Як гуруҳ аз муфаттишони Додситонии кул барои таҳқиқи кори Рустам Саидаҳмадзода, додраси пешин, аз Душанбе ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтаанд. Саидаҳмадзода, ки бо "ҳукми сафед"-аш маъруф аст, моҳи июни имсол дастгир шуд. Мақомот ӯро ба пахши ахбори дурӯғ ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ муттаҳам медонанд, аммо худаш гуфтааст, бегуноҳияшро исбот хоҳад кард.
Тафтиши ҷойи кору иқомат
Як манбаъ дар Додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 22-юми июл гуфт, "гурӯҳи тафтишотӣ зери раҳбарии Ҳаитмурод Исмоилзода, муфаттиши калони Додситонии кул" дар минтақа ҳастанд. "То судури фармони президент маҳалли кору иқомати додрас тафтиш нашуда буд," – афзуд мусоҳиби мо ба шарти зикр нашудани номаш.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон 6-уми июл фармони барканории Рустам Саидаҳмадзодаро содир кард ва ӯро ба "кирдоре" муттаҳам донист, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад". Дар фармон дақиқ нагуфтаанд, ки гап дар бораи чӣ меравад, аммо дертар раиси Додгоҳи олӣ зердасташро ба баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва дидаву дониста додани хабари дурӯғ гумонбар донист.
Худашу пайвандонаш иттиҳомро сохта медонанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Баҳси "ҳамл" ва "хариди хона". Чаро котибаи додраси тоҷикро боздошт карданд? ВИДЕОЧанде аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд тасдиқ карданд, ки муфаттишони Додситонии кул аз онҳо дар бораи тарзи кору зиндагии Рустам Саидаҳмадзода пурсидаанд.
"Аслан бо онҳое суолу ҷавоб мекунанд, ки ба қабули додрас рафта, бо ӯ мулоқот доштанд. Дар дасти баъзе аз аъзои гуруҳ акси Рустам Саидаҳмадзода аст. Онҳо дар ошхона ё мағозаву гӯшаҳои дигар аз мардум мепурсанд, ки оё ӯро мешиносанд ё не ва чӣ гуна кору зиндагӣ дошт," -- афзуд мусоҳиби мо.
Ин бозҷӯйӣ чанд муддат идома хоҳад кард, маълум нест. Кӯшиши мо барои фаҳмидани назари аъзои гурӯҳи корӣ то ин дам бенатаҷа аст.
Ҳукме, ки ҷанҷолӣ шуд
Рустам Саидаҳмадзодаи 43-сола панҷ сол боз дар Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор мекард. Номи ӯ соле пеш ва баъди онки нисбати як сокини вилояти Суғд "ҳукми сафед" бароварду зери фишор монд, расонаӣ шуд. Дар Тоҷикистон, ки додгоҳ як шохаи ҳокимият асту мақомот онҳоро озод ва мустақил мешуморанд, вале созмонҳои байнулмилалӣ пойбанди ҳукумат медонанд, "ҳукми сафед" хеле кам содир мешавад.
Он замон Коллегияи тахассусии Додгоҳи олии Тоҷикистон Саидаҳмадзодаро ба вайрон кардани интизоми корӣ гунаҳкор донист ва огоҳӣ дод. Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон ё ICJ баръакс аз мақомот хост, фишорро бас карда, озодии додрасҳоро халалдор накунанд.
Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъолият доранд. Онҳоро раиси ҷумҳур таъин мекунад.
Ба иттилои расмӣ, аз аввали имсол чаҳор додрас боздошт шудаанд. Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси пешини Додгоҳи Хуҷанд ва зердасташ Рустам Муҳаммадсаидзода ба гирифтани ришва гумонбаранд. Як додраси Додгоҳи ноҳияи Сино, ки номаш фош нашудааст, низ ба гирифтани ришва гумонбар аст.