Тиҷорати паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон. Таъсири "бренд" ё ҳосили инсондӯстӣ?

Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофаш чанд ошхонаву ҷойи хӯрдани яхмос, кошонаи ҳусну сартарошхона ва нуқтаи таъмири мошинҳо аст, ки паноҳҷӯёни афғонистонӣ ташкил кардаанд. Онҳо муштарии худро доранд. Баъзе аз сокинон мегӯянд, ҳарчанд хадамоти афғонистониҳо дар ҳоли афзоиш аст, ҳамоно ба бренд табдил нашудаву мақоми устувор надорад.

Ошпазӣ бо дипломи равоншиносӣ

Дар маркази шаҳри Ваҳдат, дар таҳхонаи баландошёнаи навсохт, ошхонае ҳаст, ки “оши афғонӣ” омода мекунад. Ин ошхонаро бештар “оши Карим” ном мебаранд. Ошпаз Абдулкарим Ҷавод, паноҳандаи афғонистонӣ, пеш аз ғасби шаҳри Кобули Афғонистон аз сӯи “Толибон” дар моҳи августи соли 2021 ба Тоҷикистон омадааст.

“Муштариҳои мо бо гузашти ҳар рӯз меафзоянд. Аз шаҳри Ваҳдат, аз деҳаҳои гирду атроф, ҳатто аз ноҳияҳои дигар меоянд,” – нақл кард Абдулкарим.

Вай равоншинос аст. То замони гуреза шудан дар Кобул, пойтахти Афғонистон аз рӯи ихтисоси худ кор мекард. “Дар даврони донишҷӯӣ ва баъди он ҳар гоҳу ногаҳ барои дӯстон ош мепухтам. Дар Тоҷикистон ин ҳунар ба кор омад”, -- афзуд Абдулкарим.

Ин паноҳҷӯи афғонистонӣ гуфт, ҳарчанд ҳоло корашон равнақи зиёд надорад, дар талоши касби муштарии бештар ва маъруфияти зиёдтар ҳастанд. Дар шаҳри Ваҳдат ба ҷуз аз “оши Карим” яхмоси афғонӣ, дӯкони дӯзандагии афғонистониҳо, кошонаи ҳусн, сартарошхона, нуқтаи таъмири нақлиёт ва баъзе аз нӯшобаҳои истеҳсоли Афғонистон дар мағозаҳо мавҷуд аст.

Ҳарчанд ин номгӯи комили хидматрасонии гурезаҳои афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат нест, ба иттилои сокинон, дар ҳоли бештар шудан аст.

Абдумусаввир Баҳодурӣ, мудири намояндагии муҳоҷирони афғонистонии “Ориёно” дар Тоҷикистон гуфт, тиҷорат ва хидматрасонии афғонистониҳо на танҳо дар шаҳри Ваҳдат, балки дар шаҳри Душанбеву ноҳияи Рӯдакӣ ҳам ба роҳ монда шудааст. Ба бовари Баҳодурӣ, ҳарчанд омори дақиқе мавҷуд нест, метавон тахмин зад, ки “то 20 дарсади муҳоҷирону гурезаҳои афғонистонӣ фаъоланд.”

“Барои кушодани ошхона виза даркор аст. Теъдоди чунин ашхос андак аст. Дӯкондорҳо, соҳибони кошонаҳои ҳусн, дӯкони сартарошӣ, дӯзандагӣ ҳастанд. Касоне ҳам ҳастанд, ки аз як ҷо ба ҷои дигар меваву сабзавот мебаранд. Аз Турсунзода ба Ваҳдат меоранд. Дар ширкатҳои таксӣ кор мекунанд, мардикорони афғонистонӣ зиёданд,” -- афзуд Баҳодурӣ.

Истифода аз хидматрасонӣ - аз рӯи эҳсос инсондӯстӣ?

Сокинони Тоҷикистон, ки аз хадамоти афғонистониҳо истифода мебаранд, мегӯянд, ин хидматрасониҳо дар баъзе маврид вижагии хос надоранд. Аммо ба далели изҳори ҳисси инсондӯстӣ паноҳҷӯёни афғонистониро интихоб мекунанд. Яке аз чунин сокинон Афсона Акобиршоева, хабарнигор ва сокини шаҳри Душанбе аст, ки барои ороиши рӯю мӯяш назди машшотаҳо (ороишгарҳо)-и афғонистонӣ меравад.

“Як духтари афғонистонӣ аст, ороишгар, аз хизматрасониаш истифода мекунам. Сирф ба хотири ин ки муҳоҷир аст ва ба мадади бештар ниёз дорад. Муҳоҷир аст, зиндагиаш сахттар аст,” -- гуфт Афсона.

Ба мушоҳидаи вай, дар шаҳри Душанбе ҳудуди 10 ороишгари афғонистонӣ аст, ки барои занон хидматрасонӣ мекунанд. Афсона мегӯяд, ин навъи хидматрасониҳо тамоюл ба зиёдшавӣ доранд, зеро, “муҳоҷирони афғонистонӣ наметавонанд, кори идорӣ кунанд ва ҳунар меомӯзанду хидматрасонӣ мекунанд”.

Бо вуҷуди афзудани молҳо ва хидматрасониҳои гурезаҳо ҳамоно ин молу хидматрасониҳо ба бренд ё тамға табдил нашудаву маъруфияти умумӣ касб накардаанд. Баҳодурӣ, роҳбари намояндагии муҳоҷирони афғонистонии “Ориёно” гуфт, ин тиҷоратҳо ба хотири он сар мезананд, ки гурезаҳои афғонистонӣ “танбал нестанд ва мехоҳанд, нони худро худ таъмин кунанд”.

“Агар пули кам ҳам даромад кунанд, боз ҳам мехоҳанд, кор кунанд. Хӯрдану хоб рафтанро дӯст намедоранд”, - хулоса кард Баҳодурӣ.