Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Узбекистон. Дар Қарақалпоқистон чӣ мехоҳанд?


Рӯзи 1-уми июл. Шаҳри Нуқус
Рӯзи 1-уми июл. Шаҳри Нуқус

Дар Қарақалпоқистон, як ҷумҳурии мухтор дар қаламрави Узбекистон тазоҳурот сар задааст ва аксаран дар пойтахти ҷумҳурӣ дар шаҳри Нуқус. Раҳпамоиҳо дар шаҳрҳои Чимбой ва Муйнак ҳам сурат гирифтаанд.

Сокинони Қароқалпоқистон ба зидди ислоҳот ба Конститутсияи Узбекистон эътироз кардаанд, ки рӯзи 26-уми июн барои баррасӣ ба маърази умум пешниҳод шуд. Дар тағйиру ислоҳот дар тарҳи нави Қонуни асосии Узбекистон дар банди мақоми Қарақалпоқистон калимаи “мустақил”- ро бардоштаанд ва дар он ишорае ба ҳаққи ҷудо шудани ин ҷумҳурии мухтор аз қаламрави Узбекистон нест.

Бино ба гузоришҳои расонаҳои дохилӣ, ҳамон шоми 26-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъватҳо ба тазоҳуроти оммавӣ садо додааст. Сокинони шаҳри Нуқус навиштанд, ки дар шаҳр дастрасӣ ба Интернет ва хадамоти телефонҳои ҳамроҳ маҳдуд шудааст. Рӯзи 27-уми июн дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳое дида мешуд, ки на камтар аз 100 нафар бо парчами Ҷумҳурии Қарақалпоқистон дар кӯчаҳои Нуқус ҷамъ шудаанд.

Тазоҳурот баъди он авҷ гирифт, ки мақомоти интизомӣ Давлатмурод Тоҷимуродов, хабарнигор ва фаъоли маданиро, ки мардумро ба тазҳурот ба зидди тарҳи нави Конститутсия даъват мекард, дастгир шуд. Хоҳари Тоҷимуродов ба расонаҳо гуфтааст, маъмурони пулис бародарашро аз хона бурдаанд. Баъдан хабари раҳоии ӯ низ нашр шуд.

Расонаҳои дохилии Узбекистон гуфтанд, ки барои пароканда кардани тазоҳурот неруҳои иловагии Горди миллиро ба Қарақалпоқистон фиристондаанд ва боздоштҳо низ сурат гирифтааст. Вазорати умури дохилии Узбекистон бо нашри як баёния гуфт, ки тазоҳурот ғайриқонунӣ аст ва ислоҳу тағйирот ба Қонуни асосиро “нодуруст шарҳ додаанд.”

Мақомоти Қарақалпоқистон рӯзи 2-уми июл гуфтанд, ки як гуруҳ хостаанд, ки “идораҳои давлатиро” ғасб кунанд ва барои ҳамин чанд нафар дастгир шуд. Доир ба теъдоди боздоштшудагон чизе нагуфтаанд ва ишорае ба тазоҳурот нашудааст.

Дар баёнияи ҳукумат ва вазорати умури дохилии Қарақалпоқистон омадааст, ки “созмондиҳандагони беназмӣ” мардумро дар назди идораҳои давлатии Нуқус ҷамъ оварда ва саъй карданд, “идораҳои давлатиро ғасб карда ва аз ин роҳ дар байни ҷомеа тафриқа ангезанд ва вазъи иҷтимоӣ ва сиёсиро дар Узбекистон ноором кунанд.” Дар баёния омадааст, “пеши роҳи созмондиҳандагон гирифта шуд” ва онҳое, ки мухолифат карданд, боздошт шуданд.

Ҷумҳурии Қарақалпоқистон 40 дар сади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад ва аҳолиаш тақрибан 2 миллион нафар аст. Забони расмии он қарақалпоқӣ ва узбекӣ аст. Дар солҳои аввали шӯравии собиқ Вилояти Мухтори Қарақалпоқистон вуҷуд дошт, ки соли 1936 ба қаламрави Узбекистон ҳамроҳ карда шуд.

Соли 1990 баъди пошхӯрии шӯравӣ Шӯрои Олии Қарақалпоқистон Эъломияи истиқлол қабул кард ва соли 1993 аҳдномаи байнидавлатӣ дар бораи ба қаламрави Узбекистон ворид шудани Қарақалпоқистон имзо шуд. Маҳз дар ҳамин аҳднома ҳаққи берун шудани Қарақалпоқистон аз ҳайати Узбекистон зикр шудааст ва айни чиз дар Конститутсияи Узбекистон низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG