Созмони Милал аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, аз мақомот хостааст, ба ин кор поён диҳанд. Мақомот ба масъалаи ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ва изҳороти СММ вокуниш накарданд. Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, давоми як ҳафтаи охир 9 шаҳрванди Афғонистон аз Тоҷикистон ронда шуданд.
Комиссариати олии Созмони Милал рӯзи 25-уми август дар изҳороте ҳушдор дод, ки маҷбурӣ ба кишварашон баргардондани афроде, ки аз таъқиб фирор кардаанд, "ғайриқонунӣ буда, ҷони онҳоро зери хатар мегузорад."
Дар изҳороти Комиссариати олии СММ омадааст, бо вуҷуди дахолати онҳо рӯзи 23-юми август панҷ узви як хонавода, аз ҷумла се кӯдак ва модари онҳо ба Афғонистон баргардонда шуданд. "Бозгашти маҷбурии гурезаҳо хилофи қонун аст ва бархилофи ҳуқуқи байнулмилалии паноҳандагон аст,” -- омадааст дар изҳороти Комиссариати олии Созмони Милал.
Масъулони ин ниҳоди Созмони Милал мушаххасан нагуфтаанд, ки ҳафтаи охир чанд нафар аз паноҳандагони афғонистонӣ ба кишварашон бозпас гардонда шуданд. Манобеи Озодӣ аз ихроҷи 9 шаҳрванди Афғонистон хабар доданд, вале гуфтанд, ин теъдод метавонад зиёдтар бошад.
Пайвандони баъзе аз муҳоҷирон иддао карданд, ки баъзе онҳо корти паноҳандагии Созмони Милалро доштанд. Дар изҳороти Комиссариати олии СММ мушаххасан наомадааст, ки чанд шахси ихроҷшуда мақоми паноҳандагӣ доштанд.
Элизабет Тан, як масъули Комиссариати олии Созмони Милал гуфтааст, "Тоҷикистон бояд боздошт ва ихроҷи гурезаҳоро бас кунад, зеро ин амал ба таври возеҳ ҷони онҳоро дар хатар мегузорад.”
Бо вуҷуди нигаронии садҳо паноҳандаи афғонистонӣ дар Тоҷикистон, мақомот дар ин масъала изҳори назар накардаанд. Танҳо масъулони Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 24-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз оғози сол нисбати 32 шаҳрванди Афғонистон ба хотири нақзи қоидаи будубош санад тартиб додаанд. Масъулони ВКД ихроҷи шаҳрвандони Афғонистонро рад карданд.
Масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ то ҳол берун кардани муҳоҷирони афғонро шарҳ надодаанд. Кӯшишҳои мо барои суҳбат бо муҳоҷирони афғон, ки ҳафтаи охир аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд, бенатиҷа буд.
Комиссариати олии Созмони Милал дар умури гурезагон дар изҳороташ гуфтааст, аз соли 2021 ба ин тараф “ҳодисаҳои зиёди боздошти гурезаҳо, баргардондани маҷбурӣ ва ба кишвар роҳ надодани шахсони ба ҳимояти банулмиллалӣ ниёз доштаро сабт кардааст.”
Дар изҳороти ин ниҳоди зертобеи СММ омадааст, афғонҳое, ки ҷонашон дар хатар аст, бояд ба ҳимоя ва раванди одилонаи дарёфти паноҳандагӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ дошта бошанд. Маҷбуран бозгардондани онҳо ба кишварашон ба гуфтаи масъулони Комиссариати олии СММ, ҷони онҳоро дар хатар мегузорад ва мухолифи санадҳои байнулмилалӣ аст.
"Мо пайваста аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунем, ба онҳое, ки аз даргириҳо ва таъқибот аз Афғонистон фирор кардаанд, иҷозаи вуруд ба кишварро диҳанд ва ҳамагуна ихроҷи минбаъдаро қатъ кунанд", - гуфтааст Элизабет Тан, корманди Комиссариати СММ оид ба гурезагон.
Хабари ихроҷи гуруҳе аз муҳоҷирони афғон дигар паноҳандагонро нигарон кардааст. Чанде аз гурезаҳои афғон дар Фейсбук навиштаанд, аз тарси ихроҷ нашудан аз хона берун намешаванд.
Тоҷикистон мизбони беш аз 10 ҳазор муҳоҷир аз Афғонистон аст. Паноҳандагон мегӯянд, барои ҳамеша ба Тоҷикистон наомадаанд ва талош мекунанд, ба Канада ё ягон кишвари аврупоӣ раванд. Дар як соли охир наздик ба 4 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба кишвари сеюм рафтаанд.
Гуфтугӯ