Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаи нав дар Рӯдакӣ баъди рафтани президент "аз байн рафтааст". АКС, ВИДЕО


То омадан ва рафтани президенти Тоҷикистон ба корхонаи нави дӯзандагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
То омадан ва рафтани президенти Тоҷикистон ба корхонаи нави дӯзандагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Корхонаи нави дӯзандагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки рӯзи 1-уми октябр ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд, пас аз чанд соати рафтани ӯ "аз кор монд". Биное, ки пур аз дастгоҳҳову дӯзандагон буд, ҳоло холӣ аст.

Дар сомонаи президенти Тоҷикистон навиштанд, ки дар ошёнаи дуюми маркази тиҷоратии “Давлати Зафар” дар ноҳияи Рӯдакӣ “сехи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи кор ташкил шудааст ва дар он асосан занону духтарони хонанишин ба кор ҷалб шудаанд”.

Дар аксҳои хадамоти матбуоти президент ва гузориши телевизионҳои Тоҷикистон дар бино занон бо либоси ягона ва дар сари мошинҳои дарздӯзӣ тасвир ёфтаанд. Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо суҳбат карда, ба навиштаи сомонаи президент, барои таъмини занону духтарон ба ҷойи кор “баҳои баланд дод”.

Хабарнигори Радиои Озодӣ субҳи 2-юми октябр ба ин бино рафт, вале дар он ҷо дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва занҳои ҳунармандро надид. Бино пурра холӣ буд ва ба ҷуз чанд овеза дигар таҷҳизоте набуд.

Масъулини ҳукумати Рӯдакӣ мегӯянд, дӯзандаҳо хаста шудаанд ва барои истироҳат рафтаанд, вале чанд зане, ки дар навор дида мешуданд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз онҳо хоста шуда буд, нақши дӯзандаро иҷро кунанд.

Се зане, ки аксҳояшон ҳангоми суҳбат бо президент нашр шуда буд ва Радиои Озодӣ онҳоро ёфт (нахостанд, номашон фош шавад), гуфтанд, масъулони ҳукумати ноҳия аз онҳо хоҳиш карда буданд, то рафтани президент дар ин бино бошанд. Яке аз онҳо, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, “чаҳор рӯз пеш аз кушодавшавии коргоҳи дӯзандагӣ, аз ҳукумат занг зада гуфтанд, ки барои ширкат дар намоишгоҳ омодагӣ бинем”.

Президент корхонаи навро дар Рӯдакӣ кушоду рафт. Корхона дигар нест?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

“Ҳамон рӯзе, ки корхона кушода шуд, ростӣ, худам чизе нафаҳмидам. Фикр кардам, ки акнун дигар доимӣ дар ҳамин ҷо кор мекунем, лекин баъди сафари президент, гуфтанд, ки ҳама чизҳоро ҷамъ кунед. Ҳоло интизорем, ки занг мезананду ба кор даъват мекунанд”, -- афзуд ӯ.

Ӯ гуфт, воқеан дар хонааш дӯзандагӣ мекунад, вале ҳеч гоҳ дар ин корхона кор накарда буд.

Дар хабарномаи сомонаи президент гуфта мешавад, “ҳамаи занону духтарон қабл аз он ки ба кор ҷалб карда шаванд, дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба омӯзиш фаро гирифта шуданд”. Зани дигаре, ки ҳангоми сафари президент ба ин бино оварда шуда буд, гуфт, ҳеч вақт ва дар ҳеч куҷо омӯзиш нагирифтаанд.

Мегӯяд, онҳоро ба намоишгоҳ даъват карда буданд ва ҳамчун дӯзанда маҳсулоташро бурда буд.

Шоҳидон ва сокинони атрофи коргоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо қабл аз сафари президент медиданд, ки корҳои омодагӣ барои кушодани бино ҷараён дорад, вале якбора ҳам дӯзандаҳо ва ҳам дастгоҳояшон дигар аз он ҷо нопадид шуданд. Чанде аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, фикр намекарданд, коргоҳ ҳамагӣ як рӯз, танҳо дар рӯзи сафари президент кор мекунад.

Дар дохили ин корхонаи дӯзандагӣ Эмомалӣ Раҳмонро Муслима Саидмуродова, раиси идораи занони ҳукумати Рӯдакӣ ҳамроҳӣ мекард. Муслима Саидмуродова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, корхона бо дастгирии соҳибкор бунёд шудааст. Ӯ гуфт, 50 занро инҷо ба кор гирифтаанд. Дар хабари расмии сомонаи президент ин шумора 100 нафар гуфта шудааст.

Раиси идораи кор бо занон дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, занҳо хеле хаста шуда буданд ва ҳоло барои истироҳат рафтаанд. Ба суоле, ки чаро мошинаҳо ҳам дар ин корхона нест, ӯ гуфт, “мошинаҳоро иваз мекунанд”. “Мо аз дигар ҷо мошинаҳои дарздӯзии якхела оварда будем. Ин занҳо ҳоло бо мошинаҳои худашон омада кор мекунанд”, -- гуфт ӯ.

Муслима Саидмуродова нагуфт, ки кай корхона дигарбора фаъол мешавад, аммо гуфт, дар сурати ба кор сар кардан занҳо ниқоби тиббӣ хоҳанд дӯхт. Масъулони маркази тиҷоратии “Давлати Зафар” ин масъаларо шарҳ надоданд.

Маъмулан, Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳои кориаш ба шаҳру ноҳияҳо даҳҳо корхонаву марказҳои савдо ва мактабу беморхонаҳоро боз мекунад. Дар гузашта низ шикоятҳо буд, ки баъзе аз он корхонаҳо пас аз рафтани президент дигар аз фаъолият намекунанд. Саид Боймуродов, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, раҳбарони шаҳру навоҳӣ бо чунин кор президентро фиреб медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, ин як назарфиребӣ аст. “Ба президент гуё нишон медиҳанд, ки ҷойҳои нави кори пайдо шудааст, вале дар асл чизе нест”, -- мегӯяд ӯ.

Баъди сафари Президенти Тоҷикистон корхонаи дӯзандагии Рӯдакӣ бе ному нишон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Бархе аз сокинони дигар мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд президент аз чунин корҳо огоҳ аст, вале ба хотири намоиш додани он ки ҳама чиз хуб аст, “ба касе чизе намегӯяд”.

Рауф Ҳамидов, сокини дигар мегӯяд, ҳеч бовар надорад, ки президент хабар надошта бошад. Ӯ гуфт, тасаввур кунед, ки кормандони ниҳодҳои интизомӣ шабонарӯзӣ назорат мекунанд ва одаме, ки дар як ноҳияи дурдаст як гап ба зидди ҳукумат мегӯяд, зуд пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, ба қавли ӯ, ҳеҷ бовар надорад, ки мақомот аз чунин корҳо бехабар монанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ду моҳ боз ба шаҳру навоҳии кишвар сафари корӣ дошт. Ӯ ба вилояти Бадахшон, Хатлон, Суғд ва навоҳии тобеи марказ сафари корӣ анҷом дод. Ба иттилои расмӣ, ӯ дар ин сафарҳо даҳҳо корхонаи хурду бузургро ба истифода додааст.

Мунтақидон мегӯянд, дар 20 соли сафарҳои охир президент ҳазорон корхона боз кардааст ва агар воқеан онҳо кор мекарданд, имрӯз дар кишвар касе бекор намемонд.

Муқоисаи аксҳоро дар инҷо бинед:

Photo 1 Photo 2
Дар сомонаи президенти Тоҷикистон навиштанд, ки дар ошёнаи дуюми маркази тиҷоратии “Давлати Зафар” дар ноҳияи Рӯдакӣ “сехи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи кор ташкил шудааст”. Хабарнигори Радиои Озодӣ субҳи 2-юми октябр ба ин бино рафт, вале дар он ҷо дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва занҳои ҳунармандро надид.
Photo 1 Photo 2
Масъулони ҳукумати Рӯдакӣ мегӯянд, дӯзандаҳо хаста шудаанд ва барои истироҳат рафтаанд, вале чанд зане, ки дар навор дида мешуданд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз онҳо хоҳиши иҷрои нақши дӯзандаро карда буданду бас.
Photo 1 Photo 2
Корхонаи нави дӯзандагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки рӯзи 1-уми октябр ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд, пас аз чанд соати рафтани ӯ “аз кор монд”. Биное, ки дар рӯзи сафари раиси ҷумҳурӣ пур аз дастгоҳҳову дӯзандагон буд, ҳоло холист.
Photo 1 Photo 2
Дар хабарномаи сомонаи президент гуфта мешавад, “ҳамаи занону духтарон қабл аз он ки ба кор ҷалб карда шаванд, дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба омӯзиш фаро гирифта шуданд”. Зане, ки ҳангоми сафари президент дар ин бино ҳамчун дӯзанда муаррифӣ шуд, гуфт, ҳеч вақт дар ҳеҷ куҷо омӯзиш нагирифтаанд.
Photo 1 Photo 2
Дар аксҳои хадамоти матбуоти президент ва гузориши телевизионҳои Тоҷикистон дар ин бино занон бо мошинҳои дузандагӣ ва либоси ягона дида мешуданд. Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо сӯҳбат кард ва ба навиштаи сомонаи президент, барои таъмини занону духтарон ба ҷойи кор “баҳои баланд дод”.

XS
SM
MD
LG