“Тоҷикстандарт” номи соҳибони молу маҳсулоти бесифатро пинҳон мекунад. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маҳви маҳсулоти пастсифат дар идораи "Тоҷкистандарт"

Оҷонсии “Тоҷикстандарт” гуфт, тоҷироне, ки молу маҳсулоти бесифат ва мӯҳлаташ гузаштаро "довталабона" ба анборҳои ин ниҳод месупоранд, номашонро ошкор намекунад.

Ин шеваи кор, ба гуфтаи масъулин, барои пешгирӣ аз фиреби истеъмолкунанда ва фуруши молҳои бесифат ва мӯҳлатгузашта дар бозорҳои кишвар мусоидат мекунад. Масъулони “Тоҷикстандарт” мегӯянд, ба хотири ҳамкорӣ ва риоят кардани ҳуқуқи истеъмолкунанда чунин соҳибкорон қадрдонӣ мешаванд.

Иқдоми намоишӣ ё ҳимояи ҳаққи мардум?

Парвиз Муҳибов, сардори нозироти савдои Оҷонсии "Тоҷикстандарт" рузи 21-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, талоши онҳо боис шудааст, ки як ширкати бонуфузи парфюмерӣ садҳо адад маҳсулоти мӯҳлаташ гузаштаро ба анбори ин ниҳод супорад. “Худи шумо дидед, ки ин ширкат 8854 адад маҳсулоти гуногуни парфюмериро оварда супорид. Тибқи тартиби муқаррарагардида, рӯзҳои наздик дар партовгоҳи сахти маишии шаҳри Душанбе бо ҳузури комиссия несту нобуд карда мешавад.”,--афзуд ӯ.

Бисёриҳо ин иқдоми “Тоҷикстандарт”-ро намоишӣ медонанд ва мегӯянд, шояд садҳо тонна маҳсулоти пастсифат то дасти истеъмолкунанда расида бошад ва аз чашми масъулин “пинҳон” монда бошад. Маълум нест, ки солона сокинони Тоҷикистон чӣ қадар маҳсулоти пастсифатро ноогоҳона истеъмол мекунанд.

Бархе истеъмолкунандаҳои дигар аз ин тасмими “Тоҷикстандарт” истиқбол мекунанд ва мегӯянд, ин метавонад барои ҳимояи ҳуқуқи онҳо мусоидат намояд.

Дилрабо, аз харидори маҳсулоти ороишӣ аст ва гуфт, маҳсулоти ороишиву атриётии мӯҳлаташ гузашта дар бозору дӯконҳои Тоҷикистон метавонад, дар ниҳоят ба ҷойи ҳусни бештар дарди сари зиёд эҷод кунад. “Вақте фурушандаҳоро ҷарима мекунанд ё номи онҳоро ошкор мекунанд, шояд муштариёнро аз даст медиҳанд. Обрӯи ширкат коста мешавад. Ин ба фоидаи худи соҳибкорону ширкатҳо ҳам ҳаст.”,--гуфт ҳамсуҳбати мо.

23 тонна моли бесифат ошкор шуд. Чӣ қадар пинҳон монд?

Дар ин ниҳод гуфтанд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, тоҷирону соҳибкорон бештар аз 23 тонна молу маҳсулоти пастсифат ва мӯҳлати истифодааш гузаштаро барои нобуд кардан ба анборҳои оҷонсии “Тоҷикстандарт” супоридаанд.

Инчунин дар ним сол, масъулини ин ниҳод, тоҷирон ва соҳибкоронеро, ки молу маҳсулоти пастсифат ва мӯҳлаташ гузаштаро ба фуруш гузошта буданд, дар ҳаҷми бештар аз 620 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Сокинон ба ин боваранд, ки садҳо тонна маҳсулоти дигари пастсифат бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла дигар кардани мӯҳлати истифода, то дасти онҳо мерасад.

Мансур Сафарзода, муовини раиси Оҷонсии “Тоҷикстандарт” гуфт, “ҳангоми гузаронидани санҷишу мониторинги бозорҳои кишвар 1364 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои савдо, риоят накардани талаботи санад ва ҳуҷҷатҳои техникӣ ошкор карда шудааст ва нисбати ин субъектҳо чораҳои маъмурӣ андешида шудааст”.

Фалсафаи "через"

Соҳибкорон мегӯянд, риоят кардани талаботи сифати молу маҳсулот дар бозор боиси ҷалби бештари харидорон ва бозоргир шудани молу маҳсулоташон мешавад. Соҳибкор Дилшод Қодиров гуфт, “ин кори хуб аст, вале агар мақомот дар ин кор ҳам “через”-ро истифода накунанд ва ҳамаро бо як чашм нигоҳ кунанд”.

Сарфи назар аз ин иқдомҳои мақомоти “Тоҷикстандарт”, бархе харидорон шикоят мекунанд, ки ҳоло низ дар бозорҳои Тоҷикистон молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта зиёд аст. Дар нимсолаи аввал ба “Тоҷикистандарт” аз чунин ҳолатҳо 50 нафар шикоят кардаанд, ки ба гуфтаи ин ниҳод ин рақам нисбат ба солҳои қаблӣ хеле коҳиш ёфтааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Кашфи беш аз 2000 тонна маҳсулоти пастсифат дар бозорҳои Тоҷикистон. 7 ҳазор касро ҷазо додаандМақомоти Суғд аз мусодираи ҳаҷми калони ғизои пастсифат хабар додандТоҷикон харидани бозичаҳои чиниро кам кардаанд. ВИДЕО"Дар гармии 700 дараҷа намесӯзад." Қанди арзон, вале хатарноки Чин дар бозорҳои Тоҷикистон. ВИДЕОШаҳрвандон бепарвоянд ё ҳақталош? Ду нигоҳ ба виҷдони мардумДоруҳои зиёновар, қочоқи дору ва саноати дорусозии Тоҷикистон. Таҳқиқоти Радиои Озодӣ. ВИДЕОТоҷистандарт: "Агар маҳсулоти пастсифатро дидед, ба мо бигӯед”