Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон харидани бозичаҳои чиниро кам кардаанд. ВИДЕО


Умедҷон Шарипови шашсола ҳамроҳи модараш ба фурӯшгоҳи "Садбарг" барои интихоби бозичаи навбатӣ рафтааст. Вай бо шавқ мошинчаеро тамошо ва ба харидани он пойфишорӣ мекард. Мошинча оддӣ не, бо қувваи барқ ҳаракат мекунад. Таҳмина Шарипова мегӯяд, писараш аз "бозича бой аст", "мошинчааш ҳам хеле зиёд аст", вале аз пеши мошини навбатӣ гузашта натавонист.

Таҳмина Шарипова мегӯяд, таҷрибаи ӯ нишон медиҳад, ки аксари бозиҳои фурӯшии бачагона дар Тоҷикистон пастсифат ҳастанд, зуд аз кор мебароянду мешикананд, вале ба ҳамин хотир аз назари нарх ҳам хеле дастрас мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, даврони бачагии ӯ замони шӯравӣ барои кӯдакон бозӣ чандон зиёд набуд, вале, ба гуфтааш, "ҳамон як-дуто ҳам бошад, бисёр азиз буд, вале ҳоло зиёд асту беқадр шудааст".

Таҳмина Шарипова мегӯяд, мушкили дигари бозиҳои замони имрӯз ин аст, ки дар миёни маҳсулоти дастрасу арзон аз назари рангу маҳсулоти таҳияшуда зиёноварашон ҳам кам нест. Шарипова гуфт: "Дар бораи зарарнок будани онҳо дар расонаҳои тоҷик матолиби зиёдеро мутолиа кардам. Вале бозичаҳои чинӣ нисбат ба бозичаҳои хориҷии дигар арзонтаранд".

Ахиран мақомоти тоҷик аз коҳиши ҳаҷми воридоти бозиҳои бачагона ба кишвар хабар доданд. Қудрат Давлатзода, раиси "Тоҷикстандарт" рӯзи 3-уми феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш гуфт, "соли гузашта ба Тоҷикистон асосан аз Чин 150 тонна бозичаҳои пластикӣ барои кӯдакон ворид карда шуд. Аммо соле қабл ин рақам баробари 265 тонна буд. Яъне, дар як сол воридоти бозичаҳои пластикӣ аз Чин 115 тонна кам шуд. Ҳоло низ як миқдор бозичаҳо аз Чин ва Узбекистону Русия ворид карда мешавад. Аммо, коҳиши воридоти бозичаҳо аз Чин ба фаъол шудани коргоҳи тавлиди бозичаҳо дар вилояти Суғд рабт дорад".

Ин мақоми тоҷик дар бораи сифати ин маҳсулот чизе нагуфт, вале дар гузашта бархе дигар масъулин дар ҳукумати Тоҷикистон аз ворид шудани маҳсулоти пастсифати арзон аз Чин ва риоя нашудани меъёрҳои бехатарӣ интиқод карда буданд.

Корхонаи тавлиди бозичаҳо дар шаҳри Хуҷанд соле қабл фаъол шуд ва иттилоъ дода шуда буд, ки дар марҳилаи аввал ин корхона то 50 намуди бозичаҳо, анвои мухталифи дучархаҳо ва аробачаҳои бачагона тавлид мекунад. Ба иттилои Дилором Умарова, бунёдгузори ин корхона, ки бо сармояи хусусии ду миллион долларӣ сохта шудааст, дар оянда анвои тавлидоти бозичаҳои бачагона афзоиш меёбад, вале онҳо аз ашёи хоми воридотӣ аз Чин сохта мешаванд.

Вале ба андешаи дигар сокинони Тоҷикистон, қотеона гуфтани ин, ки ҳама маҳсулоти чинӣ бесифат ё пастсифат аст, хато мебошад. Мадина Зарифова, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, сифати бозичаҳои ба Тоҷикистон воридшаванда бояд мисли ҳар чизи дигари воридотӣ назорат шавад.

Зарифова гуфт: "Тамоман манъ кардан дуруст нест. Бояд воридоти бозичаҳои бачагона аз Чинро мақомоти давлатӣ назорат кунанд ва ҳамоне, ки истифодааш иҷоза дода мешавад, бояд ба фурӯш бароварда шавад".

Дар ҳоле, ки баҳси сифати бозиҳои бачагона барои волидони хаҷкунандаи маблағи он муҳим мебошад, тоҷирону фурӯшандагон манфиатҳои худро доранд. Маҳсулоти бесифат, ки бо пули кам харида шудааст, маъмулан зуд аз кор мебарояд ва муштарӣ аз пайи харидани навъи нави он мешавад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи бархе тоҷирон, айб дар фурӯшанда нест, ин шароитест, ки бисёр хонаводаҳои тоҷик аз назари даромад барои худ муносиб мебинанд. Ясмина, фурӯшандае дар маркази тиҷоратии "Садбарг" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз лиҳози нарх ва сифат барои сокинони Тоҷикистон танҳо бозичаҳои сохти чинӣ қобили қабул аст.

Вай афзуд, "агар ҳоло воридоти бозичаҳои чиниро комилан манъ кунанд, тоҷирон онро аз кишварҳои дигар меоранд. Дар ин сурат нархи бозичаҳо бамаротиб меафзояд ва бештаре аз сокинони Тоҷикистон тавони харидории онро нахоҳанд дошт".

Дар ҳамин ҳол, профессор Аброр Мирсаидов, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи масоили иқтисодӣ ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон аз коҳиши воридоти бозичаҳои чинӣ истиқбол кард.

Мирсаидов мегӯяд, "шояд, дар пайи чунин тасмим бархе аз тоҷирон суди худро аз даст диҳанд. Аммо нафъи иҷтимоиву экологӣ аз ин амр хеле зиёд хоҳад буд. Зеро, саноати Тоҷикистон бо истифода аз масолеҳи безарар барои кӯдакони мо бозичаҳо тавлид мекунанд. Гузашта аз ин, бозичаҳои сохти Тоҷикистон баёнгари арзишҳои миллии тоҷикон мешаванд".

Дар кишваре бо ҷамъияти беш аз 9 миллион нафар, ки соле ба ҳисоби миёна беш аз 260 ҳазор тифли нав таваллуд мешавад, бозори бозичаҳо ҳамеша гарму серхаридор боқӣ мемонад. Тибқи оморӣ расмӣ, ҳудуди сӣ дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони зери 18-сола ташкил медиҳанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG