Толибон, Ғанӣ, ИМА. Назари се ҷониб дар бораи суқути Кобул. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Назарҳои мухталифи симоҳои калидии Афғонистон дар бораи интиқоли қудрат ба Толибон

Бо гузашти як сол аз бозгашти Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон ва суқути Кобул, суоли аслӣ ҳамоно беҷавоб боқӣ мондааст.

Чӣ воқеа рух дод ё чаро ин тавр шуд? Се бозигарӣ калидии ҳодисаҳои Афғонистон, Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико, Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ва президенти фирорӣ, Ашраф Ғанӣ дар ин бора назарҳои гуногун доранд.

Соле пеш, дар ин шабу рӯз, Толибон пайиҳам чандин вилояти Афғонистонро тасарруф карданд. Мардум ҳаросон дар Кобул ба хиёбонҳо рехта буданд ва ҷойи амн меҷустанд. Артиши Афғонистон аз ҳам пошида буд. Мақомоти Амрико ва ҳукумати Афғонистон ҳанӯз ба созиш ва гуфтушунид бо Толибон умед доштанд.

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи пешини Амрико, барои сулҳи Афғонистон мегӯяд, қарор буд, рӯзҳои 14-15 уми август як ҳайат дар Доҳа, пойтахти Қатар, сари мизи гуфтушунид нишинанд. “Мувофиқа шуд, ки як ҳайати олирутба аз тарафи ҳукумати Афғонистон бо шумули оғои Карзай ва доктор Абдулло ба Доҳа биёянд, ва сари як ҳукумате, ки дар он аносири ду тараф ҷой дошта бошад, гуфтугӯ кунанд ва интиқоли ҳукумати пешин ба ҳукумати нав сурат бигирад.”

Рӯзи 14-уми уми август, Мазори Шариф ва рӯзи 15-уми август Ҷалолобод ба дасти Толибон суқут кард. Бо тасарруф шудани минтақаҳои муҳими Афғонистон, вазъ дар ин кишвар печидатар шуд. Ашраф Ғанӣ, ки он замон президенти ин кишвар буд, дар охирин мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, гуфтушунид идома дошт, вале баробари расидани аввалин хабарҳо дар бораи вориди шудани Толибон ба шаҳр, мардум роҳи фурудгоҳро пеш гирифтанд. Ҳама мехост фирор кунад.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Ҳукумати Толибон мегӯяд, онҳо танҳо пас аз шурӯи бебандуборӣ дар Кобул вориди ин шаҳр шуданд.

“24-и асад буд. Субҳ як эъломия пахш кардем, ки як субот бошад. Вале баъд аз нисфи рӯз мо огоҳ шудем, ки дар шаҳри Кобул, ғоратгарӣ оғоз шуда, зиндонҳо аз ҳам шикастанд. Баъзе аз афроди номатлуб силоҳ ба даст оварданд ва зиндагии мардум, бонку дуконҳо дар хатар қарор гирифтаанд. Баъд аз нисфи рӯз мо тасмим гирифтем, ки ногузир бояд дохили Кобул шавем,”—гуфт ӯ.

Баъд аз нисфирӯзии 15 -уми август Ашраф Ғанӣ бо чархбол аз шаҳр фирор кард.

Замай Халилзод, намояндаи вижаи пешини Амрико барои сулҳи Афғонистон, мегӯяд, ин савол то ҳанӯз норӯшан аст, ки чаро Ашраф Ғанӣ он лаҳза фирор кард. Ӯ гуфт: “Ин ки чаро доктор Ашраф Ғанӣ рафт, ба ҷойи мувофиқаро амалӣ кунад ва бо ҳайат биёяд. Ин як саволест, норӯшан. Мегӯянд, шояд эҳсоси хатар дошт ба худ. Агар дошт, чаро тақозои кӯмак накард? Мешуд, ки агар тақозои кӯмак мекард, сари он фикр мекарданд. Саволи муҳимтар ин аст, ки чаро қувваҳо пароканда шуданд? Чаро ҷанг накарданд?”

Зимни мусоҳиба бо як шабакаи телевизионӣ, рӯзи 10 уми августи имсол, Ғанӣ баръакс, Залмай Халилзод ва дигар мақомоти амрикоиро барои имзои созиш бо Толибон айбдор кард. Манзури ӯ созишномаи моҳи феврали соли 2020- ум буд, ки дар он ИМА бо Толибон барои берун бурдани нерӯҳои амрикоӣ аз Кобул дар Қатар созиш карда буданд.

Ба ин тартиб, бо гузашти як сол аз тасарруфи Кобул ва омадани Толибон ҳамоно саволҳои зиёде дар бораи вазъи Афғонистон беҷавобанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҷабҳаи Муқовимат эълон кард, ки мубориза бо Толибонро идома медиҳад"Нон, кор, озодӣ." Толибон бо тирандозӣ занонро пароканда кардандКӯдаки 1,5-сола, бе волидайн, чӣ тавр то Амрико расид? ВИДЕОҚатли Раҳимулло Ҳаққонӣ дар ҳамла ба мадрасааш дар Кобул Ашраф Ғанӣ: "Тибқи Қонуни асосии Афғонистон ман президентам""Бо номи ҷиҳод занонро куштанд, парчамашонро намебардорам." ВИДЕОСаҳар аз Афғонистон гурехт ва дар Тоҷикистон мактаб хонд. ВИДЕО