Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади тоҷике, ки дар ҷанги Украина ширкат дошт, ба ватан интиқол ёфт


Меҳрубон Амонов афсари артиши Русия буд.
Меҳрубон Амонов афсари артиши Русия буд.

Ҷасади афсари тоҷиктабори артиши Русия, ки пас аз бозгашт аз ҷанг дар Украина, дар садамае фавтид, ба Душанбе интиқол дода шуд.

Меҳрубон Амонови 22-сола, зодаи шаҳри Конибодоми Суғд, рӯзи 6-уми август, ҳамроҳ бо холааш, Нигина Шароповаи 44­-сола, дар садамае дар ҳудуди вилояти Иркутск ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти Тоҷикистон ва Русия ширкати тоҷикон дар ҷанги Русия бо Украинаро тасдиқ намекунанд, вале пас аз марг ё кушта шудан номи беш аз 20 нафари онҳо расонаӣ шудааст.

Пайвандони Меҳрубон Амонов гуфтанд, ки бар асоси қарордод пас аз панҷ моҳи ҷанг ин афсар ва садҳо ҳамроҳашро ба истироҳати муваққатӣ фиристода буданд.

“Гуфтаанд, ки равед, як моҳ истироҳат кунед ва дубора ба ҷанг баргардед. Меҳрубон як ҳафта аз истироҳаташ гузашта буд,”—гуфт ӯ.

Таҳқиқоти расонаҳои мустақил нишон додааст, ки мисли Меҳрубон даҳҳо ҷавони тоҷик дар ҷанги Украина аз ҷониби Русия ширкат доранд. Танҳо пас аз марг хабари ширкати шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар расонаҳо пайдо мешавад. Русия ҳам моҳҳо боз теъдоди сарбозони кушташудааш дар Украинаро эълон намекунад. Охири моҳи июл дар таҳқиқоте ББС кушта шудани беш аз 4 ҳазор сарбозу афсари русро ошкор карда буд.

Русия рӯзи 24-уми феврал бесабаб ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг ҳазорон нафар куштаву миллионҳо нафар фирорӣ шуданд. Ҳоло хабарҳое нашр мешаванд, ки Русия шаҳрвандони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷиконро ба ҷанг ҷалб мекунад.

XS
SM
MD
LG