Садои тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сокинонро нигарон кардааст

Чоркӯҳ, дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷойгир аст.

Бархе аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара мегӯянд, соати 10-и шаби гузашта тиркушоии давомдори нерӯҳои сарҳадии Қриғизистон дар баландии “Қуммазор”, мавзеи табобатӣ онҳоро нигарон кардааст.

То кунун сабаби аслии тиркушоӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон шарҳ дода нашудааст.

Як намояндаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара рӯзи 8-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин тиркушоӣ ҳеҷ кас зарар надидааст, вале интизоранд, ки мақомоти Қирғизистон сабаби тиркушоиро шарҳ диҳанд. “Сарҳадбонҳои қирғиз тақрибан панҷ дақиқа тир заданд. Ин вазъ ҳар сол бо шуруи омадани мардум ба мавзеъи табобатии “Қумазор” такрор мешавад. Онҳо мегӯянд, ки ин мавзеи баҳсӣ аст ва то замони дақиқ шуданаш ҳеҷ кас набояд ба ин ҷо биёяд,”—гуфт, ин намояндаи ҷамоат.

Садҳо нафар сокинон дар тобистон барои истироҳату табобат ба “Қумазор”, ки регу оби табобатӣ дорад, меоянд.

Аҳмадҷон Сафаров, як сокини ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, пас аз ҳодисаи оташкушоии сарҳадбонҳои қирғиз мардум дигар ба “Қуммазор” намераванд. “Соли гузашта ҳам дар ҳамин вақт сарҳадбонҳои қирғиз тирзанӣ карда буданд. Мо фикр кардем, ки мақомоти Тоҷикистону Қриғизистон ин масъаларо ҳал карданд, вале боз сар зад. Мо аз амнияти фарзандонамон дар ташвишем,”—гуфт ӯ.

Дар моҳи марти соли равон дар мавзеи “Дусанга”, ки қирғизҳо онро “Иккиташ” ном мебаранд, тирпарронӣ рух дода буд. Ин макон наздик “Қуммазор” аст. Мақомот гуфта буданд, ки он вақт тирпаронӣ ду соат давом карда буд.

Дар моҳи июли соли гузашта низ, тақрибан соати 10-и субҳ, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар мавзеи “Қуммазор” садои тирпаронӣ баланд шуд. Инҷо низоъ миёни шаҳрвандони ду кишвар рух дод, ки ба он низомиён низ кашида шуданд. Дар рафти тирпарониҳои дутарафа, мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, се низомӣ– ду марзбони қирғиз ва як марзбони тоҷик ҷароҳат бардошта буданд.

Аксари хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ нашудааст. Дар ин нуқтаҳои баҳсӣ зуд-зуд низоъ сар мезананд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистону Қирғизистон 80 километри дигари марзро маълум кардаанд. ВИДЕОҲукумат аз оғози бозсозии хонаҳои сӯхта дар муноқишаи марзӣ хабар дод. ВИДЕО"Ҳодисае шавад, метарсам." Ба захмии ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон пойи сунъӣ додаанд. ВИДЕОВазорат тирандозиро дар марз бо Қирғизистон "иғвои ҳадафмандона" номид