Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се кӯдаки тоҷикро аз Русия баргардонданд ва ба ятимхона бурданд


Номи тифлонро вазорат нагуфтааст.
Номи тифлонро вазорат нагуфтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон се кӯдакро, ки модарони муҳоҷирашон дар Русия аз онҳо даст кашидаанд, ба ватан баргардонд. Вазорати умури хориҷӣ гуфт, ин кӯдакон ки дар таваллудхонаҳои гуногуни Русия нигаҳдорӣ мешуданд, шоми 27-уми июл ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд.

Вазорат рӯзи 27-уми июл бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия се кӯдак, яке 8-моҳа, дигарӣ 5-моҳа ва саввумӣ 3-сола тавассути Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» бо хатсайри Москва-Душанбе ба ватан баргардонида шуданд.​

Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 26-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, модарони навзодон бо далелҳои гуногун дар таваллудхонаҳо аз баҳри фарзандонашон гузаштанд. Ин манбаъ гуфт, чанд шаҳрванди Русия талабгори фарзандхонии бачаҳои тоҷик буданд, вале сафорати Тоҷикистон розӣ нашуд.

Аксари занони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар ватан аз шавҳаронашон талоқ гирифтаанд ва бархе аз ин занҳо бо дигар муҳоҷирон ошно шуда, робитаи ошиқона барпо мекунанд. Натиҷаҳои ин робитаҳо гоҳҳо боиси таваллуди фарзанде мешавад, ки ҷуфтҳо интизор надоранд.

"Мо таҷриба баргардонидани кӯдаконеро дорем, ки дар Русия модаронашон аз онҳо даст кашиданд. Онҳо дар ватан беҳтар парасторӣ мешаванд",-гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Мақомот мегӯянд, бештари заноне, ки аз фарзандони худ даст мекашанд, муҳоҷир ҳастанд. Дар санадҳое, ки ба ихтиёри таваллудхонаҳо гузоштаанд, сабаби даст кашидан аз навзодонро "надоштани шароити хуб" барои нигаҳбонии кӯдак, унвон кардаанд.

Бар асоси қонунҳои Русия дар сурати даст кашидани модар аз фарзанди навзод, исми ӯро фош намекунанд ва ин амал ҳеҷ ҷавобгарӣ низ надорад. Дар ин сурат, мақомоти маҳаллӣ ба сафорати кишвари модари навзод муроҷиат мекунанд. Тоҷикистон дар гузашта дар пайи чунин муроҷиат даҳҳо навзодро ба ватан баргардонд.

Мақомоти Русия пештар ба матбуот гуфта буданд, ки аз ҳама бештар занони муҳоҷири зодагони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон аз навзодони худ дар таваллудхонаҳо даст мекашанд. Дар даҳ сол беш аз 100 кӯдаки тоҷик ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

"Шабҳо тифламро хоб мебинам"

Мавҷуда исми шартии як зани 41-солаи тоҷик аст, ки се соли пеш аз баҳри тифли навзодаш дар Русия гузашт. Ин зан рӯзи 26-уми июл розӣ шуд, ки бидуни зикри ном, сарнавишташро ба Радиои Озодӣ қисса кунад.

Мавҷуда мегӯяд, дар 36-солагиаш, пас аз ду издивоҷи номуваффақ дар Тоҷикистон, барои кор ба Русия омад. Аз ду издивоҷ дар ватан се фарзанд дорад, ки онҳоро модари бознишастааш нигаҳбонӣ мекунад. Чор соли пеш марди дигари муҳоҷири тоҷик талабгораш шуд ва бо ӯ издивоҷ кард.

Соли 2012 чор тифли ятим аз Русия ба Тоҷикистон бурда шуданд
Соли 2012 чор тифли ятим аз Русия ба Тоҷикистон бурда шуданд

"Никоҳи мусулмонӣ кардем ва дар хонаи иҷора ҳарду зиндагӣ мекардем. Ӯ дар ватан зану шаш фарзанд дошт, лекин мегуфт, ки бо ман ҳамчун ҳамсари дуюм зиндагӣ мекунад",-гуфт ӯ. Зиндагии Мавҷуда бо "бахти сеюмаш" то замоне давом кард, ки кӯдаки батнаш ҳафт моҳа шуд.

"Ҳамсараш дар Тоҷикистон хабар ёфт ва ҳамроҳи бародари шавҳарам ба Русия омад. Рӯзам сиёҳ шуд. Қариб маро кушта буд. Тамоми таҳқирро кард. Маро ин мард талоқ дод ва дигар намедонам ба куҷо рафту чӣ кард. Бо кӯдаки батнам танҳо мондам. Дертар духтар таваллуд кардам. Се фарзандам дарди сари модарам буд. Агар кӯдакро нигаҳбонӣ мекардам, ҳам худам ва ҳам се фарзанди дигарам дар Тоҷикистон гурусна мемонд. Дар таваллудхона аз баҳраш гузаштам",-гуфт ин зан.

Мавҷуда мегӯяд, аз баҳри тифл гузаштан барояш сахт буд, вале роҳи дигар надошт. Ӯ гуфт, гоҳҳо духтараш ба хобаш меояд ва ҳамеша бо чеҳраи хурсанд аст.

То фурудгоҳ. Умри издивоҷи зани муҳоҷир

Аксари занони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар ватан аз шавҳаронашон талоқ гирифтаанд. Дар Русия бархе аз ин занҳо бо дигар муҳоҷирон ошно шуда, робитаи ошиқона барпо мекунанд. Натиҷаҳои ин робитаҳо гоҳҳо боиси таваллуди фарзанде мешавад, ки ҷуфтҳо интизор надоранд.

Аммо дар бештар маврид, ба гуфтаи Заррина Раҷабова, муҳоҷири 41 солаи тоҷик аз Санкт-Петребург, зудбоварӣ ва паноҳ ҷустан пушти шонаи мард занонро ба издивоҷҳои "беэътимод", таҳрик медиҳад.

Манзури ӯ аз издивоҷи "беэътимод" ин аст, ки занҳои муҳоҷир ҳатман ҳамсари мардоне мешаванд, ки дар ватан зану кӯдак доранд ва бо тарки Русия ҳамсарони муҳоҷири худро фаромуш мекунанд.

қуттии махсус барои атфоли партофташуда дар назди як бемористони Русия
қуттии махсус барои атфоли партофташуда дар назди як бемористони Русия

Ӯ гуфт: "Зани тоҷик аз хурдӣ чунин тарбият ёфтааст, ки бе мард зиндагӣ карда наметавонад. Аз ин рӯ, дар муҳоҷират вақте каме мушкил пеш меояд, зуд ба пешниҳоди мардони муҳоҷир розӣ мешаванд. Ба умеде, ки мардони муҳоҷир ба онҳо кӯмак мерасонанд. Аммо умри ин издивоҷҳо то фурудгоҳ ва ё то таваллуди кӯдак давом мекунад".

Хадича Назарова, муҳоҷири дигари тоҷик аз шаҳри Твери Русия мегӯяд, занон дар шароити хеле сангин аз кӯдакони худ даст мекашанд. Ӯ гуфт, дар миёни занони муҳоҷире, ки бо дигар мардони муҳоҷир никоҳ мекунанд, ба ояндаи зиндагии муштарак хушбин нестанд, вале боз ҳам андешаи "таънаи бешавҳари нашунидан", ба чунин никоҳҳо розӣ мешаванд.

"Занон никоҳи мусалмонӣ мекунанд. Занони муҳоҷир хуб медонанд, ки зиндагии онҳо чандон оянда надорад. Мард як рӯз не як рӯз ба назди фарзандонаш бармегардад ва ё зани муҳоҷир каме бемор шуд ва аз мард пул талаб кард, зуд ӯро тарк мекунад. Мардон албатта аз ин заифии занон сӯистифода мекунанд",-гуфт ӯ.

Тарс аз "ҳаромӣ" хондани тифл

Дар ҳамин шароит ба гуфтаи Хадича, занони ҳомилае, ки аз шавҳаронашон талоқ мегиранд, дигар аз баҳри навзодашон пас аз талоқ мегузаранд. Ин зан гуфт, дар миёни ҳазорон зани муҳоҷир шумораи чунин занҳо ангуштшумор аст.

Ҷонӣ Сафарзода, як муҳоҷири фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, мардони муҳоҷир аксаран на бо ҳадафи бунёди хонавода, балки бо мақсади зиндагии мувақатӣ бо занони муҳоҷир издивоҷ мекунанд. Ӯ гуфт, чунин мардони муҳоҷир аз тарси ҳамсарони аввал ба ҳеҷ сурат ҳамсари муҳоҷирашро дар Тоҷикистон эътироф намекунад

ятимони тоҷик
ятимони тоҷик

"Занон намехоҳанд ба ватан бо кӯдаки бепадар баргарданд. Дар ҷомеа бовар намекунанд, ки зан никоҳи мусалмонӣ дошт. Чунин кӯдаконро дар ҷомеа "ҳаромӣ" ном мебаранд, ки бадномии занро бештар мекунад. Баъдан зани муҳоҷире, ки бо кӯдаки падараш номаълум бармегардад, ӯро ҳамчун сабукпо қабул мекунанд",-гуфт Сафарзода.

Солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Бист соли пеш аксаран муҳоҷирони меҳнатӣ мардон буданд, вале дар чанд соли ахир шумораи занон низ афзоиш ёфтааст. Бар асоси омори расмӣ шумори занони муҳоҷири тоҷик дар Русия беш аз 100 ҳазор аст.

XS
SM
MD
LG