Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додраси машҳур бо "ҳукми сафед" дар Душанбе боздошт шудааст


Рустам Саидаҳмадзода. Аксро наздиконаш аз бойгонии хонаводагӣ фиристоданд
Рустам Саидаҳмадзода. Аксро наздиконаш аз бойгонии хонаводагӣ фиристоданд

Рустам Саидаҳмадзода, додраси 43-солаи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 29-уми июн дар Душанбе дастгир шудааст. Дар ҳоли ҳозир шарҳи мақомот дастрас нест. Яке аз наздиконаш гуфт, муфаттишони Додситонии кул ӯро ба "дидаву дониста расондани хабари бардурӯғ" гумонбар кардаанд. Ба иттилои манбаъ, "як ҳафта пеш котибааш низ боздошт шуда буд".

Номи Рустам Саидаҳмадзода соле пеш ва баъди онки нисбати як сокини вилояти Суғд "ҳукми сафед" бароварду зери фишор монд, расонаӣ шуд. Дар Тоҷикистон, ки мақомот додгоҳҳоро озоду мустақил мешуморанд, аммо созмонҳои байнулмилалӣ пойбанди ҳукумат медонанд, "ҳукми сафед" хеле кам содир мешавад.

Он замон Коллегияи тахассусии Додгоҳи олии Тоҷикистон Саидаҳмадзодаро ба вайрон кардани интизоми корӣ гунаҳкор донист ва огоҳӣ дод. Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон ё ICJ баръакс аз мақомот хост, фишорро бас карда, озодии додрасҳоро халалдор накунанд.

Хешовандони Рустам Саидаҳмадзода иддао доранд, ки ӯро 29-уми июн маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД боздошт карданд. Ба нақли онҳо, "вай ду рӯз пеш аз бемористон ҷавоб шуда", дар Душанбе будааст.

"Дар дохили Адвокатураи "Кафолат" дар маҳаллаи 33-юми пойтахт дастгир карда, ба Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилӣ бурданд. Ба вакили мудофеъ иҷоза надоданд, ки ӯро бинад," -- гуфт яке аз пайвандонаш. Ҳамсуҳбати мо нахост, ба далели ҳассос будани масъала номашро зикр накунем.

Кӯшишҳои мо барои гирифтани шарҳи бештар аз Додситонии кулли Тоҷикистон ва Раёсати корҳои дохилии пойтахт дар робита ба боздошти додрас Рустам Саидаҳмадзода бенатиҷа буд.

Яке аз ҳамкорони Рустам Саидаҳмадзода гуфт, ӯ бар асоси қисми дуи моддаи 346-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ дар мавриди содир шудани ҷиноят" гумонбар аст, аммо тафсилоташро намедонад. Ин банди қонун то панҷ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Додрасҳо дар Тоҷикистон аз дахлнопазирӣ баҳраваранд ва онҳоро президент таъйину барканор мекунад.

Саидаҳмадзода соли 2017 додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шудааст. Пеш аз он дар Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон кор мекард.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъоланд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

Мақомот ошкоро намегӯянд, ки ин додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.

XS
SM
MD
LG