Пайвандҳои дастрасӣ

ICJ аз Тоҷикистон хост, додрасеро, ки "ҳукми сафед" содир кард, таъқиб накунад


Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон (ICJ) бо нашри баёния аз мақомоти додгоҳии Тоҷикистон хост, парвандаи интизомиро нисбат ба Рустам Саидаҳмадзода, додрасе, ки "ҳукми сефед" содир карда буд, қатъ кунанд.

Ин созмон таъкид кардааст, додрасҳо дар қабули қарор бояд озод бошанд ва ҳуқуқ доранд, "дар асоси қонун ва арзёбии инфиродии далелҳо" ҳукм содир кунанд. Ин баёнияи Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон рӯзи 15-уми июл дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Додрас "ҳукми сафед" бароварду огоҳӣ гирифт

Даъвати ин созмони байналмилалии ҳуқуқшиносон дар ҳолест, ки Додгоҳи олӣ рӯзи 1-уми июл алайҳи Рустам Саидаҳмадзода, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки як сокини вилояти Суғдро "сафед" карда буд, парвандаи интизомӣ кушод. Коллегияи тахассусии Додгоҳи олӣ рӯзи 9-уми июл кирдори Саидаҳамадзодаро баррасӣ карда, ба ӯ огоҳӣ додааст.

Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон дар баёнияи худ гуфтааст, бо тақозои Додситонии кул боз шудани парвандаи интизомӣ нисбат ба додрас, "дахолати мустақим ба кори додрас" мебошад ва дар умум мустақилии додгоҳҳоро дар Тоҷикистон ба ҳам мезанад.

Темур Шокиров, мушовири аршади ҳуқуқии барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон, дар баёния гуфтааст, "низоми мустақили адлия, ки бар пояи волоияти қонун амал мекунад, бояд як ҳисса ҳукмҳои сафед дошта бошад."

Аммо дар Тоҷикистон ба гуфтаи ин комиссиюн, аз додрасҳо интизор доранд, ки аз фикри айбдоркунӣ ҷонибдорӣ кунанд ва муҳокимаи парвандаҳои ҷиноӣ амалан ба як раванди "формалӣ" табдил ёфтааст. Ин созмон таъкид кардааст, ки бекор шудани қарорҳои содиркардаи додрас, набояд боис ба боз шудани парвандаҳои интизомӣ нисбат ба ӯ шавад.

Дар парвандаи интизомии Рустам Саидаҳамадзода, ки қаблан дастраси Радиои Озодӣ шуда буд, Додгоҳи олӣ маҳз рӯи қарорҳое таъкид дошт, ки додрас содир кардааст, вале баъдан он дар зинаҳои болоӣ бекор шудааст. Ба навиштаи Додгоҳи Олӣ дар соли 2020 ва 5 моҳи соли 2021 панҷ қарори додрас Саидаҳмадзода аз сӯи зинаҳои дигар бекор шудаанд, ки аз "бемасъулиятии мунтазам ва вайронкунии дағалонаи талаботи қонунгузорӣ роҳ додани ӯ ҳангоми қабули қарорҳои судӣ шаҳодат медиҳад".

Дар панҷ қароре, ки Додгоҳи олӣ аз он ёдовар шудааст, додрас Саидаҳмадзода парвандаҳоро ба тафтишоти иловагӣ бозгардонида дар нисбати айбдоршавандаҳо ҳукме содир накардаст. Аммо тавре аз парвандаи бозкардаи Додгоҳи олӣ дар нисбати Саидаҳмадзода бармеояд, баъдан додситонҳо ба ин қарорҳои Саидаҳамадзода эътироз оварданд ва додрасҳои дигар ва ё додгоҳи зинаи болоӣ онро бекор карда аст.

Ҳукми сафед дар Тоҷикистон кам аст

Темур Шокиров мегӯяд, шумораи ҳукмҳои сафед дар Тоҷикистон хеле кам, тақрибан ба сифр баробар аст. "Ин аз набудани эҳтиром ба асли бароат (бегуноҳӣ) ва ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи додгоҳӣ гувоҳӣ медиҳад. Ин парвандаи интизомӣ баёнгари он аст, ки додрасҳо дар Тоҷикистон зери фишор кор мекунанд, ки хилофи волоияти қонун, ҳуқуқ ва меъёрҳои байналмилалӣ дар робита ба мустақилияти додгоҳ аст",- иброз доштааст Темур Шокиров.

​Дар Тоҷикистон хеле кам иттифоқ меафтад, ки додгоҳҳо ҳукми сафед содир кунанд. Барои мисол, Додгоҳи олии Тоҷикистон феврали соли 2020 гуфта буд, дар соли гузашта танҳо 10 нафарро бегуноҳ эълон кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар додгоҳҳои кишвар наздики 11 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG