Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки барои пахши хабарҳои, ба гуфтаи онҳо, "дурӯғ" дар бораи шарту шароити хидмат дар артиш, аз ҷумла "сарбозшикор", ҷарима ё ҳабси маъмурӣ таъин шавад. Пешниҳоди онҳо ба порлумон рӯзи 12-уми июл расонаӣ шуд.
Мақомот ҳадафи тасмими худро пешгирӣ аз бадномшавии артиш номидаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ маҳдудияте барои бозтоби маъракаи муҳим донистанд.
Ҳар сол баробари оғози маъракаи даъват ба артиш наворҳои зиёде аз лаҳзаи "сарбозшикор" ё бо зӯр ба хидмат бурдани ҷавонон ва ҳамчунин зарбу лат ва марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ нашр мешавад.
Аксар рӯзноманигорон пешниҳоди ҷазоро василаи нави фишор ба хабарнигороне донистанд, ки ҳамасола "сарбозшикор" ва даъвати ҷавононро ба артиш бозтоб медиҳанд.
Ҳуқуқдон Музаффар Бобоҷонов мегӯяд, "ин як намуди маҳдудият барои ошкор намудани камбудҳо дар артиш аст." Ба қавли ӯ, "агар ин пешниҳод қабул шавад, он гоҳ дасти афроде, ки артишро бо “облава” пур мекунанд, дарозтар мешавад."
"Қонун шояд як муддат пахши чунин хабарҳоро дар расонаҳо камтар кунад, аммо овозаро дар шабакаҳои иҷтимоиро бештар мекунад. Пинҳонкорӣ бештар мешавад. Одамон бо ному насаби дигар чунин хабарҳоро нашру паҳн мекунанд," – шарҳ дод Муаззама Қодирова, ҳуқуқшиноси тоҷик.
Дар Тоҷикистон баҳору тирамоҳ ҷавонони аз ҳаждаҳсола то 27-соларо ба артиш мебаранд. Сокинон мегӯянд, ба сабаби вазъи бад ва зарбу лат дар қисмҳои низомӣ аз фиристодани фарзандон худдорӣ мекунанд. Мақомот мегӯянд, бараъкс, вазъ беҳтар шуда, сафи ихтиёриён афзудааст.