Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи шаҳрвандони Украина, ки кишварашонро тарк кардаанд ба "10 млн нафар" расид


Марзи Украина ва Лаҳистон.
Марзи Украина ва Лаҳистон.

Тибқи тозатарин гузориши Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар 24-уми феврали соли ҷорӣ, беш аз 10 миллиону 500 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар аз марзҳои мухталиф аз кишварашон берун рафтаанд.

Хуруҷи беш аз даҳ миллион нафар аз як кишвари аврупоӣ дар таърихи ин қора дар даҳаҳои ахир бесобиқа будааст.

Бештари ин афрод дар кишварҳои ҳамсояи Украина -- Лаҳистон, Руминия, Маҷористон, Молдова ва Словакия ҷобаҷо шудаанд ва чандин миллион нафар ҳам ба кишварҳои дигари аврупоӣ, Амрико ва Канада рафтаанд.

Ҳудуди се моҳ пас аз оғози ҷанг ва хуруҷи нерӯҳои Русия аз Киев ва минтақаҳои атрофи он, даҳҳо ҳазор нафар аз паноҳҷӯён ба кишварашон баргаштанд, вале бештари онҳо дар интизори поёни ҷанг ҳастанд.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард. То кунун бар асари ин ҷанг ҳазорон нафар аз ду ҷониб кушта шудаанд.

Мутахассисони СММ аз он нигарон ҳастанд, ки дар пайи ҷанги беасоси Русия дар хоки Украина шумораи мардуми беҷошуда аз замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба сатҳи бесобиқа баланд афзоиш ёфт ва ба мушкили бе ин ҳам сахти муҳоҷират афзуд.

XS
SM
MD
LG