мерасонад вақте дар як маъракаи бадномкунӣ аз ҳамсояи худ душман метарошӣ,” -- гуфт муовини вазири корҳои хориҷӣ.
Посухи мақомоти Қирғизистон ба ин изҳорот ҳанӯз маълум нест. Вале як рӯз пеш низ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз он нигаронӣ кард, ки президенти Қирғизистон Содир Жапаров дар муроҷиатномаи худ нисбати Тоҷикистон калимаи “душман”-ро истифода бурд.
Намоиши харобиҳои минтақаҳои марзӣ
Содиқ Имомӣ рӯзи 19-уми сентябр ба дипломатҳои муқими Душанбе аксҳои харобиҳои минтақаҳои марзиро ҳам нишон дод ва аз амалкарди низомиёни Қирғизистон интиқод кард. Аз ҷумла, Имомӣ гуфт, нерӯҳои ҳамсоякишвар ба мактаб, масҷид, манзили сокинон ва дигар иншооти иҷтимоӣ ҳамла карда, боиси ҳалокати чандин сокини мулкӣ шуданд.
Ҷониби Қирғизистон айни ҳамин интиқодро дорад ва мегӯяд, низомиёни тоҷик ба деҳаҳои қирғизҳо даромада, мактаб ва дигар иншоотҳои иҷтимоиро харобу тасарруф карданд.
Дар пайи муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябр мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро ба тарҳрезӣ ва омодагӣ ба ин даргирӣ гунаҳкор мекунанд. Ҳарду тараф мегӯянд, барои исботи инки ҳамларо ҷониби дигар оғоз кардааст, факту далел доранд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 19-уми сентябр гуфт, ҳамлаи густурдаи иттилоотӣ алайҳи Тоҷикистон, кӯчондани 140 ҳазор аҳолии наздимарзӣ ва зиёд шудани теъдоди низомиён дар хати сарҳад далели он аст, ки Қирғизистон аз қабл ин муноқишаро тарҳрезӣ карда буд.
Мақомоти Қирғизистон низ мегӯянд, Тоҷикистон аз қабл нерӯҳои худро ба наздикии марз оварда, барои ҳамла ба хоки он кишвар омодагӣ дид. Мақомоти ҳарду кишвар якдигарро ба “таҷовузкорӣ” айбдор мекунанд.
Гуфтугӯ