Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорону пизишкони паноҳҷӯ дар Тоҷикистон. Чаро мутахассисони афғонистониро ба кор намегиранд?


Фариди Ҳайдарӣ, пизишки афғонистонӣ
Фариди Ҳайдарӣ, пизишки афғонистонӣ
Паноҳандагони афғонистонӣ мегӯянд, дар миёни онҳо пизишкону омӯзгорон ва мутахассисони фановариҳои наву ҳунарҳои дигар ҳастанд, вале наметавонанд дар Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси худ кор кунанд. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар соли 2021 ҳазорон омӯзгор ва садҳо пизишк Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк карданд ва мактабҳову шифохонаҳои кишвар ба коргар ниёз доранд.

“Кор накунам, ҳунарамро гум мекунам”

Пизишки афғонистонӣ Фариди Ҳайдарӣ соли 2019 ба Тоҷикистон паноҳ овард. Ҳайдарӣ мегӯяд, баъд аз таҳдидҳои зиёд аз сӯи афроди мусаллаҳ ва як ҳамлаи террористӣ дар наздикии беморхонае, ки онҷо кор мекард, маҷбур шуд, кишварашро тарк кунад.

Фариди Ҳайдарӣ соли 1992 Донишгоҳи тиббии Кобулро хатм карда, аз ҳамон вақт то 2019 дар Шифохонаи Ҷумҳурияти Афғонистон ба ҳайси ҷарроҳ кор кардааст. Вай мегӯяд, дараҷаи илмӣ ҳам дорад ва дар баробари ҷарроҳӣ ба донишҷӯёни бахши пизишкӣ дарс медод.

Ба гуфтаи ин пизишк, ноамнӣ дар Афғонистон ҳам табобат ва ҳам таълимро аз ӯ гирифт ва вай ба ночор гуреза шуд: “Як пизишк наметавонад, дар шароити ноором кор кунад. Мо аз ду ҷониб зери фишор будем: ҷангҷӯён ба иловаи ин ки бо зӯр аз мо маблағ талаб мекарданд, барои дармони ҳамсафону наздиконаш мебурданд. Аз сӯи дигар мақомоти давлатӣ таъкид мекарданд, ки ҷангҷӯёнро дармон накунем.”

Аксар паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, зиндагӣ мекунанд
Аксар паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, зиндагӣ мекунанд

Акнун дар Тоҷикистон паноҳгоҳ ёфтааст, аммо наметавонад, аз рӯи ихтисоси худ кор кунад. Ҳайдарӣ гуфт, барои пайдо кардани кор дар беморхонаву дармонгоҳҳо ё донишгоҳҳои Тоҷикистон нахуст бояд ҳуҷҷатҳои таҳсилоташро баробарарзиш гардонад.

Ба гуфтааш, бо рӯи кор омадани ҳукумати Толибон дар Афғонистон ин кор тақрибан номумкин шудааст. Зеро барои тасдиқи ҳуҷҷати Ҳайдарӣ дар бораи таҳсилоти олӣ аз Вазорати маорифи Афғонистон санад ё тасдиқнома лозим аст. Санаде, ки ба эҳтимоли хеле ҳукумати Толибон нахоҳад дод.

Танҳо Ҳайдарӣ нест, ки аз рӯи ихтисоси худ наметавонад, дар Тоҷикистон кор ёбад.

Монеаи асосӣ чист?

Нигина Паллаева, корманди созмони иҷтимоии “Кӯдакон, муҳоҷирон, шаҳрвандони маъюб”, ки бо паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикисон кор мекунад, гуфт, миёни гурезаҳо омӯзгорон ва соҳибони ихтисосҳои дигар ҳам кам нестанд. Аммо ба далели бо худ надоштани ҳуҷҷат ё баробарарзиш накардани ҳуҷҷатҳо наметавонанд, дар Тоҷикистон аз рӯи тахассуси худ кор кунанд.

“Пизишкҳо ба назди мо меоянд. Аз надоштани ҷойи кор шикоят мекунанд. Мегӯянд, “агар ҳунару ихтисоси худро кор нафармоем, эҳтимол онро фаромӯш кунем”. Монеаи асосӣ барои гурезаҳои афғонистонӣ дар пайдо кардани кор ҳуҷҷатгузорӣ аст,” -- гуфт Нигина Паллаева.

Ширинбек Давлатшоев, корманди созмони иҷтимоии “Инсон ва адолат”, гуфт, қонунгузорӣ ба шахсоне, ки шаҳодатномаи гурезагӣ дарёфт мекунанд, ҳуқуқи фаъолият дар Тоҷикистонро медиҳад.

Ширинбек Давлатшоев
Ширинбек Давлатшоев

“Паноҳандагон ба маҳзи дарёфти шаҳодатномаи гурезагӣ аз ҳамаи ҳуқуқу имтиёзҳое баҳравар мешаванд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз онҳо бархӯрдор ҳастанд. Ба истиснои хидматчии давлатӣ шудан ва фаъолият дар мақомоти милитсия," -- шарҳ дод ӯ.

Дар ҳоле ки маълум нест аз ҳудуди 15 ҳазор гурезаи афғонистонӣ дар Тоҷикистон чӣ теъдод аз онҳо соҳиби маълумот ва ихтисос ҳастанд, дар Вазорати маориф ва илм гуфтанд, аз миёни шаҳрвандони Афғонистон ҳамагӣ 5 нафар дар низоми маориф фаъолият доранд: 2 тан дар мактабҳои миёна ва 3 кас дар мактабҳои олӣ.

“Дар рӯзҳои қабули вазорат паноҳандагони афғонистонӣ барои пайдо кардани кор ба назди вазир меоянд. Вале аввал онҳо бояд баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоташонро анҷом диҳанд,” -- гуфт Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастрас нест, ки дар беморхонаҳои Тоҷикистон чӣ теъдод аз пизишкони афғонистонӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Баробарарзиш сохтани ҳуҷҷатҳои таҳсилот - яке аз шартҳои қабул шудан ба кор дар муассисаҳои давлативу ғайридавлатии Тоҷикистон барои касоне аст, ки ҳуҷҷати таҳсилоти мактабҳои олии кишварҳои хориҷиро доранд. Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон дар як посухи хаттӣ хабар дод, ки аз аввали соли 2019 то охири соли 2021 ба беш аз 1 ҳазор дархости баробарарзиш сохтани ҳуҷҷатҳо (нотрификатсия) посухи мусбат дода шудааст.

Ба суол дар бораи ин ки аз миёни инҳо чӣ теъдод шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан афғонистониҳо буданд, дар Оҷонсӣ посух надоданд.

Далелҳои амниятӣ ва гуногунии низоми таҳсил

Дар ҳоле ки ҳам гурезаҳо ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқи онҳо аз монеаҳои ба кор пазируфта шудани мутахассисони хориҷӣ дар Тоҷикистон гап мезананд, баъзе аз коршиносон ба ҳузури мутахассисони афғонистонӣ дар Тоҷикистон шубҳа доранд. Профессор Абдураҳмон Қурбонов, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, мегӯяд, бар асоси оморҳо, ҳамагӣ 43 дарсади аҳолии Афғонистон босавод ҳастанд.

Абдураҳмон Қурбонов
Абдураҳмон Қурбонов

Ба гуфтаи Қурбонов, бар илова низоми таҳсилоти Афғонистон аз низоми таҳсилоти Тоҷикистон фарқ дорад ва ба ин далел, омӯзгорони афғонистонӣ наметавонанд, дар мактабҳои Тоҷикистон кор кунанд. Мутахассисони бахши фановариҳои навин ё IT низ ба далелҳои амниятӣ қобили пазириш дар муассисаҳои Тоҷикистон нестанд.

“Мактабҳо дар Афғонистон фаъолият намекунанд. Он зеҳнҳое, ки дар Афғонистон буданд, баромада рафтанд. Фикр намекунам, ки дар ин самт(ҳо) мутахассисоне бошанд, ки онҳоро дар Тоҷикистон ба кор қабул кунем,” -- гуфт Қурбонов.

Ҳарчанд, ба гуфтаи Қурбонов, ба далели камии музди меҳнат ва шароити корӣ мутахассисони хориҷӣ Тоҷикистонро интихоб нахоҳанд кард, дар ҳар сурат вай ҷонибдори ҷалби кадрҳои хориҷӣ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ҳаст.

"Агар аз ҷалби мутахассисони хориҷӣ худдорӣ кунем..."

Ҷудо аз баҳси будан ё набудани соҳибони ихтисосҳои муҳим миёни гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон, баъзе аз соҳибназарони дигар мегӯянд, фурсати бисёр мувофиқ фароҳам шудааст, ки кадрҳои афғонистонӣ ба кор ҷалб карда шаванд. Асомиддин Атоев, коршиноси фановариҳои навин, мегӯяд, Тоҷикистон барои амалисозӣ ва идомаи чаҳор ҳадафи стратегиаш: таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар ба ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони кишварҳои ҳамсоя ниёз дорад.

Асомиддин Атоев
Асомиддин Атоев

“Агар мо бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла амнияти миллӣ аз ҷалби мутахассисони хориҷӣ худдорӣ варзем, дар ниҳоят, ба худи мо зарар мерасад. Аз рӯи ин мантиқ амал карда шавад, кишварҳои дигар, Русияву кишварҳои ҳамсоя ҳам метавонанд, шаҳрвандони Тоҷикистонро аз кор пеш кунанд ё дигар ба кор напазиранд. Хеле аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои давлативу хусусии Қирғизистону Қазоқистону Русия кор мекунанд,” -- афзуд Атоев.

Пизишки афғонистонӣ Фарид Ҳайдарӣ, ки соли 2019 дар Тоҷикистон паноҳанда шуд, мегӯяд, хоҳони фаъолияти қонунӣ аст ва намехоҳад, бидуни иҷозат ба муолиҷаи мардум пардозад. Ва то замоне ки ҳуҷҷатҳои таҳсилоташро дар Тоҷикистон баробарарзиш насозад, намехоҳад, дар бемористоне кор кунад. Нахуст бояд Вазорати маорифи Афғонистон ва баъдан консулгарии Афғонистон дар Тоҷикистон дурустии дипломи Ҳайдариро таъйид кунанд ва сипас ба Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон муроҷиат хоҳад кард.

Вай мегӯяд, то ҷое иттилоъ дорад, ҳеч кадом аз пизишкони ошнояш, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, ҷое кор намекунанд. “Ҳуҷҷатгузорӣ як паҳлӯ, паҳлӯи дигар кор пайдо кардан дар шифохонаҳо аст. Духтур кулли умри худро сарфи таҳсил мекунад. Ба ҳар ҷое, ки меравад, сарфи назар аз кадом қавму миллат будан ё мазҳабу дин, инсонро табобат мекунад. Агар кор накунем, аз қофила пас мемонем. Ҳар кадоме: тадрис ё табобат бароям фароҳам шавад дар Тоҷикистон алоқа дорам, ки кор кунам,” – хулоса кард ӯ.

XS
SM
MD
LG