Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммади Султонро ба Боздоштгоҳи КДАМ бурдаанд


Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон)
Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон)

Пайвандони Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон), рӯзноманигор ва сарҳанги бознишастаи амният, гуфтанд, ки ӯро 4-уми июл аз Боздоштгоҳи муваққатии умури дохилӣ ба Боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бурдаанд, аммо сабабаш маълум нест. Кӯшишҳои мо барои гирифтани шарҳи мақомот то ин дам бенатиҷа буд.

Мавлоназаров, ки солҳои охир амалкарди мақомоти қудратиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекард, рӯзи 16-уми июни имсол дар хонааш дар Душанбе дастгир шуд. Мақомот аз он замон то ҳоло сабаби боздошт ва иттиҳоми зидди ӯро нагуфтаанд.

Яке аз наздикони Муҳаммади Султон 8-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз рӯзе, ки ба Боздоштгоҳи КДАМ бурда шуд, хӯрок ва либос ҳам бурда наметавонем. Иҷозаи мулоқот намедиҳанд. Намедонем, чӣ ҳол дорад."

Муҳаммади Султон 25 сол дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст. Аз он пеш, дар солҳои 70-ум, дар рӯзномаи "Комсомолетс Таджикистана" фаъолият дошт.

Солҳои охир дар саҳифааш дар Фейсбук назари худро дар пайванд ба кори мақомот, аз ҷумла ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон менавишт ва раҳбарони онҳоро сахт танқид мекард.

Зидди амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар Бадахшон буд, ки ба иттилои расмӣ 16, вале ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ то чиҳил кушта барҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG