Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз рафтани президент... Чаро корхонаҳо пас аз кушодашавии бодабдаба аз кор мемонанд? ВИДЕО


Аксҳои боло аз маросими оғоз ва аксҳои поён аз вазъи ҳозира. Аз чап ба рост: Гармхонаи "Голден Груп", Маркази атласу адрасбофии Вахш ва корхонаи дӯзандагии "Ёқут" дар шаҳри Ваҳдат
Аксҳои боло аз маросими оғоз ва аксҳои поён аз вазъи ҳозира. Аз чап ба рост: Гармхонаи "Голден Груп", Маркази атласу адрасбофии Вахш ва корхонаи дӯзандагии "Ёқут" дар шаҳри Ваҳдат
Расонаҳои давлатӣ ва мансабдорони Тоҷикистон пайваста аз ташкили корхонаҳо ва ҳазорҳо ҷойи кории нав хабар медиҳанд. Бештари корхонаҳоро ҳангоми сафари президент ба шаҳру ноҳияҳо боз мекунанд. Таҳқиқоти рӯзноманигорӣ исбот кард, ки на ҳама корхонаву иншоот фаъол ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистонро барои чунин саҳнасозиҳо дар гузашта бисёр танқид кардаанд, аммо ба гуфтаи коршиносон, муҳимтар аз ҳама дар инҷо назарфиребӣ ва омори бардурӯғ дар бораи таъсиси ҷойҳои корӣ аст.

"Давлати Зафар". 5 коргар ба ҷойи 100 нафар?

"Соҳибкорони мо барои истиқбол аз 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар бунёди беш аз 25 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ саҳм гузоштанд, ки ин ба ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд", -- гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон 8-уми сентябри соли 2021.

Ҷустуҷӯ дар сомонаи президент нишон дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳояш ба ноҳияҳо бештар корхонаҳои хурду миёна, аз ҷумла сехҳои нави дӯзандагиро ба истифода додааст. Ба навиштаи сомона, дар ин корхонаҳо аз 40-50 то 400-500 кас ба кор ҷалб мешаванд.

Яке аз намунаҳо маркази "Давлати Зафар" дар ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки моҳи октябри соли 2020 боз шуд. "Давлати Зафар" хабар дода буд, ки дар сехи дӯзандагӣ 100 касро бо ҷойи кор таъмин кардааст. Радиои Озодӣ моҳи октябри соли гузашта маълум кард, ки пас аз рафтани президент дастгоҳҳои дӯзандагӣ ҷамъ карда шуда, дӯзандаҳоро ба хонаҳояшон фиристоданд. Мақомот дертар гуфтанд, ки дӯзандаҳоро ба муҳлати 3 рӯз ҷавоб дода буданд.

Дар маҷмааи "Давлати Зафар" ба ҷуз аз сехи дӯзандагӣ фурӯшгоҳ ва марказҳои хидматрасонии дигар таъсис шуда, мебоист, тақрибан чаҳор ҳазор касро бо ҷойи кор таъмин кунад. Рӯзи 19-уми августи соли 2021 дар сехи дӯзандагии "Давлати Зафар" 5 дӯзанда дар назди тирезаҳо тарзе нишаста буданд, ки аз берун намоён бошанд. Аз 95 дӯзандаи дигар ва наздик ба чаҳор ҳазор коргари маҷмаа дарак набуд. Дӯконҳо низ холиву нимсохта буданд.

Акс аз корхонаи "Давлати Зафар", гузашта ва ҳоло
Акс аз корхонаи "Давлати Зафар", гузашта ва ҳоло

Як соҳибкор, ки аз маҷмааи мазкур дӯкон харидаву ҳанӯз тиҷоратро ба роҳ намондааст, бо шарти фош нашудани ном гуфт, "ҳоло ваъда шудааст, ки бозори марказии ноҳияи Рӯдакиро вайрон ва фурӯшандаҳоро ба "Давлати Зафар" меоранд ва ин макон обод мешавад."

Бо "Даҳбед"-у "Шарофат" чӣ шуд?

Ҷамшед Зиёев, раиси ҳоло зиндонии "Тоҷпромбонк", соли 2014 дар шаҳри Ҳисор маҷмааи "Даҳбед" ва соли 2015 Корхонаи дӯзандагии "Шарофат"-ро сохт. Сомонаи президент хабар дода буд, ки дар ин маҷмааву корхона "зиёда аз 1500 кас бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд".

Рӯзи 2-юми августи соли 2021, ҳангоми дидани мо аз ин макон, толори дӯзандагии "Шарофат"-ро ширкати "Фаррух" бо 20 дӯзанда муваққатӣ ба иҷора гирифта, либоси мактабӣ омода мекард. Ба гуфтаи як масъули "Фаррух", ширкат тасмим дорад, толори "Шарофат"-ро тарк кунад, "зеро нархи иҷора гарон аст ва ҳам баъд аз анҷоми мавсими либосдӯзӣ барои хонандагон дигар дархосте намешавад."

Аз маҷмааи хидматрасонии "Даҳбед" танҳо меҳмонхона бо 4 коргар фаъол аст. Ба ин тартиб, дар "Даҳбед" ва "Шарофат", ки дар канори ҳам ҷойгиранд, аз 1500 каси солҳои 2014-2015 ваъдашуда дар умум 24 кас (бист нафар муваққатӣ) фаъолият доранд. Бинову толор ва дӯконҳои дигари маҷмаа ба иҷора пешниҳод шудаанд.

Омори бунёди корхонаҳои нав ҳамеша расонаӣ мешавад. Ҳар як раис мехоҳад, нишон диҳад, ки менеҷери "зӯр" аст. Аз басташавии корхонаҳо хабар намедиҳанд.
Абдумалик Қодиров

Яке аз иншооти дигар дар шаҳри Ҳисор, ки бо ваъдаи таъмини беш аз 800 кас бо ҷойи кор аз он пардабардорӣ шуд, Маркази байнулмилалии савдо ва хадамоти "Ҳисор" аст. Ин маркази сеошёна 18-уми сентябри соли 2020 ифтитоҳ шуд ва хабари кушодашавии он тавассути шабакаҳои телевизионӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо паҳн гардид.

Рӯзи 19-уми августи соли 2021 як масъули маркази "Ҳисор", ки худро Файзалӣ номид, гуфт, "дар рӯзи кушодашавӣ марказ пурра омода набуд. Ҳоло ошёнаи аввал ба соҳибкорон тақсим шудааст ва аз ҳукумати Ҳисор дастур шуд, ки марказро фаъол кунем."

Марказ пас аз ёздаҳ моҳи ба истифода додан ҳамоно фаъол нест ва аз 800 коргари ваъдагӣ касе дар онҷо кор намекард, вале шиори "Саноаткунонии босуръат – ҳадафи чаҳоруми стратегии ҳукумати Тоҷикистон" дар девори марказ овезон буд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Корхонаҳое, ки пас аз маросимҳои бодабдаба "зомбӣ" шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00

Вазъи "Усто Набот"-у "Харбуза"

Меҳмонхонаи "Усто Набот" дар маркази Ҳисор соли 2016 кушода шуд. Он замон сомонаи президент хабар дод, ки дар меҳмонхона "айни замон 35 кас бо кори доимӣ таъмин шуда, ояндаи наздик шумори коргарон ба 50 кас расонда мешавад."

Зайниддин, ки худро аз масъулони меҳмонхона муаррифӣ кард, 19-уми августи соли 2021 гуфт: "Ҳоло 6 кас дар меҳмонхона кор мекунад - чаҳор фаррош ва ду масъули пазириши меҳмонҳо. Меҳмонхона 29 ҳуҷра дорад. Меҳмони зиёд надорем, гоҳе чиниҳо ва гоҳе узбекистониҳо меоянд."

Иншооти дигар, ки пайваста аз он таблиғ мешавад, чойхонаи миллии маъруф ба "Харбуза" дар Ҳисор аст. "Харбуза"-е бо баландии 43 метр, дарозии беш аз 100 метр ва паҳноии 55 метр соли 2015 сохта шуда, мебоист "қариб 100 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кунад". Рӯзи 2-юми августи имсол ду посбон бо 450 сомонӣ маош аз чойхонаи бе чою бе муштарӣ нигаҳбонӣ мекарданду бас.

Посбони навбатдор, ки нахост аз вай ном бурда шавад, гуфт, "Харбуза" ба фурӯш гузошта шудааст, аммо харидор нест. Мақомот ин хабарро тасдиқ ё инкор накардаанд.

Навор аз бойгонӣ: "Харбуза"-и маъруф, вале холии Ҳисор

"Харбуза"-и маъруф, вале холии Ҳисор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

1,5 ҳазор коргари "Ёқут"-у "Голден Груп" куҷо шуданд?

Ширкати "Ёқут 2000" соли 2014 дар маркази шаҳри Ваҳдат корхонаи дӯзандагиеро бо 1000 ҷойи корӣ дар ду баст ба истифода дод. Сомонаи президенти Тоҷикистон 15-уми апрели соли 2014 навишт, ки "дар соҳили рӯди Кофарниҳон корхонаи бузурги дӯзандагӣ ба кор дароварда шуд, ки дар он 1000 зану духтари маҳаллӣ дар ду баст бо кори доимӣ таъмин мегарданд."

Рӯзи 2-юми августи имсол (замоне ки бо ҳадафи таҳқиқот аз ин бино дидан шуд) ошёнаи дувуми марказ, ки мебоист, макони кори 1000 зану духтари маҳаллӣ бошад, ба утоқҳои алоҳидаи зиёде ҷудо шудаву аксари онҳо холӣ буданд.

Мошинаҳои дарздӯзиро ба ошёнаи севуми бино бурдаанд, ки зери чангу хок хобидаанд. Фаррошеро, ки дар ошёнаи севуми бино дидем, гуфт, "корхонаи дӯзандагӣ хеле шуд кор намекунад". Такроран ба суоли ин ки "дақиқан чанд муддат шуд?" гуфт, "хеле шуд".

Корхонаи дӯзандагӣ дар Ваҳдат, гузашта ва ҳоло
Корхонаи дӯзандагӣ дар Ваҳдат, гузашта ва ҳоло

Дар шаҳри Ваҳдат ин ягона корхонаи овозадор нест, ки дар чунин вазъ аст. Гармхонаи "Голден Груп"-и марбут ба хонаводаи маъруфи Хайровҳо, ки низ дар соли 2015 ба истифода дода шуда буд, ба харобазори болопӯшидае табдил гардидааст. (Раиси ширкати “Голден Груп” Қутбиддин Хайров, бародари Давлатбек Хайров, муовини пешини раиси Оҷонси зиддифасод аст)

Замони кушодашавии "Голден Груп" сомонаи президент аз қавли соҳибкор Қутбиддин Хайров хабар дода буд, ки дар 6 гектар замини гармхона "наздик ба 360 нафар бо кор таъмин мегарданд". Рӯзи 2-юми августи соли 2021 дар гирду атрофи гармхона касе пайдо нашуд, ки сабабҳои шикасту рехти онро шарҳ диҳад. Бино ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, ҶДММ "Голден Груп" барҳам хӯрдааст.

Гармхонаи "Голден Груп", гузашта ва ҳоло
Гармхонаи "Голден Груп", гузашта ва ҳоло

Ширкати "Хушрӯз" соли 2017 дар деҳаи Зарнисори шаҳри Ваҳдат корхонаи хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маркази таъмири нақлиётро сохт. Сомонаи президент менависад, дар ин корхонаву марказ наздик ба 160 кас соҳиби кори доимӣ шуданд.

Як масъули ширкати "Хушрӯз" рӯзи 19-уми августи имсол дар суҳбат бо мо гуфт: "Устоҳои мошинсоз розӣ нашуданд, ки дар инҷо кор кунанд. Гуфтанд, коргоҳ аз маркази шаҳр ва роҳи калон дур аст, мошине пайдо намешавад, ки онро таъмир кард. Сехи консерваву шарбатбарорӣ ҳам бо иқтидори пешин кор намекунад. 10-12 занро дар ҳафта 1-2 рӯз ва гоҳе дар 10 рӯз барои чанд соат ба кор даъват мекунем."

Ин масъул афзуд, корхонаро бар асоси нақша ва пешниҳоди ҳукумати шаҳри Ваҳдат сохтаанд. "Агар дар ихтиёри ман мебуд, аслан ин корхонаро намесохтам. Маълум нест, ки дар чанд сол маблағи сарфкардаамонро мерӯёнем ва оё аслан намерӯёнем", -- гуфт ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш нашр шавад.

"Ганҷ" офтобпараст намеёбад

Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ дар ноҳияи Вахш соли 2017 кушода шуд. Сомонаи президент, хабаргузории "Ховар", нашрияи "Ҷумҳурият" ва Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон хабар доданд, ки "феълан 25 зану духтари маҳаллӣ соҳиби ҷои кор гардиданд."

Ба иттилои расмии Раёсати оҷонси меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Вахш, маркази болозикр аз сабаби набудани ришта дар соли 2021 умуман атласу адрас истеҳсол накардааст.

Маркази атласу адрасбофӣ дар ноҳияи Вахш, гузашта ва ҳоло
Маркази атласу адрасбофӣ дар ноҳияи Вахш, гузашта ва ҳоло

Корхонаи равғанбарории "Ганҷ" дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон бузургтарин корхона унвон шудааст. Маълум нест, ин корхона дар чи миқёсе - ноҳия, вилоят ё ҷумҳурӣ калонтарин аст, аммо ба иттилои мақомоти андози ноҳияи Кӯшониён, як сол боз кор намекунад. Корхонаи мазкур моҳи марти соли 2019 кушода шуд ва мебоист, 40 сокини маҳаллиро бо кори доимӣ таъмин ва солона 10 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол кунад.

Аҳлиддин Раҳмонзода, сардори Идораи андози ноҳияи Кӯшониён, рӯзи 30-юми август дар суҳбати телефонӣ гуфт, корхонаи истеҳсолии "Ганҷ" як соли охир танҳо андози замин, амвол ва 4-5 коргарро мепардозад. "Истеҳсолот нест ва андоз аз даромад ҳам аз он рӯёнида намешавад", - гуфт Раҳмонзода.

Корхонаи "Ганҷ"
Корхонаи "Ганҷ"

Корхонаи ҷӯроббарорӣ дар шаҳри Бохтар, ки як бор аз ҷониби сарвазири Тоҷикистон ва бори дигар аз ҷониби президент пардабардорӣ шудааст, айни замон фаъолият надорад.

Расул Соҳибназаров, мудири ширкати "Сомони Расул", рӯзи 31-уми август дар суҳбати телефонӣ гуфт, ба далели набудани резине, ки барои истеҳсоли ҷӯроб истифода мешавад, корхона аз кор мондааст. "Сомони Расул" ваъда дода буд, ки ҳар моҳ то 100 ҳазор ҷуфт ҷӯроб мебофад.

Дар Ёвон низ корхонаи ҷӯроббофӣ аст, аммо...

ҶДММ "Ваҳдат" соли 2014 дар ноҳияи Ёвон корхонаи ҷӯроббофӣ ва дӯзандагӣ сохт. Дар маросими кушодани корхона сомонаи президенти Тоҷикистон ба нақл аз соҳиби он Илҳом Мирзоев хабар дод, ки "Ваҳдат" солона 9 миллион ҷуфт ҷӯроб мебофад. Ҳамин ширкат соли 2020 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе намояндагиашро таъсис дод ва дар ин корхона низ ҷӯроббофӣ ба роҳ монда шуд. Дар поёни хабар аз 15-уми январи соли 2020 омадааст: "... корхонаи ҷӯроббофӣ дар ноҳияи Ёвон дорои иқтидори истеҳсоли 4,5 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, дар он садҳо нафар бо кори доимӣ таъмин мебошанд."

Бобохӯҷа Мирзоев, мудири иҷроияи ширкати “Ваҳдат” дар ноҳияи Ёвон, рӯзи 18-уми августи имсол дар суҳбати ҳузурӣ гуфт, "дастгоҳҳои ҷӯроббофии корхонаро аз Ёвон ба шаҳри Душанбе бурдаанд ва дар Ёвон ҷӯроб истеҳсол намекунанд."

Дар ноҳияи Ёвон ҳамчунин соли 2016 Корпоратсияи кимиёвии металлургии тоҷик – "Талко кимиё" – сохта шуд ва ҳамон сол эълон гардид, ки дар он корхона зиёда аз 500 коргар ба кори доимӣ таъмин шуданд. Аммо 18-уми августи имсол посбонҳои корпоратсия монеи вуруд ба дохили он шудаву гуфтанд, "аз ибтидои соли ҷорӣ касе кор намекунад ва ба касе ҳам иҷозаи дохил шудан нест."

"Оморсозӣ"-и менеҷерони "зӯр"

Дар ноҳия ва шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ корхонаҳо ва иншооти зиёде мавҷуданд, ки сарнавишти корхонаҳои зикршударо доранд. Ин корхонаҳо, бо харҷи миллионҳо сомонӣ сохта шуда, бо далелҳои гуногун аз кор мондаанд. Ҳар гоҳе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва суҳбатҳои умумӣ мавзӯи "коргоҳҳои муваққатӣ" ва суистифодаи афкори омма баҳс шавад, шахсоне пайдо мешаванд, ки мегӯянд, дар сатҳи вазоратҳову ҳукумат аз баста шудани корхонаҳои навтаъсис хабар надоранд.

Мудири як ширкати дӯзандагӣ, аз яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, бо шарти ифшо нашудани номаш, нақл кард, ки ҳангоми кушодани сехҳои нави дӯзандагӣ, бо ширкати мақомдорон, чӣ гуна аз мошинаҳои дӯзандагӣ ва коргарони вай ба таври кироя истифода мекунанд. "Ба мо аз яке аз созмонҳои муқими Тоҷикистон 50 мошини либосдӯзӣ тақдим карданд. Дар ду-се соли охир чанд дафъа соҳибкорон ба мо муроҷиат карда, дар рӯзи кушодашавии корхонаҳои дӯзандагиашон аз мо мошина ва коргар кироя гирифтанд", - нақл кард соҳибкор.

Шаҳло Ватанова, коршиноси иқтисодӣ ва мудири корхонаи "Гулдастон" дар Душанбе, мегӯяд, бештари корхонаҳо, бидуни барнома ва дурнамо, сохта мешаванд.

"Дар кишвари мо бо ин ҳадаф кор мекунанд: "Хайр, як сех мекушоям". Эҳтимол ба соҳибкорон пешниҳоди сохтани корхонаҳоро мекунанд. Соҳибкорон бо нигаронӣ аз ин ки агар пешниҳодро рад кунанд, мумкин аст, "чап" гирифта шаванд, ноилоҷ онро месозанд. Ин ҳам эҳтимол дорад, ки довталабона барои худнишондиҳӣ ба чунин кор даст мезананд. Набояд бештар аз тавон масъулият гирифт. Бисёриҳоро медонам, ки мегӯянд, "корхона мекушоям, калоншавандаҳоро даъват мекунам". Дар вазоратҳо мехоҳанд, соҳибкорон бисёр бошанд, савдову саноат бошад, аммо кушодани корхона, ин кушодани дӯкон дар бозор нест. Беэҳтиромӣ аст, фиреби мардум. Метавонед "не" гӯед, касе Шуморо намекушад", -- шарҳ дод ӯ.

Аммо чаро чунин кор такроран сурат мегирад? Яъне, бо вуҷуди баста шудани корхонаҳои бузурги пешин корхонаҳои нав кушода шудаву дар бораи онҳо тавассути расонаҳо таблиғоти густарда анҷом мешавад?

"Ҳар мансабдор, бахусус раисони ноҳияҳо, барои он ки дар мансаб бимонанд, нишон додан мехоҳанд, ки дар замони роҳбарии онҳо минтақаашон пешрафт дошт. Онҳо аз соҳибкорони маҳаллӣ мехоҳанд, ки чизе созанд. Омори бунёди корхонаҳои нав ҳамеша расонаӣ мешавад. Ҳар як раис мехоҳад, нишон диҳад, ки менеҷери "зӯр" аст. Аз басташавии корхонаҳо хабар намедиҳанд. Кишварҳои авторитарӣ ба ҷуз аз "зӯр" ва ба гӯши мардум хондани афсона методи дигари нигаҳдории қудратро надоранд. Ба ҷуз аз "манипулятсия" инро чизи дигаре наметавон номид", - хулоса кард коршиноси тоҷик, Абдумалик Қодиров.

XS
SM
MD
LG