Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати журналистони тоҷик аз мақомот: Ба Далеру Абдулло "ниқорталабона муносибат" накунед. ВИДЕО


Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ
Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ

Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори тоҷик вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Даҳҳо корбари Фейсбук аз мақомот хостанд ин ду рӯзноманигорро озод намоянд. Мақомот ба ин қазия то ҳол вокуниш накардаанд ва ҳам маълум нест, ки Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ дар куҷо нигоҳдорӣ мешаванд.

Далер ва Абдулло дар куҷоанд?

Далери Имомалӣ рӯзи 15-уми июн дар роҳ ба сӯи Конибодом дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ боздошт шуда, ба Душанбе бурда шуд. Абдулло Ғурбатӣ дар ин рӯз аз сӯи масъулини Додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват ва баъдан боздошт шуд. Рӯзи 16-уми июн вакили дифоъ гуфт, алайҳи Далери Имомалӣ бо иттиҳомҳои "фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ" ва "дидаву дониста додани хабари бардурӯғ оиди содир шудани ҷиноят" бар асоси моддаҳои 259 қисми 1 ва 346 қисми 2 банди А-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Иттиҳоми аввал то ду сол ва иттиҳоми дуввум то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Рӯзноманигор Абдулло Ғурбатиро бар асоси моддаи моддаи 328, қисми 1, яъне "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" гумонбар донистаанд. Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ва ё то ду соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ гуфт, онҳо дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ (ИВС)-и Душанбе нигоҳдорӣ мешаванд. Вале пайвандони Далери Имомалӣ ва ҳам Абдулло Ғурбатӣ гуфтанд, рӯзи 16-уми июн онҳоро дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии шаҳри Душанбе пайдо накарданд. Масъулини додситонӣ ба пайвандони ин ду рӯзноманигор ваъда додаанд, ки дар бинои додситонӣ бо Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ вохӯрӣ мекунанд.

Далер дар бозпурсӣ чӣ гуфт?

Ба гуфтаи вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов, Далери Имомалӣ дар бозпурсӣ гуфтааст, он навори баҳсбарангезро баъди пушаймонӣ тоза карда буд.

Вакили дифоъ аз қавли Далери Имомалӣ гуфт, навори баҳсбарангез соли гузашта сабт шуда, дар он Далер дар бораи як масъули ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур суҳбат мекунад. Дар навори мавриди баҳс худи Далер суҳбат мекунад ва гӯё як мақомдори ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур аз болои он шикоят бурдааст.

Дар масъалаи соҳибкории ғайриқонунӣ Далери Имомалӣ гуфтааст, гарчанде аъзои Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аст, аммо як соли ахир ба фаъолияти блогери машғул буд.

Вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов гуфт, Далери Имомалӣ тасдиқ кардааст, ки давоми як соли ахир ҳарчанд кам, аммо аз фаъолияти блогериаш фоида гирифтааст. Далер гуфтааст, намедонист, ки барои ин фаъолияташ бояд андоз супорад.

Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро боздошт карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

“Абдулло иттиҳомро қатъан рад кард”

Ба гуфтаи вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов, Абдулло Ғурбатӣ дар вақти бозпурсӣ иттиҳоми алайҳаш эълоншуда дар бораи «зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият»-ро рад кардааст. Ғурбатӣ гуфтааст, ягон ният ва мақсади муноқиша бо кормандони милисаро надошт.

Вакили дифоъ аз қавли Абдулло Ғурбатӣ ҳодисаҳоеро, ки зоҳиран боиси эҷоди парванда зидди журналист шудааст, чунин нақл кард: "Маро баъди бозпурсӣ аз бинои ШВКД Шоҳмансур-1 ҷавоб доданд. Дар вақти аз ҳавлии ШВКД баромадан дар назди постгоҳ корманди милиса пеши роҳамро гирифт ва маро дубора ба пулис дароварданд ва эълон карданд, ки ман гӯё корманди милисаро зада бошам."

Бо гузашти як рӯз аз боздошти ин ду рӯзноманигор мақомот то ҳол ягон шарҳи расмӣ надодаанд. Рӯзи 16-уми июн дар Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, роҳбаронашон нест ва барои ҳамин ягон иттилоъ дода наметавонанд.

Даъватҳо ба озод кардани Далер ва Абдулло

Ба ҳабс гирифтани Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Рӯзноманигори тоҷик Раҷаби Мирзо дар як муроҷиатнома аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ хост ба қазияи ин ду рӯзноманигор дахолат кунад.

Раҷаби Мирзо навиштааст, “ду нафар самимонаву содиқона ва беғаразона рисолати касбии худро иҷро мекарданд ва исбот менамуданд, ки дар дохили кишвар ҳоло ҳам василаҳои гуфтани воқеиятҳо вуҷуд дораду барои гуфтани “ҳақиқат” набояд ба гурӯҳҳои иртиҷоиву мухолиф рӯ овард. Дар сурати ниқорталабона муносибат кардани мақомоти Тоҷикистон ба ин ду нафар, танҳо онҳо ба нерӯҳои беруна далел хоҳанд доду бас.”

Шокирҷон Ҳакимов боздошти хабарнигоронро танқид кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Зери ин муроҷиатнома даҳҳо нафар аз рӯзноманигорон ва фаъолон дар Фейсбук имзо гузоштаанд.

Боздошт баъди як бозпурсии баҳсбарангез

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки Далери Имомалӣ 4-уми июни имсол баъди як сабти видеоиаш дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур боздошту бозпурсӣ шуд ва ҳам мушт хӯрд. Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ давоми чанд моҳи охир фаъолона дар бораи кори идораҳои мухталифи давлатии Тоҷикистон гузоришҳои видеоии танқидӣ омода мекарданд ва ин барномаҳои онҳо тамошобини зиёд дорад. Ба эҳтимоли зиёд, шикояти бархе мақомот аз гузоришҳои видеоии танқидиву бепардаи Далери Имомалӣ аз кори сохторҳои давлатӣ боиси боздошти онҳо гардидааст.

Зимнан рӯзи 6-уми июн даҳ созмони рӯзноманигорӣ ва нашрияҳои мустақилу давлатии Тоҷикистон аз мақомот хостанд, ки сабабгорони латукӯби хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ ва блогери шинохта Далери Имомалиро пайдо карда, ҷазо диҳанд.

Солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён танқид мекунанд. Мақомот, баръакс, бовар доранд, ки даҳҳо рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио фаъоланду касе монеи сухани ҳақ нест. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, аз сатҳи озодии матбуот дар кишвар розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG