Як ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, баҳори имсол мавридҳои, ба қавли мақомот, “ихтиёрӣ” ба артиш рафтани донишҷӯён мушоҳида шудааст.
Айни замон, ба гуфтаи Дилрабо Самадова, мудири Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, чанд донишҷӯ аз Хуҷанд шикоят кардаанд, ки барои ариза навиштан маҷбур буданд.
Чанде аз онҳо гуфтаанд, ваъда шудааст, агар ба артиш бираванд, бе имтиҳон соли хонишро хатм хоҳанд кард.
Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн гуфт, даъвати баҳории хидмат дар артиш ба анҷом расиду нақша пурра иҷро шуд. Дилрабо Самадова мегӯяд, ҳарчанд созмонаш омори дақиқи шикоятҳоро аз “сарбозшикор” ҳисоб накардааст, бовар дорад, тахминан 30 дарсади муроҷиатҳо ба вайрон шудани қонуни даъват ба артиш рабт мегирад.
Баҳори имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори “облава”-и ҷавонон дар кӯчаву хиёбонҳои Тоҷикистон расонаӣ шуд. Самадова гуфт, ин сабтҳоро дар шикоятҳояшон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ матраҳ кардаанд, вале ҳанӯз посухе нагирифтаанд.