Ихроҷи пайиҳами чанд муҳоҷири афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистони зери назорати Толибон паноҳҷӯёни дигарро нигарон кардааст. Аксари онҳо талош мекунанд, дар кӯчаву бозор зиёд нагарданд, зеро метарсанд, ки боздошт ва ба Афғонистон фиристода мешаванд. Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, муҳоҷирони ихроҷшуда фурсат наёфтанд, ба додгоҳ шикоят баранд.
“Ду ҳамсояи моро бурданд”
Рӯзи 30-юми август ягон муҳоҷири афғонистонӣ ҳозир нашуд, дар масаъалаи ихроҷ аз Тоҷикистон дар назди дурбин суҳбат кунад. Онҳо метарсанд, ки суҳбат бо расонаҳо барояшон мушкилӣ меорад. Ҳамзамон ба камияш чор паноҳанда дар суҳбати бидуни сабт тасдиқ карданд, ки ду ҳафтаи охир чанд муҳоҷири афғонистонӣ аз Тоҷикистон ронда шудаанд.
Яке аз паноҳандагон бидуни зикри ном гуфт, “дирӯз ду ҳамсояи моро бурданд ва аз марз он тараф карданд. Сабабашро касе нагуфт, ба пурсидан ҷуръат накардем.”
Дар аксар дӯкону мағоза ва ошхонаҳо дар маркази шаҳри Ваҳдат, наздикии Душанбе, қаблан паноҳандагони афғонистонӣ кор мекарданд. Рӯзи 30-юми август тақрибан дари ҳамаи онҳо баста буд. Баъзе аз паноҳандагони афғонистонӣ мегӯянд, бе ин ҳам зиндагияшон дар Тоҷикистон мушкил буд ва масъалаи ихроҷ барояшон дарди сари нав шуд.
Нусратулло, як паноҳандаи 70-сола, гуфт, чаҳор сол боз дар Тоҷикистон аст ва сарнавишти ояндааш норӯшан. “Кобул бадбахт шуд, ҷангу ҷӯш буд. Мисли ман шахсоне зиёданд, ки ба инҷо омадаанд. Дар Тоҷикистон кор ёфтан бисёр мушкил аст. Мардум бисёр парешон аст, ба Худо,” – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Видеоро дар инҷо бинед:
Манбаъ: яке аз ихроҷшудагон корти СММ-ро дошт
Тибқи иттилои манобеи Радиои Озодӣ аз 19-уми август то ҳоло бештар аз 10 ва дар як соли охир 74 паноҳҷӯйи афғонистонӣ ба ватанашон ронда шудаанд. Наздикони баъзе аз муҳоҷирон иддао карданд, ки онҳо корти паноҳандагии Созмони Милалро доштанд ва бар асоси санадҳои байнулмилалӣ ихроҷи онҳо ғайриқонунӣ аст.
Комиссариати олии Созмони Милал рӯзи 25-уми август бо пахши изҳороте аз ихроҷи чанд муҳоҷири афғонистонӣ, аз ҷумла се кӯдак, нигаронӣ карда, гуфт, маҷбуран ба кишварашон бозгардондани афроде, ки аз таъқиб фирор кардаанд, "ғайриқонунӣ буда, ҷони онҳоро зери хатар мегузорад."
Масъулони Комиссариат намегӯянд, ки дар миёни муҳоҷирони ихроҷшудаи афғонистонӣ чанд нафарашон корти паноҳандагии СММ-ро доштанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ маълум карданд, ки дар байни муҳоҷирони то ин дам ихроҷшуда танҳо як кас паноҳҷӯе буд, ки корти гурезагии Созмони Милларо дошт.
Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, муҳоҷирони дигари ихроҷшуда аз тарафи давлати Тоҷикистон санад доштанд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, бар асоси қонунҳои байналхалқӣ маҷбуран фиристодани шахс ба кишваре, ки ҷонаш дар хатар аст, мумкин нест.
“Муҳоҷирон фурсат наёфтанд ба додгоҳ шикоят баранд”
Бо гузашти қариб ду ҳафта аз ихроҷи беш аз 10 муҳоҷири афғонистонӣ, мақомот дар ин замина ягон шарҳе надодаанд.
Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки қариб дар ҳама ҳолатҳои ихроҷ гурезагон ва паноҳҷӯёни афғонистонӣ пеш аз иҷрои ҳукм ба ҳабси кӯтоҳмуддат бурда шудаанд. “Ҳеч кадоме аз онҳо дар бораи қарори ихроҷ пешакӣ огоҳ карда нашудаанд, бинобар ин, натавонистанд шикоят кунанд ва мурофиаи додгоҳии лозимиро гузаранд,” -- афзуд як манбаи огоҳ аз масъала.
Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо то ба сари қудрат омадани Толибон ба Тоҷикистон омадаанд. Моҳи августи соли гузашта баъди тасарруфи Афғонистон аз тарафи Толибон, Тоҷикистон марзҳои худро ба рӯи ҳамсояи худ баст ва дигар паноҳандагон натавонистанд ба кишвар ворид шаванд.
Гуфтугӯ