Сарбозони украинӣ мегӯянд, корбурди системаи мушакии автоматии Буревий ё Бӯронӣ, ки намуди навшудаи силоҳи "Ураган"-и замони шӯравист, "натиҷаи калон" медиҳад.
Ин шабакаи мушакӣ акнун дар мошини боркаши тамғаи "Tatra"-и сохти Чехия насб мешавад. "Tatra", ба гуфтаи сарбозони украинӣ, барои ҳаракати тез ва истифода дар бероҳаҳо имконияти зиёд медиҳад.
Буревий 16 мил дорад ва айни мушакроеро истифода мекунад, ки "Ураган" дорад. Мушакҳои маъмулии "Ураган" ҳадафи воқеъ дар 35 километрро зарба мезананд. Аммо он ҳамчунин метавонад мушакҳои нави украиниро то ба 65 километр расонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ваъдаи 1,5 миллиард евро кӯмаки низомии ғарб ба УкраинаЗеленский аз мақомоти украинӣ хост, ки ҷузъиёти нақшаҳои низомиро фош накунанд Ҷасади тоҷике, ки дар ҷанги Украина ширкат дошт, ба ватан интиқол ёфтШумораи шаҳрвандони Украина, ки кишварашонро тарк кардаанд ба "10 млн нафар" расид