Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон 80 километри дигари марзро маълум кардаанд. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Жапаров), Қирғизистон, 21-уми июли 2022
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Жапаров), Қирғизистон, 21-уми июли 2022

Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 21-уми июл гуфтаанд, ки кори Кумисюни байниҳукуматиро барои таъину нишонагузории сарҳад “ҷоннок” хоҳанд кард, аммо нагуфтаанд, ки чӣ гуна. Ду кишвар 987 километр марз доранд ва бахше аз он номуайян асту ҳар чанд вақт сабаби задухӯрдҳои мусаллаҳона мешавад.

“Мо ҳам дил дорем, мефаҳмем”

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, дар як соли охир бештар аз 80 километр марзро бо Қирғизистон муайян кардаанд. Рӯшан нест, он кадом қисматҳоро дар бар мегирад ва оё шомили гузашти ҷонибҳо низ мешавад ё не.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин, рӯзи 20-уми июл гуфт, ҷонибдори ҳарчӣ зудтар муайян шудани хати сарҳад ҳастанд.

“Мо ҳам дил дорем, мо ҳам мефаҳмем, дар ҳақиқат, дар назди сарҳад зистан осон нест. Ба мардум мушкил аст. Мо кӯшиш мекунем, корҳоро ба анҷом расонем," -- афзуд ӯ.

Хоҷазода дақиқ нагуфт, ки дар умум чӣ қадар аз сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мушаххас шудааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи апрели имсол дар Исфара гуфта буд, ки аз 987 километр марз “663,7 километр ё 68,4 дарсади хати сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуд”.

Таъину нишонагузории марз асосан дар минтақаҳои аҳолинишини ду кишвар мушкил шудааст. Аз як тараф хонаҳо ва тарафи дигар истифодаи обу чарогоҳ. Ҳарду ҷониб худро соҳиби комили минтақа медонанд ва ба ҳақ буданашон пойфишорӣ доранд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Коршинос мегӯяд, мушкили марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳисоби гузашти ҷонибайн ҳал мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Мушкили асосӣ чист?

Аммо ончи мояи нигаронии сокинони деҳаҳои наздимарзӣ шудааст, ҷараёни, ба гуфтаи онҳо, сусти аломатгузории марз аст. Мақомот мегӯянд, гап дар бораи омӯхтани маҳаллу исботи санадҳо ва баъзе гузаштҳо аст, ки тасмимгирӣ бар сари онҳо осон нест.

Коршиносон низ мушкили асосиро ба гузаштҳо розӣ нашудани тарафҳо медонанд. Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик, бовар дорад, масъалаи марз дар Қирғизистон тобиши сиёсӣ гирифтааст.

“Агар вазъи имрӯзаро гирем, баъди задухӯрдҳои соли гузаштаву имсол, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки бо роҳи осоишта ҳал кардани масъала мумкин аст. Шояд ҷониби Қирғизистон ҳам фаҳмида бошад, ки гузашт кардан даркор аст,” – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 21-уми июл гуфт, кишвараш ният дорад, раванди таъину нишонагузории марзро бо Тоҷикистону Узбекистон анҷом бидиҳад. Вай бовар дорад, пас аз анҷоми он, сарҳадҳо “пули сулҳу эътимод” хоҳанд шуд.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта Қирғизистонро ба аҳдшиканӣ ва содиқ набудан муттаҳам кардаанд. Ду тараф дар моҷарову хунрезиҳо дар марз низ якдигарро гунаҳкор медонанд. Яке аз бадтарин муноқиша байни ду кишвар моҳи апрели соли 2021 сурат гирифт, ки аз ҳарду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт.

Тибқи иттиллои расмӣ, Тоҷикистон бо Афғонистон 1374 километр, бо Чин 494 ва бо Узбекистон 1332 километр сарҳад дорад.

XS
SM
MD
LG