Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро муфаттишон Далеру Абдуллоро ба азизонашон нишон намедиҳанд?


Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ
Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ

Аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори тоҷик як ҳафта гузашт, вале мақомот ба пайвандони онҳо иҷозаи вохӯрӣ надодаанд.

Наздикони ҳарду рӯзноманигор ҳар рӯз бо умеди дидор ба назди боздоштгоҳи муваққатии вазорати умури дохилӣ дар шаҳрми Душанбе мераванд, вале наметавонанд, азизонашонро бубинанд. Мақомот аз шарҳи масъала худдорӣ мекунанд. Ҳуқуқшиносон манъи вохӯрии боздоштшудаҳо бо наздиконашро хилофи қонун медонанд.

“Агар аҳволашон хуб аст, чаро нишон намедиҳанд?”

Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро рӯзи 15-уми июн кормандони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур боздошт карданд. Ду рӯз баъд додгоҳ амр дод, ҳарду ба ҳабси пешакӣ гирифта шаванд. Мурофиа бидуни ҳузури наздикон баргузор шуд. Волидайни Далери Имомалӣ бахусус ҳамсари ӯ дар додгоҳ бисёр хоҳиш кард, то ба онҳо иҷозаи вохӯрӣ бидиҳанд, аммо мақомот инро рад карданд ва Далери Имомалиро дар мошини сиёҳшиша нишонда, гирифта бурданд. Мурофиаи Абдулло Ғурбатӣ ҳам дур аз чашми пайвандон ва хабарнигорон баргузор шуд.

Талошҳои зиёди пайвандони ду рӯзноманигор барои дидор бо азизонашон бенатиҷа аст. Наздикони Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо далелҳои барои худашон маълум розӣ нашуданд, номашонро зикр кунем. Онҳо дар суҳбатҳои бидуни микрофон гуфтанд, муроҷиатҳои зиёдашон барои дидор бо Далер ва Абдулло бенатиҷа буд.

Яке аз онҳо гуфт: “Як ҳафта ба гуфтан осон аст, одам сад бор мурда зинда мешавад. Намедонем аҳволашон чӣ хел аст, танашон сиҳат аст, онҳоро шиканҷа накардаанд? Чанд бор илтимос кардем, аққалан чанд дақиқа иҷозат диҳед. Лекин муфаттиш имрӯзу пагоҳ гуфта, иҷозат намедиҳад. Мепурсем, мегӯянд, аҳволашон хуб аст. Агар ҳамааш хуб бошад, пас чаро онҳоро нишон намедиҳанд?”

“Муфаттиш дар боздоштгоҳ аст”

Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ дар бораи қазияи рӯзноманигорон бенатиҷа буд. Дар Додситонии ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 16-уми июн гуфтанд, масъулин нестанд. Рӯзи 22-юми июн дар Додситонии Шоҳмансур гуфтанд, муфаттиши парванда дар боздоштгоҳи муваққатӣ аст.

Дар як ҳафтаи боздошт танҳо вакили дифоъ аст, ки ба Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ дастрасӣ дорад. Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои рӯзноманигорон мегӯяд, бозпурсиҳо бо ҳузури ӯ баргузор мешаванд. Шарипов гуфт, аҳволи онҳо дар боздоштгоҳ хуб аст. Вале на мақомот ва на вакили дифоъ шарҳ намедиҳанд, ки сабаби монеа барои мулоқот бо наздикон чист.

Қонунгузорӣ чӣ мегӯяд?

Пайвандони Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ дар ҳоле аз дидор бо азизонашон маҳруманд, ки ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, қонунгузорӣ барои дидори шахси дастгиршуда бо пайвандонаш иҷозат додааст.

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос ва вакили дифои пешин мегӯяд, қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, ки вохӯрии шахси дастгиршуда бо наздиконаш бо иҷозаи ниҳодҳои тафтишотӣ, ё муфаттиш сурат мегирад. Ба таъкиди Қудратов, вохӯрӣ бо хешу табори наздик дар муддати ду ҳафта баргузор шуда, муҳлати мулоқот на камтар аз се соат аст.

“Муфаттиш ҳақ надорад, барои хешу табори наздик иҷозаи вохӯрдан надиҳад. Аммо дар Тоҷикистон муфаттишон бисёртар аз ин сӯистифода мекунанд ва иҷозаи вохӯрӣ намедиҳанд. Гоҳо мешавад, ки ҳатто ба худи ҳимоятгар ҳам иҷозаи вохӯрӣ намедиҳанд. Дар парвандаҳои пурсарусадо онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба адвокат ҳам вохӯрӣ надиҳанд ва аз ваколатҳои худ сӯистифода мекунанд,”- афзуд Шуҳрат Қудратов.

Шикоятҳо аз надидани пайвандон дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои кишвар пештар низ садо дода буд. Мақомот борҳо гуфтаанд, ҳуқуқи боздоштшудаҳо дар кишвар таъмин аст.

Алайҳи Далери Имомалӣ бо иттиҳомоти соҳибкории ғайриқонунӣ, дурӯғпароканӣ ва пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ боздошт шудааст. Абдуллоҳ Ғурбатиро бошад ба муқобилият бо корманди пулис гумонбар медонанд. Далери Имомалӣ иттиҳомро қисман қабул кардааст, аммо Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтааст бегуноҳ аст.

Рӯзи 21-уми июн Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Тоҷикистон хост, Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро "фавран" озод кунад. Созмон гуфт, рӯзноманигорони тоҷик ба хотири фаъолияти касбиашон боздошт шудаанд. Human Rights Watch ҳамчунин аз мақомоти тоҷик хост, фишор ба расонаҳо ва хабарнигоронро поён диҳад.

XS
SM
MD
LG