Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони қирғизро хориҷиён ба фарзандӣ мегиранд


Вазорати рушди иҷтимоии Қирғизистон ба 7 ширкати хориҷӣ муҷаввиз додааст ва бар асоси он ин ширкатҳо ҳақ доранд, кӯдакони қирғизро барои шаҳрвандони хориҷӣ фарзандхонд бигиранд. Хонум Кумбат Қодиралиева-сухангӯи ин вазорат 13 май ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, 6 ширкат амрикоӣ ва як ширкати дигар суэдӣ ё шведӣ мебошанд. Ба гуфтаи Қодиралиева, дархости чанд ширкати дигари хориҷӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва мумкин аст ба онҳо низ иҷозатнома дода шавад. Мақмоти расмӣ мегӯянд, ки додани иҷозатнома ба ин маънист, ки мумкин аст дар ояндаи наздик фарзандхондии кӯдакони қирғиз аз тарафи хориҷиён оғоз ёбад. Фарзандхондии кӯдакони қирғиз соли 2011 боздошта шуда буд, зеро он вақт гӯё барои ришвахорӣ Равшан Собиров-вазири вақти рушди иҷтимоиро дар робита бо фарзандхондӣ боздошт карда буданд. Вале ин иттиҳомоти Собиров исбот нашуд ва вайро дар аввали соли ҷорӣ раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG