Нахустин урдугоҳ барои беҷошудагон ва паноҳҷӯёни эҳтимолӣ дар хоки Тоҷикистон ва дар наздикии марз бо Афғонистон сохта шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он рӯзи 1-уми сентябр мақомоти расмӣ ва намояндагони идораи паноҳҷӯёни Созмони Милал ҳузур доштанд.
Малугета Зевдӣ, раиси намояндагии UNHCR, гуфт, “Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон вазифаи мусоидатӣ ва ҷамъоварии маблағро ба уҳда дошт, ҳарчанд худаш 500 ҳазор доллар ҷудо кард. Барои пеш наовардани мушкил ба деҳаҳои атроф, дар ҳудуди урдугоҳ мактаб барои кӯдакон ва бунгоҳи тиббӣ низ сохта хоҳад шуд.”
Урдугоҳ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар 50-километрии марз бо Афғонистони ноором ҷойгир аст, ки паноҳҷӯёни зиёде мехоҳанд, аз онҷо ба Тоҷикистон ворид шаванд.
Пештар дар ин маҳал маркази тӯпхонаҳои зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷойгир буд.
Урдугоҳ дар масоҳати беш аз як гектар аст ва хаймаҳои он метавонад, барои 20-нафарӣ сарпаноҳ бошад. Дар марҳилаи аввал барои 500 нафар пешбинӣ шудааст ва шояд дар оянда бузургтар шавад.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, гуфт, “сохтмони урдугоҳ соли гузашта пас аз фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ шуда буд. Ҳоло дар ин урдугоҳ то 500 нафар метавонанд, зиндагӣ кунанд. Аммо, бо дарёфти ёриҳои ҳукумати Ҷопон, шароити зиндагӣ барои як ҳазор нафар таъмин хоҳад шуд.”
Тоҷикистонро дар гузашта барои қабул накардани паноҳҷӯёни афғон, ки аз ҷангу хунрезӣ ва аз тарси Толибон гурехта буданд, танқид кардаанд.
Ҳукумат мегӯяд, ки тавоноии сарпаноҳ додан ба фирориёнро надорад.
Урдугоҳ барои беҷошудагон ва паноҳҷӯёни эҳтимолӣ дар Тоҷикистон баъд аз чанд рӯзи интиқоди Созмони Милал боз шуд, ки гуфт, ҳукумат як хонаводаи паноҳҷӯи афғонро бар хилофи аҳдномаҳои байнулмилалии худ ба Афғонистон фиристода, ҷони онҳоро дар хатар гузоштааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: СММ Тоҷикистонро барои рондани паноҳҷӯён ба Афғонистон танқид кардМанобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, дар як ҳафтаи охир тақрибан даҳ паноҳҷӯи афғон аз Тоҷикистон ба қаламрави зери назорати Толибон ронда шуданд. Дар Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ҳастанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ихроҷ ба қаламрави Толибон паноҳҷӯёни афғонро дар Тоҷикистон тарсондааст. ВИДЕО