Владимир Зеленский дар ҳоле сӯҳбат мекард, ки шубҳаву гумонҳо дар бораи сабабҳои як силсила таркишҳо болои пойгоҳи ҳавоии Русия дар минтақаи ишғолшудаи Қрим боло мегирад. Дар паи ин таркишҳо дасти кам ҳашт ҳавопаймои ҷангии русӣ нобуд карда шуд ва ҳам русиягиҳои истироҳаткунанда дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳи нимҷазираи Қримро ҳаросон кард.
Бар асоси аксу наворҳои маҳвораӣ, дар фурудгоҳи ҳавоии Саки дар шаҳри ғарбии Новофедоровкаи Қрим харобиҳои зиёде мушоҳида мешавад. Русия тахмин кард, ки ин ҳодиса дар натиҷаи бепарвоӣ рух додааст. Вале мақомоти беноми украинӣ дар сӯҳбат бо нашрияҳои амрикоӣ гуфтанд, ки ин кори дасти нирӯҳои украинӣ буд.
Зеленский дар суханронии шабонгоҳиаш 11-уми август гуфт, “ҷанг ба ҳеҷ сурат фурсати ғурур ё изҳороти баланд нест”. Ӯ афзуд, “шумо ҳар қадар камтар дар бораи ҷузъиёти нақшаҳои дифоии мо сӯҳбат кунед, ҳамон қадар барои иҷро шудани ин нақшаҳо кӯмак мешавад”. Зеленский дар идома гуфт, “агар шумо бихоҳед, ки хабарсоз шавед, гапи дигар аст, вале ростӣ, ин бемасъулиятӣ аст”. “Агар шумо хоҳони пирӯзии Украина ҳастед, чизи дигар аст ва шумо бояд дар бораи масъулият барои ҳар як калимае андешед, ки дар бораи нақшаҳои ҳукумат дар самти дифоъ ё муқовимат хабар медиҳад”.
Дар як навиштааш дар Фейсбук Ҳанна Маляр, муовини вазири дифои Украина гуфт, ки хадамоти амният ҳоло хабарро таҳқиқ мекунад, ки оё ба матбуот дар бораи таркишҳо кӣ метавонист хабар диҳад. Ӯ гуфт, ки “берун рафтани хабар дар бораи нақшаҳои қувваҳои мусаллаҳои Украина барои душман дастак мешавад, то ки хабарро ба муқобили мо истифода кунад”.
Дар таҳаввулоти дигар Туркия гуфт, ки рӯзи 11 август аз соҳилҳои украинии Баҳри Сиёҳ ду киштии дигаре ҳаракат кард ва то ҳол бар асоси созише, ки таҳти сарпарастии СММ ҳосил шудааст, 14 киштӣ бо ғаллаву дигар маҳсулоти кишоварзии украинӣ аз ин кишвар берун шуд.
Созиши содироти ғаллаву донагӣ аз Украинаи дар ҳоли ҷанг рӯзи 22 июл дар Туркия имзо шуд. Ин қарор барои содироти 22 миллион тонна ҷувориву ғаллаи истеҳсоли Украина роҳ кушод. Украина истеҳсолкунандаи азими ғалладонаву ҷуворимакка аст ва ҳуҷуми беасоси Русия ба ин кишвар дар моҳи феврали имсол боиси эҷоди бӯҳрони ғизо дар сайёра шуд.
Гуфтугӯ