"Муҳлати ҳабси маъмурияш тамом шуд, аммо раҳо накарданд"

Ӯ дар солҳои 70-ум дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор кардааст

Пайвандони Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон), рӯзноманигор ва сарҳанги бознишастаи амният, гуфтанд, "10 рӯз ҳабси маъмурии ӯ ба поён расид", аммо мақомот натанҳо раҳо накарданд, балки намегӯянд, дар чӣ вазъ аст.

Мавлоназаров, ки солҳои охир амалкарди мақомоти қудратиро танқид мекард, рӯзи 16-уми июни имсол дар хонааш дар Душанбе дастгир шуд. Мақомот аз он замон то ҳоло сабаби боздошт ва иттиҳоми зидди ӯро нагуфтаанд.

Яке аз хешовандони Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "азбаски вакили мудофеъ надорад, намедонем, бо ӯ чӣ мегузарад. Мақомот ба вохӯрии наздикон ва бахусус ҳамсараш иҷоза намедиҳанд."

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ки ба далели амниятӣ нахост, номаш фош шавад, онҳо "ба боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилӣ либосу хӯрок мебаранд".

Мақомоти корҳои дохилӣ ва додситонии пойтахт дар робита ба қазияи Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) изҳори назар намекунанд.

Муҳаммади Султон 25 сол дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст. Аз он пеш, дар солҳои 70-ум, дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" фаъолият дошт.

Солҳои охир дар саҳифааш дар Фейсбук назари худро дар пайванд ба кори мақомот, аз ҷумла ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон менавишт ва раҳбарони онҳоро сахт танқид мекард. Зидди амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар Бадахшон буд, ки ба иттилои расмӣ 16, вале ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ то чиҳил кушта барҷой гузошт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Фишор, таҳдид, боздошт... Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро чӣ интизор аст?HRW аз Тоҷикистон хост, блогерҳоро озод кунад ва фишор ба расонаҳоро поён диҳадАфсари пешини амниятро дар боздоштгоҳи Душанбе "ёфтанд"Муҳаммади Султон (Мамадсултон Мавлоназаров) куҷо шуд? ВИДЕО