Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нон, кор, озодӣ." Толибон бо тирандозӣ занонро пароканда карданд


Занони афғонистонӣ соле боз зидди Толибон эътироз мекунанд.
Занони афғонистонӣ соле боз зидди Толибон эътироз мекунанд.

Ҷангҷӯёни Толибон тазоҳуроти осоиштаи занонро дар Кобул, ки бо шиори “нон, кор, озодӣ” ба хиёбон баромада буданд, бо тирандозӣ ба ҳаво ва латукӯби эътирозгарон пароканда карданд.

Ҳудуди 40 зан рӯзи 13-уми август дар назди бинои Вазорати маорифи Афғонистон раҳпаймоӣ карданд.

Дар аксу наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки ҷангҷӯёни Толибон тир мепарронанд ва ба занон ҳамла мекунанд. Ҳангоми фирор Толибон занонро думболагирӣ кардаанд ва бархеро бо дастаи автомат латукӯб кардаанд.

Анҷумани рӯзноманигорони мустақили Афғонистон хабар дод, ки Толибон се хабарнигори хориҷӣ ва як хабарнигори маҳалиро барои пӯшиши тазоҳурот боздошт кардаанд. Ду хабарнигори дигари маҳаллӣ аз зарби Толибон захмӣ шудаанд.

Ҳуҷатуллоҳ Муҷадидӣ, як узви Анҷумани рӯзноманигорон дар Кобул ба хабаргузориҳои хориҷӣ гуфтааст, ки хабарнигорони хориҷии боздоштшуда аз Олмон, Дания ва Норвегия будаанд.

Созмони Афви Байналмилал аз гузоришҳо дар бораи истифодаи "нирӯи аз ҳад зиёд"-и Толибон барои пароканда кардани эътирози занон нигаронӣ кард. Ин созмон дар Твиттер навиштааст, ки занҳо "ба таври осоишта эътироз карда, ҳуқуқи инсонии худро талаб мекарданд."

Дар наворе, ки гуфта мешавад аз ин раҳпаймоӣ гирифта шудааст, дида мешавад, занон бо талаби ҳуқуқи кор ва ҳузури сиёсӣ доштан дар ҷомеа шиор медиҳанд ва раҳпаймоӣ мекунанд.

Аксари эътирозгарон он либосе, ки Толибон аз занон мехоҳанд бипӯшанд, надоштанд.

Дар яке аз шиори дасти занон навишта шудааст, ки "15-уми август рӯзи сиёҳ аст." Дар ин рӯз, як сол пеш, Толибон Афғонистонро тасарруф крада буданд.

Ҳукумати Толибон ҳуқуқи занон ба кору таҳсилро маҳдуд намуда, ба духтарон иҷозаи таҳсил дар мактабҳоро намедиҳанд. Занон низ ҳақ надоранд, ки кор кунанд. Ҳамзамон, бар асоси қонунҳои ҳукумати Толибон, занон бояд чеҳраи худро комилан пушонанд ва бе ҳамроҳии мард ҳақи ба хиёбон баромадан надоранд.

Ҳукумати Толибонро то кунун ҳеҷ кишвари дунё ба расмият нашинохтааст. Шарти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон ин аст, ки ҳукумати фарогир ташкил кунанд ва ба занону духтарон иҷозаи кору таҳсил бидиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG