Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 4-уми июл гуфт, дар нооромиҳо дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон 243 нафар, аз ҷумла 38 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ захмӣ шуда, 18 кас ба ҳалокат расидааст.
Як рӯз пеш раисиҷумҳури Узбекистон дар бораи талафот дар миёни мардуму низомиён хабар дода, аммо рақамеро ба забон наовард. Сомонаи "Дарё" дар Узбекистон рӯзи якшанбе аз қавли як "мансабдори вазорат" навишт, ки "беш аз 1000 эътирозгар захмӣ шудааст."
Мардум мегӯянд, ба зидди ислоҳи Конститутсияи Узбекистон, ки мустақилии онҳоро аз байн мебурд, тазоҳурот карданд. Мақомот онро ғайриқонунӣ ва кӯшиши ғасби идораҳои давлатӣ номиданд.
Расонаҳои Узбекистон рӯзи душанбе бо такя ба сардори хадамоти иттилооти Горди миллии он кишвар, Даврон Ҷумъаназаров, хабар доданд, ки дар ҷараёни бетартибиҳои мазкур 516 кас дастгир шуд. Нисбат ба баъзе онҳо тафтишот идома дошта, иддае ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Ҳамчунин 58 нафарро барои риоя накардани қуюди шабгардӣ дар шаҳри Нуқус боздошт кардаанд.
"Дар натиҷаи бертартибиҳои оммавии рӯзҳои 1 ва 2-юми июл 243 нафар бо захмҳои гуногун ба бемористон муроҷиат карданд. Дар ҳоли ҳозир 94 нафар дар беморхона бистарӣ буда, вазъи бархеашон, аз ҷумла кормандони ҳифзи ҳуқуқ, вазнин аст. Барои намуна, як фармондеҳи Горди миллии Қароқалпоқистон се захми тир бардоштааст ва пойи як фармондеҳи дигар шикастааст," - иттилоъ дод Ҷумъаназаров.
Иттиҳоди Аврупо рӯзи 4-уми июл хост, тазоҳуроти олуда ба хушунат дар Қароқалпоқистон мустақилона таҳқиқу арзёбӣ шавад. Дар изҳорот аз талафоти ҷонӣ ибрози таассуф шуда, аз “ҳамаи ҷонибҳо” хоста шудааст, хештандорӣ нишон диҳанд ва аз хушунатҳо дар оянда пешгирӣ кунанд.
"Иттиҳоди Аврупо аз мақомот даъват мекунад, ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи бунёдӣ ба озодии баён ва озодии гирдиҳамоиро тибқи масъулиятҳои байнулмилалии Узбекистон кафолат бидиҳанд," – омадааст дар изҳорот.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тазоҳурот дар Қароқалпоқистон баъди он баргузор шуд, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи нави Конститутсияро ба баррасии умум гузоштанд. Бар асоси он, “мустақилӣ”-и Ҷумҳурии мухтор аз байн рафтааст. Дертар ва баъди тазоҳуроти хунин порлумони Узбекистон гуфт, мақоми мухтори Қароқалпоқистон нигоҳ дошта хоҳад шуд.
Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон дар ҳудуди Узбекистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави ин кишвари Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.
Феълан дар Қароқалпоқистон, як ҷумҳурии мухтор дар ҳудуди Узбекистон вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст ва то 2-юми августи имсол идома хоҳад кард.