Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Узбекистон аз талафот дар байни мардум ва низомиён хабар дод


Раиси ҷумҳури Узбекистон дар Нуқус
Раиси ҷумҳури Узбекистон дар Нуқус

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, гуфт, дар ҷараёни нооромиҳо дар Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистон маъмурони интизомӣ ва ғайринизомиён талафот доданд, вале рақами мушаххасеро ба забон наовард.

Дафтари матбуоти президенти Узбекистон рӯзи 3-юми июл аз қавли ӯ гуфт, "мутаассифона, дар миёни ғайринизомиён ва маъмурони интизомӣ талафот ҳаст."

Пӯлод Охунов, сиёсатмадори мухолиф дар хориҷи Узбекистон, ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, тамоси ӯ бо манобеи маҳаллӣ ва наворҳо ҳалокати камаш панҷ касро тасдиқ мекунанд. Ӯ афзудааст, эҳтимол шумораи қурбониён бештар аз ин аст.

Гирифтани иттилои дақиқ аз минтақа мушкил аст, чун дар онҷо дастрасиро ба Интернет ва телефон маҳдуд кардаанд.

Сокинони Қароқалпоқистон ба зидди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон эътироз карданд, ки рӯзи 26-уми июн барои баррасӣ ба муҳокимаи умум пешниҳод шуд. Дар тағйиру ислоҳот дар тарҳи нави Қонуни асосии Узбекистон дар банди мақоми Қароқалпоқистон калимаи "мустақил"- ро бардоштаанд ва дар он ишорае ба ҳаққи ҷудо шудани ин ҷумҳурии мухтор аз қаламрави Узбекистон нест.

Тазоҳурот дар шаҳри Нуқус, 1-уми июли 2022
Тазоҳурот дар шаҳри Нуқус, 1-уми июли 2022

Рӯзи 27-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳое дида мешуд, ки на камтар аз 100 нафар бо парчами Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар кӯчаҳои Нуқус ҷамъ шудаанд. Тазоҳурот баъди он авҷ гирифт, ки мақомоти интизомӣ Давлатмурод Тоҷимуродов, хабарнигор ва фаъоли маданиро, ки мардумро ба тазоҳурот ба зидди тарҳи нави Конститутсия даъват мекард, дастгир шуд. Баъдан хабари раҳоии ӯ нашр шуд.

Шавкат Мирзиёев рӯзи 3-юми июл эътирозгаронро ба сангпартоиву оташкушоӣ ва ҳамла ба маъмурони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Нуқус, маркази Қароқалпоқистон, муттаҳам кардааст.

Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 40 дар сади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад ва аҳолиаш тақрибан 2 миллион нафар аст. Забони расмии он қароқалпоқӣ ва узбекӣ аст. Дар солҳои аввали Шӯравии собиқ Вилояти Мухтори Қароқалпоқистон вуҷуд дошт, ки соли 1936 ба қаламрави Узбекистон ҳамроҳ карда шуд.

Дар оғози солҳои 90-ум, баъди пошхӯрии Шӯравӣ, Шӯрои Олии Қароқалпоқистон Эъломияи истиқлол қабул кард ва соли 1993 аҳдномаи байнидавлатӣ дар бораи ба қаламрави Узбекистон ворид шудани Қароқалпоқистон имзо шуд.

Маҳз дар ҳамин аҳднома ҳаққи берун шудани Қароқалпоқистон аз ҳайати Узбекистон зикр шудааст ва айни чиз дар Конститутсияи Узбекистон низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG