Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдаки 1,5-сола, бе волидайн, чӣ тавр то Амрико расид? ВИДЕО


Тифле, ки бо низомиёни хориҷӣ Кобулро тарк кард, бо модараш дар Амрико мунтазири падар аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Тифле, ки бо низомиёни хориҷӣ Кобулро тарк кард, бо модараш дар Амрико мунтазири падар аст.

Кӯдаки афғонистоние, ки соле пеш ҳангоми фирори дастаҷамъии сокинон аз Кобул, тасодуфан бо ҳавопаймое бидуни волидон, ба хориҷи кишвар бурда шуд, ҳоло боғча меравад.

Он замон ӯ 1,5-сола буд ва ҳоло 2.5-сола шудааст.

Дидор пас аз 40 рӯз

Баъди беш аз 40 рӯзи дурӣ аз тифлаш модари кӯдак дар Амрико ба дидори ҳам расиданд. Модари ҷавон хуҳшол аст, ки кӯдаконашро дар ин кишвар бузург мекунад, аммо ӯро сарнавишти падари фарзандонаш, ки дар Афғонистон мондааст, нигарон кардааст.

Воҳида Ализодаи 20-сола ва ду тифли ӯ, Илёси 5-солаву, Фарзоди 2,5- сола соли гузашта Афғонистонро тарк карданд. Онҳо ҳоло дар Иёлоти Вирҷинияи Амрико зиндагӣ доранд. Дар рӯзҳое, ки фурудгоҳи Кобул пуриздиҳом буд, волидони Фарзоди хӯрдсол барои дар зери по намондан тифлашонро ба дасти сарбозони хориҷӣ доданд. Вақте худашон вориди фурудгоҳ шуданд, дигар кӯдаку сарбозро наёфтанд.

Фарзодро танҳо ба Норвегия фиристоданд ва танҳо пас аз якуним моҳ модар тавонист тифлашро ба оғӯш гирад.

Воҳида Ализода, модари ин тифл мегӯяд, “Фарзод, ки 43 рӯз аз ман ҷудо буд, ҳоло ба боғчаи кӯдакона меравад. Ба хондани “Алифбо” шурӯъ кардааст.”

Падари Фарзод пеш аз парвози ҳавопаймо барои ҷустуҷӯи фарзандаш аз фурудгоҳ берун шуд ва дар Афғонистон монд.

Танҳову бесарнавишт...

Дар муроҷиати худ падари Фарзод, ки намехоҳад шахсияташ муаррифӣ шавад, аз ҳукумати Амрико хост, ба ӯ барои пайвастан бо зану фарзандонаш кӯмак кунанд. “Як сол боз оилаи ман дар Амрико зиндагӣ дорад ва ман дар Афғонистон танҳову бо сарнавишти номуайян мондаам. Ман аз ҳукумати Амрико мехоҳам ба мушкилӣ ман расидагӣ кунанд,”—гуфт ӯ.

Воҳида ҳам, ки таълиму тарбияи ду кӯдакро ҳоло ба танҳоӣ ба душ дорад, аз сарнавишти шавҳараш нигарон аст. “Аз омадани мо ба ин ҷо 10 моҳ гузашт. Вале шавҳари ман ҳамоно омада наметавонад. Ин маро нороҳат мекунад.”

Бо ин вуҷуд ин зани ҷавон талош дорад, зиндагии худ ва ду кӯдакашро дар кишвари дигар бисозад. “Ҳоло ман озод ҳастам. Кор мекунам, ҷойи зист дорам, фарзандонам боғча мераванд. Ман хушбахтам, ки онҳо хатту савод меомӯзанд. Ин маро бисёр хушҳол мекунад,”—гуфт Воҳида Ализода, модари Фарзод.

Хушҳолӣ ва нигаронӣ аз оянда

Воҳида ин ҷо дӯстони зиёд пайдо кардааст, онҳо ба ӯ кӯмак мекунанд ва намегузоранд, ки худро дар ҷойи бегона тасаввур кунад. Ин зани афғон ҳамоно дар бораи сарнавишти ояндаи Афғонистону атфоли кишвараш фикр мекунад. “Ман мехоҳам, ки вазъ дар Афғонистон беҳтар шавад, то кӯдакон, махсусан духтарон, мисли ин ҷо соҳиби маълумот шаванд ва мактаб раванд,”—гуфт ӯ.

Бо сари қудрат омадани Толибон, зиндагии занону духтарон дар Афғонистон мушкил шуд. Онҳо акнун наметавонанд озод ва бидуни ҳамроҳии мард ба берун бароянд ва кору таҳсил кунанд. Воҳида хушҳол аст, ки ӯ дар он низом зиндагӣ надорад, вале Фарзоду Илёси хурдсол ҳамоно чашм ба роҳи падар ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG