Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Суғд аз мусодираи ҳаҷми калони ғизои пастсифат хабар доданд


Гӯшаи фурӯши панир дар як маркази тиҷоратӣ
Гӯшаи фурӯши панир дар як маркази тиҷоратӣ

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар Хуҷанд, аз ҷониби маркази ҷумҳуриявии назорати санитариву эпидемиологӣ беш аз ду ҳазор кило маводи хӯроквории пастсифат ва мӯҳлати истифодаашон гузашта аз марказҳои савдои шаҳр мусодира ва нобуд карда шудаанд. Дар ин бора рӯзи 21 декабр сухангӯи шаҳрдории Хуҷанд ба матбуоти маҳаллӣ хабар додааст. Бархе аз ин маҳсулот баъди анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ аз сӯи соҳибкорон ва ширкатҳо довталабона барои маҳв кардан пешниҳод шудаанд. Намояндагони маркази назорати санитариву эпидемиологӣ мегӯянд, тавассути ин маводи ғизоӣ имкон дошт ба саломатии сокинон зарар бирасад. Дар байни маҳсулоти аз муомилот мусодирашуда, аз ҷумла консерваҳои худсохти хонагӣ низ будааст. Ба гуфтаи мутахассисон дар сурати риоя нашудани меъёрҳои тозагӣ, истифода аз маҳсулоти дорои маводи кимиёии зиёд, дар дохили консерва таҷзияҳои кимиёӣ мегузарад ва метавонад ба заҳр табдил шавад. Дар гузашта чандин ҳолате расонаӣ шудаанд, ки аъзои хонаводаҳо баъди истеъмоли чунин консерваҳо ба ҳалокат расиданд. Аз ҷумла дар моҳи гузашта бар асари истеъмоли консерваи бодирингу помидор дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 7 нафар заҳролуд шуда, яке аз онҳо фавтид.

XS
SM
MD
LG