Майдоне, ки президент боз карда буд, хароб шудааст. ВИДЕО

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, даҳ моҳ пеш ба ноҳияи Мӯъминобод сафар карда буд.

"Майдони парчам", ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, даҳ моҳ пеш дар ноҳияи Мӯъминобод боз карда буд, ба партовгоҳ табдил ёфтааст.

Шаш моҳ пеш Радиои Озодӣ аз вайрон шудани ороиш ва фурӯ нишастани замини ин майдон гузориш дода буд. Мақомоти маҳаллӣ дар нишасти хабарии ду ҳафта пеш гуфтанд, он камбудиро ислоҳ кардаанд, вале хабарнигори Радиои Озодӣ шоҳид шуд, ки чизе тағйир накардааст.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оё воқеан Майдони парчами миллӣ дар ноҳияи Мӯъминобод тармиму бозсозӣ шудааст?

Саъдӣ Баротов, сардори шуъбаи сохтумонии ноҳияи Мӯъминобод гуфт, ки дар ҳақиқат пас аз бозшавӣ қисме аз майдон хароб шуда буд, вале онро дубора бозсозӣ карданд.

Ҳангоми наворбардорӣ баръакси гуфтаҳои мақомдоронро дидем. Дарахтон дар ин майдон хушкида ва атрофи он пур аз партов буд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, баъди гузориш мақомот намоишкорона дар пайи ислоҳи вазъ шуданд, вале корро то охир давом надоданд.

Раиси ноҳия дар нишасти хабарии шаш моҳи пешаш гуфта буд, ки комиссияи ҳукуматӣ "Майдони парчам"-ро расман қабул накардааст. Лутфия Шарифзода, раиси ноҳияи Муъминобод гуфта буд, ки "корҳои сохтмоние, ки ба анҷом мерасанд, як сол меистад, бояд боронро бубинад, барфро бубинад, шиштан дорад, баъд баррасӣ мешавад."

Маълум нест, ки чаро бо вуҷуди расман қабул нашудани сохтмон онро президенти Тоҷикистон ҳамчун сохтмони ба анҷом расида, ба истифода додааст.

Пас аз баҳси ин мавзӯъ дар нишасти матбуотӣ мақомот дубора дар пайи ислоҳи камбудиҳо шуданд.

Пояи Парчами ноҳияи Мӯъминобод 45 метр дарозӣ дорад. Дар ҳукумати Муъминобод дақиқ намегӯянд, ки барои сохтмонаш чӣ қадар маблағ сарф шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, пайваста ба минтақаҳо сафар мекунад ва дар расми ифтитоҳи иншооти хурду бузург иштирок мекунад. Дар гузашта ҳолатҳое ошкор шуда буд, ки пас аз сафари президент корхонаҳо дигар кор намекунанд ва хароб шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Бахше аз дарахтони "8-миллион сомонӣ" дар Данғара хушкидаанд. ВИДЕОСутуни парчам дар Муъминобод "вайрон шуд". Президент "ок" дод, кумисюн қабул накард? ВИДЕОРаиси ноҳияи Муъминобод гуфт, "то зинда ҳастанд", муҷассамаи Ленинро нигоҳ медоранд. ВИДЕОБаъд аз рафтани президент... Чаро корхонаҳо пас аз кушодашавии бодабдаба аз кор мемонанд? ВИДЕОДар Бохтар як корхонаро ду бор кушоданд. Аввал ҳамроҳи сарвазир, акнун бо дасти президент. АКСҚазияи "коргоҳи дӯзандагӣ". Посухи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ва таҳқиқи он. ВИДЕОКорхонаи нав дар Рӯдакӣ баъди рафтани президент "аз байн рафтааст". АКС, ВИДЕО