Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки
озод кунанд. Мақомот онҳоро ба иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ, дастгир кардаанд. Наздиконашон “сохтаву бофта” медонанд.
“Ягона гуноҳашон ин буд, ки...”
Изҳороти Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон рӯзи 21-уми июл нашр шуд. Гулноза Саид, ҳамоҳангсози созмон барои кишварҳои Осиёӣ Марказӣ ва Аврупо, гуфтааст, чаҳор хабарнигор “ноадолатиҳои иҷтимоӣ”-ро бозтоб медоданд.
“Ба ифротгароӣ муттаҳам шудани онҳо шубҳаовар аст ва тарсро аз мавҷи нави саркӯби матбуот дар Тоҷикистон ба миён овардааст,” – гуфт Гулноза Саид. "Ягона гуноҳи онҳо гузориш додан дар мавзӯъҳои ҳассос аст," -- афзудааст ӯ.
Мақомот ба ҷуз аз эълони иттиҳомҳо дар бораи парвандаи рӯзноманигорон шарҳе надиҳанд. Илова ба ин, парвандаи Далери Имомлӣ махфӣ аст. Ҷузъиёти парвандаҳо ба ҷомеа ва расонаҳо пурра рӯшан нест.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ, ки моҳҳои охир барои Ютуб гузориш омода мекарданд, рӯзи 15-уми июн аз тарафи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе боздошт шуданд.
Ғурбатӣ дар оғоз танҳо ба зӯроварӣ алайҳи кормандони пулис гумонбар буд, баъдан ӯро ба узвият дар Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ муттаҳам карданд.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бозпурсиҳо иттиҳомро рад кардааст. Масъулони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар хориҷа низ гуфтанд, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳеч гоҳ узви ҳизб набуд ва иртиботе надорад.
Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар аст. Пеш аз махфӣ шудани парвандааш вакили мудофеъ гуфта буд, ки ӯ иттиҳоми соҳибкории ғайриқонуниро пазируфта, аммо таъкид кардааст, ки роҳҳои чӣ гуна супурдани молиётро намедонист.
Наздикони ду рӯзноманигор ба хотири ба гуфтаашон “бадтар нашудани вазъи онҳо” намехоҳанд, ошкоро гап зананд, вале пайваста ба бегуноҳии Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ таъкид мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Ифротгаро набуд, камбудиҳоро мегуфт"
Ду хабарнигори дигар, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзҳои 8-9-уми июл дастгир шуданд. Саидаминиро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” муттаҳам медонанд. Пирмуҳаммадзода ба ифротгароӣ гумонбар аст. Иттиҳоме, ки наздиконаш онро қабул надоранд ва “бофта" мехонанд.
Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш “танҳо ҳақиқатро мегуфт".
“Ба ӯ бисёр гуфтанд, ки гап назан. Вай барои ислоҳи камбудӣ мегуфт. Мақомоти мо баръакс карданд. Бародари ман ифротгаро набуд. Ҳама наворҳояш ҳаст, ягон касро ба муноқиша даъват накардааст. Мақомоти мо ошкоро гӯянд, ки барои чӣ ҳамин иттиҳомро ба бародари ман заданд. Худам дар ҳолати шок ҳастам,” – афзуд ӯ.
Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода мегӯянд, 16 рӯз боз мақомот ӯро нишон намедиҳанд. Маълум нест, рӯзноманигор дар куҷо ва таҳти чӣ шароите аст.
Абдукарим Пирмуҳаммадзода мегӯяд, чанд рӯз пеш аз боздошт бародари ӯро дар идораи пулиси Ваҳдат шиканҷа кардаанд ва ӯ ба Вазорати корҳои дохилӣ шикоят карда буд. Ҳодисае, ки ба гуфтаи пайвандони Пирмуҳаммадзода таҳқиқ нашуд ва баръакс “ӯро чап гирифтанд.”
Боздошти пайиҳами хабарнигорон баъд аз воқеаҳои моҳи майи имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифт. Аз он муддат то ҳоло дар умум 7 рӯзноманигор ва блогер дастгир шудаанд. Улфатхонум Мамадшоева, Хушом Ғулом ва Муҳаммад Султон аз ҷумлаи онҳоянд.
Вокуниш ба боздошту бозпурсии пайиҳами журналистон ва блогерҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ асосан манфӣ буда, коршиносон бовар доранд, “ин воқеаҳо боиси паст шудани обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ мегардад”.