Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), як созмони мудофеи ҳуқуқи инсон аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки блогерҳои тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро "фавран" озод кунад. Ин созмон мегӯяд, ки ин ду рӯзноманигори тоҷик ба хотири фаъолияти касбиашон боздошт шудаанд. Human Rights Watch ҳамчунин аз мақомоти тоҷик хостааст, ки фишор ба расонаҳо ва хабарнигоронро поён диҳад.
Сийнат Султоналиева, муҳаққиқи HRW гуфтааст, "танқиди ниҳодҳои давлатӣ ҷиноят нест ва барои ҳамин блогерон бояд фавран озод шуда, иттиҳомҳо алайҳи онҳо бекор карда шавад". Мақомот ба ин изҳорот ҳанӯз вокуниш накардаанд.
Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн аз сӯи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе боздошт шуданд. Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, дуруғпароканӣ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар мешавад. Абдуллоҳ Ғурбатиро ба латту кӯби як корманди пулис гумонбар медонанд. Далери Имомалӣ иттиҳомро қисман қабул кардааст, аммо Абдуллоҳ Ғурбатӣ онро қатъиян рад кардааст.
Дар изҳороти созмони HRW ҳамзамон аз таъқибу фишори рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар як моҳи ахир нигаронӣ шудааст. Аз ҷумла, ин созмони ҳуқуқи башар менависад, мақомоти тоҷик дар моҳи ахир блогер Хушом Гулом ва рӯзноманигор Улфатхонум Мамадшоеваро боздошт карданд. Ҳар ду аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, ки дар онҷо танишҳо байни сокинони маҳаллӣ ва нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дар ҷараёни эътирозҳои моҳи май авҷ гирифт.
Полковники пешини амният ва рӯзноманигори пешин Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) низ бинобар интиқодҳояш аз раҳбари феълии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва шеваи бархӯрди ҳукумат бо тазоҳуроти ахир дар Бадахшон, боздошт шуд. Пайвандонаш гуфтанд, баъди се рӯзи бурда шуданаш ӯро дар боздоштгоҳи Раёсати корҳои дохилии Душанбе пайдо кардаанд.
Дар изҳороти HRW ҳамчунин аз ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее время" ёд шудааст. Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми май замоне рух дод, ки онҳо барои гирифтани шарҳи Улфатхоним Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон, ба хонааш дар Душанбе рафта буданд. Мақомот ӯро ба ташкили тазоҳурот дар вилоят муттаҳам карданд.
Хабаргузории “Азия-Плюс” ҳам худи ҳамон рӯз эълон кард, ки бино бар фишори мақомот аз бозтоби воқеаҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон худдорӣ мекунад. Ин хабаргузорӣ дар изҳороте гуфт, нашри хабарҳо аз Бадахшон метавонанд, сабаби баста шуданаш гарданд.
"Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба озодии баён эҳтиром гузорад ва монеагузорӣ барои фаъолияти касбии рӯзноманигоронро қатъ кунад. Ҳамкорони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бояд аз Тоҷикистон талаб кунанд, ки ӯҳдадории худро дар самти ҳуқуқи инсон риоя кунад",-омадааст дар изҳороти HRW.
Сийнат Султоналиева, муҳаққиқи HRW гуфтааст, назарҳои интиқодӣ барои ҷомеаи демократӣ муҳим аст ва фишор болои ин назарҳо поймол кардани ҳуқуқи инсон аст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ солҳост, ки ҳукумати Тоҷикистонро барои поймол кардани ҳуқуқи инсон танқид мекунанд. Аммо мақомоти тоҷик ҳамвора ин танқидҳоро рад карда, гуфтаанд, ҳуқуқи инсон ва озодии баён дар Тоҷикистон таъмин аст.