Мақомоти марзбонии Русия ба модари тоҷике, ки пас аз панҷ сол дубора фарзандашро соҳиб шуд, шаби 26-уми июл иҷозаи берун шудан аз ин кишварро надодаанд.
Чӣ тавр тифли тоҷик фарзандхонд шуд?
Мария, духтари панҷсолаи тоҷик, моҳи октябри соли 2017 дар таваллудхонаи Иркутск таваллуд шуд. Аноргул Ғайбуллоева, модари муҳоҷири ӯ, ки сабти ҷойи иқомат надошт ва муҳоҷири ғайриқонунӣ ҳисоб мешуд, натавонист пули таваллудхонаро супорад ва кӯдакро бо худ барад. Мақомоти Иркутск бидуни розигии ӯ кӯдакро ба як хонаводаи бурятӣ ба фарзандхондӣ доданд. Зани тоҷик ва шавҳари ӯ ҳамон сол имкон ёфтанд ва барои бозгардонии кӯдак талош карданд. Танҳо пас аз панҷ сол додгоҳ даъвои онҳоро қонеъ кард ва ба фарзандхонӣ додани кӯдакро ғайриқонунӣ донист. Кӯдакро ба модари тоҷикаш супурданд, вале хонаводаи бурятӣ ба мақомоти болоӣ шикоят кардаанд, ки барои берун рафтанаш аз Русия иҷозат надиҳанд.
Модар фарзандашро ба Тоҷикистон оварда наметавонад
Аноргул Ғайбуллоева, модари ин духтар мегӯяд, панҷ сол талош кард, ки духтарашро аз хонаводаи бурятӣ пас бигирад. Ҳоло мехоҳад, ба Тоҷикистон баргардад, вале муввақатан барояш чунин иҷоза надодаанд.
Ҳарчанд, мақомоти Русия фарзандхондии кӯдакро ғайриқонунӣ донистанд ва ӯро ба модари тоҷикаш додаанд, вале зоҳиран мушкил бо ин ҳал нашудааст.
Хонаводаи Бухашевҳо дар Иркутск, ки панҷ сол кӯдак дар тарбияи онҳо буд, ба мақомоти болоӣ шикоят кардаанд. То анҷоми баҳс роҳи модару кӯдак ба Тоҷикистонро баста мемонад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Поёни кор чист?
Михаил Бухашев ва Марина Бухашева, сокинони Иркутск, пойфишорӣ доранд, ки соҳиби қонунии кӯдак ҳастанд ва ӯро замоне ба фарзандхонӣ пазируфтанд, ки модари тоҷикаш аз баҳраш гузашта буд. Ирина Толмачова, адвокати Аноргул Ғайбуллоева мегӯяд, ҳеҷ санаде вуҷуд надорад, ки модар аз баҳри тифлаш гузашта бошад. Ӯ гуфт, мақомот эътироф карданд, ки ба фарзандхонӣ супурдани ин кӯдаки тоҷик ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Ҳоло ба гуфтаи хонум Ирина, аъмоли онҳое, ки ба ин кор даст задаанд, аз сӯи додситонӣ тафтиш мешавад.
“Поёни кор ҳамин мешавад, ки кӯдак бо модараш мемонад. Ҳеҷ як додгоҳ қарори дигаре қабул намекунад. Дар матбуоти мо хабарҳо каме таҳриф шудаанд, барои ҳамин, ба назари ман, каме вақт мегузараду ҳама чиз боз дуруст мешавад. Ҳама чиз ором мешавад. Модар бо кӯдакаш ба Тоҷикистон хоҳад рафт.”--гуфт ӯ.
Эътироз аз ҷамъияти тоҷикон
Хонаводаи бурятӣ барои пас гардонидани кӯдак аз дасти модари биологиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ маърака ба роҳ мондаанд. Даҳҳо сокини маҳаллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти Русия хостаанд, кӯдакро ба хонаводаи бурятиаш баргардонанд, чун панҷ сол ӯро бузург кардааст.
Ҷомеаи бурятҳо консулгарӣ ва ҷамъияти тоҷикон дар Иркутскро зери фишор қарор додаанд. Онҳо Алишер Ширинов, раҳбари ҷамъияти тоҷиконро ба он айбдор мекунанд, ки кӯдакро бо зур аз онҳо гирифтааст. Ширинов гуфт, танҳо бар асоси қонун ба модари тоҷик кӯмак кардааст.
Поёни моҷаро маълум нест, вале мақомоти тоҷик мегӯянд, кӯдак бо модари тоҷик ҳоло дар Русия дар ҷои амн аст. Консулгарӣ ба ин хонавода кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад. Кай бозгаштани онҳо ба Тоҷикистон маълум нест.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Се кӯдаки тоҷикро аз Русия баргардонданд ва ба ятимхона бурдандТоҷикони муштоқи фарзанд дар хориҷ ва монеаҳои фарзандхонӣКӯдакони қирғизро хориҷиён ба фарзандӣ мегиранд