Тарс аз "облава". Фармони ҷалби ҷавонон ба артиш имзо шуд

Маросими даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон аз моҳи октябр оғоз мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, фармони даъвати ҷавонон ба сафи артишро имзо кард, вале ҳамзамон аз бархе шаҳру навоҳӣ хабар мерасад, ки мақомот талоши бо зӯр ҷалб кардани ҷавононро доранд.

Рӯзи 3-юми сентябр президенти Тоҷикистон фармон дод, ҷавононе, ки мӯҳлати хидматашон ба охир расидааст, рухсат шаванд ва аз моҳи октябр то охири моҳи ноябр ҷавонони аз 18-сола боло ба артиш ҷалб шаванд.

Солҳост, ки дар маросими даъват ҳамзамон шикоят аз облава ё бо зӯр ҷалб кардани ҷавонон ба артиш садо медиҳад. Мақомоти вуҷуди “облава”-ро рад мекунанд, вале пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо наворе нашр шуд, ки нишон медиҳад, ҷавононро бо зӯр ба артиш мебаранд.

Як сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт рӯзи 2-уми сентбяр ба Радиои Озодӣ шикоят кард, ки падару модаронро фишор меоранд, то фарзандони муҳоҷирашонро барои ба артиш рафтан аз Русия ба Тоҷикистон даъват кунанд. Ӯ гуфт, даҳҳо падару модар чанд рӯз боз ба идораи ҷамоат даъват мешаванд ва аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ зери фишор қарор мегиранд.

“Фарзандони мо агар аз Русия биоянду ба хизмат раванд, моро кӣ мехуронад. Баъзеҳо як писарашон муҳоҷир аст ва зиндагиро ҳамон таъмин мекунад. Инҷо бачаҳои мансабдорон ба артиш намераванд, вале моро фишор меоранд, ки писаронамонро ба Тоҷикистон баргардонем. Онҳо пули билет сарф карда нав рафтаанд,”—гуфт ӯ.

Дар ҳукумати ноҳияи Рашт ин иддаоро рад карданд, вале гуфтанд, ки барои ҷалби ҷавонон ба артиш “корҳои таблиғотӣ” анҷом медиҳанд.

Дар гузашта низ аз дигар шаҳру навоҳии кишвар чунин шикоятҳо расида буд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон қонун дар бораи “Адои хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ” қабул шуд. Бисёриҳо онро “қонуни алтернативӣ” номиданд ва ба ин андеша буданд, ки ҳар нафаре хоҳад, бо супурдани маблағи муайян пурра аз хидмати ҳарбӣ озод мешавад ва мушкили ҷалби ҷавонон ба артиш низ аз байн хоҳад рафт. Зоҳиран, қабули ин қонун низ мушкилро ҳал накард.

Дар Тоҷикистон дар ду мавсим, баҳор ва тирамоҳ, ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват мекунанд. Мақомот ҳамасола гузориш медиҳанд, ки аксари ҷавонон ихтиёрӣ ба артиш рафтанд, вале шикоятҳо аз “облава” кам намешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Мақомоти тоҷик аз омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии артиш хабар додаанд Пешниҳоди ҷазо барои навори "сарбозшикор". Ҳадаф чист? ВИДЕОСамадова: "Тахминан 30%-и муроҷиат аз вайрон шудани қонуни даъват аст"Дилрабо Самадова: Хидмати алтернативӣ нест. Ҳам пул медиҳӣ, ҳам ба артиш меравӣ. ВИДЕОВазорат гуфт, ки чаро хабарнигорро дар Душанбе маҷбурӣ ба артиш бурданд. ВИДЕО