Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахше аз дарахтони "8-миллион сомонӣ" дар Данғара хушкидаанд. ВИДЕО


Ба дарахтҳои боғи ҷашнии Данғара чӣ шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Теъдоде аз дарахтони Боғи парчами миллӣ дар ноҳияи Данғара, ки телевизонҳои давлатӣ пайваста аз он таърифу тавсиф мекарданд, хушкидаанд.

Майдонро моҳи июни соли 2021 раиси ҷумҳури Тоҷикистон боз кард. Дар онҷо беш аз 8 миллион сомонӣ харҷ карда буданд.

Масъулони Боғи парчами миллӣ дар Данғара гуфтанд, ки дастур гирифтаанд, дарахтони хушкидаро ҳисоб кунанд.

"Айни ҳол сабти дарахтони хушкида рафта истодааст. Фармон 15-уми июн баромад. 15 дарсади дарахтҳо хушк шудаанд, вале шумораашон ҳоло дақиқ нест," – гуфт Ғуломҳайдар Неъматов, мудири идораи ниҳолшнинонии ноҳияи Данғара.

Майдони парчам дар Данғара 3 гектарро ташкил дода, дар он ҳудуди нӯҳ ҳазор дарахт шинондаанд. Беш аз 600-тои он, ба қавли масъулони ноҳия, дарахтони ороишии нодир ҳастанд.

Бори аввал нест, ки пас аз ифтитоҳи чунин маконҳо дарахтон хушкида ё сохтмону ороишот вайрон мешаванд.

Ҳашт моҳ пеш дар ноҳияи Муъминобод пояи парчами миллиро кушоданд, вале бахшҳое аз ин макон вайрон шудааст.

XS
SM
MD
LG