Оҷонси "Тоҷикстандарт" дар як сол беш аз 2 ҳазор тонна молу маҳсулоти пастсифатро дар бозору фурӯшгоҳҳо кашфу мусодира кардааст. Дар ин бора раҳбарони ин ниҳод дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар доданд ва гуфтанд, ин маҳсулот барои сиҳатӣ зиёновар буд.
Диловар Пирназарзода, муовини раиси Оҷонси “Тоҷикстандарт” гуфт, “аз ин маҳсулот 451 ҳазор килоя маҳсулоти гӯштӣ, 160 ҳазор кило равғани растанӣ, 22 ҳазор литр машрубот, 44 ҳазор кило маҳсулоти қаннодӣ ва ғайра ошкор шудаанд."
Намояндагони "Тоҷикстандарт" гуфтанд, фурӯшандаҳои ин маҳсулот барои фиреби сокинону риоя накардани қоидаҳои нигаҳдории маҳсулот ҷазо гирифтанд.
Пирназарзода мегӯяд, "7 ҳазору 970 нафар муҷозот шудаанд, барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва фиреби истеъмолкунандагон."
Сокинон дар бораи сифати маҳсулот дар бозору мағозаҳо назарҳои гуногун доранд. Нозанин Мирзоева, сокини пойтахт, мегӯяд, "баъзе чизҳое ҳаст, ба мисли ҳасиб, ки муҳлаташон гузаштааст. Бисёр маҳсулоте ҳаст, ки кӯдакон мехӯранду касал мешаванд. Ҳозир дар Тоҷикистон касалии пӯст зиёд шудаааст. Инҳо ҳамааш аз "химикат" мешаванд."
Сокини ноҳияи Фархор Ҷӯрахон Аҳмедов мегӯяд, «маҳсулоте, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад, сифати хуб дорад. Мо бисёртар маҳсулоти худиро мехарем, аз хориҷаро намегирем. Барои ин ки аз худамон дақиқ аст."
Ҳарчанд нозирони “Тоҷикстандарт” фурӯши маҳсулоти ба саломатии мардум зарароварро ба бемасъулиятии тоҷирон рабт медиҳанд, тоҷирон ба ин иддао розӣ нестанд.
Ташриф Ҳукуматов, соҳибкори тоҷик гуфт, "молҳое, ки ба мо ширкатҳо дастрас мекунанд, бо сертификатҳо қабул мекунем. Онҳо ба муҳлати 6 моҳ ё 1 сол ҳастанд. Харидорон агар суроғ кунанд, барои молҳо сертификатро нишон медиҳем."
Фурӯши маҳсулоти пастсифат дар бозорҳои Тоҷикистон борҳо нигаронии сокинонро ба миён овардааст. Бо вуҷуди фаъолияти ин ниҳод ва дигар идораҳое, ки ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии маҳсулоти пастсифат кор мебаранд, интиқодҳо аз вуҷуди маҳсулоти ғайристандартӣ дар бозорҳои кишвар пайваста садо медиҳанд.