Дӯсти Абдуллоҳи Ғурбатиро бозпурсӣ карданд

Муфаттиши додситонии ноҳияи Шоҳмансур Эмомалӣ Сайидзод, корманди хабаргузории "Азия-Плюс" ва аз дӯстони наздики Абдуллоҳ Ғурбатиро чанд соат бозпурсӣ кардаанд.

Мақомот то ҳол мавзуъро шарҳ надодаанд. Ҳамкорони Эмомалӣ Сайидзод гуфтанд, бозпурсии ин рӯзноманигор бегоҳи 24-уми июн сурат гирифт.

Ду масъули хабаргузории "Азия-Плюс" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бегоҳи 24-уми июн чанд корманди Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ба дафтари кории хабаргузорӣ омада Эмомалӣ Сайидзодро суроғ карданд.

"Эмомалӣ дар дафтари корӣ набуд. Ба ӯ занг зада гуфтанд, ки бояд ҳозир шавад. Кормандони додситонӣ як соат зиёд бо Эмомалӣ дар дафтари корӣ суҳбат карданд. Баъд гуфтанд, ки барои пур кардани баъзе протоколҳо бояд бо онҳо ба додситонӣ равад",-афзуд манбаъ.

Дар хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтанд, бозпурсии Эмомалӣ Сайидзод дар бинои додситонӣ се соат давом кард ва ӯро соати 11-и шаб ҷавоб доданд. Худи Эмомалӣ Сайидзод баъди берун шудан аз бозпурсӣ аз суҳбат худдорӣ кард. Ҳамкоронаш гуфтанд, дар додситонӣ аз ӯ баёнот гирифтаанд, то ҷузъиёти бозпурсиро ошкор накунад. Ҳамчунин телефони Эмомалӣ Сайидзодро санад карда гирифтаанд ва ваъда додаанд ки онро бармегардонанд.

Эмомалӣ Сайидзод 24 сол дорад ва барои "Азия-Плюс" гузоришҳои видеоӣ омода мекунад. Сайидзод яке аз дӯстони наздики рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ мебошад, ки 11 рӯз боз дар боздошт аст. Эмомалӣ Сайидзод борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз боздошти Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ интиқод карда буд.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн боздошт шуданд. Додситонии ноҳияи Шоҳмансур Далери Имомалиро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, дуруғпароканӣ ва пайрави аз созмонҳои мамнуъ гумонбар медонад. Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба латту кӯби корманди милиса муттаҳам аст. Пайвандонашон ин айбномаҳоро беасос медонанд. Боздошти ин ду рӯзноманигор вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Садҳо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз мақомот талаб карданд то Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро озод кунанд. Мақомот ба ин талабҳо то ҳол вокуниш накардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Далеру Абдуллоҳ чӣ кор карданд, ки ҳоло паси панҷара ҳастанд? ВИДЕОЧаро муфаттишон Далеру Абдуллоро ба азизонашон нишон намедиҳанд?HRW аз Тоҷикистон хост, блогерҳоро озод кунад ва фишор ба расонаҳоро поён диҳадАбдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори тоҷик ба 2 моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум шудааст"Созмонҳои мамнуъ" ҳама гуна ҳамкориро бо Далери Имомалӣ рад карданд. САДО, ВИДЕО"Ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ". Далери Имомалиро ба ҳабс гирифтанд. ВИДЕОВокунишҳо аз дохилу берун. Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, блогерҳоро озод кунад. ВИДЕОМурофиаи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ баргузор нашудДаъвати журналистони тоҷик аз мақомот: Ба Далеру Абдулло "ниқорталабона муносибат" накунед. ВИДЕО