Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Фаришта ва ҳамроҳонаш дар Тоҷикистон мадад кард. ВИДЕО


Фаришта Шарифӣ бо яке аз тасвирҳояш
Фаришта Шарифӣ бо яке аз тасвирҳояш

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон як маркази омӯзиширо дар шаҳри Ваҳдат бозсозӣ кард, то паноҳандагони афғонистонӣ дар онҷо илму ҳунар омӯзанд. Аксари паноҳандагон мегӯянд, забонҳои хориҷӣ меомӯзанд, чун нияташон кӯчидан ба кишварҳои аврупоӣ ва ё Канада аст.

Фаришта Шарифӣ 21-сола аст ва панҷ сол пеш ҳамроҳи хонаводааш аз Афғонистон ба Тоҷикистон омад. Ӯ дар маркази омӯзишӣ нахуст забонҳои фаронсавию англисӣ ва сипас риёзиро омӯхт. Ҳоло худаш аз фанни риёзӣ дарс медиҳад ва ҳамзамон рассомиро меомӯзад.

Фаришта нияти муҳандис шуданро дорад ва барои ин бояд чанд фанро бахубӣ азхуд кунад. Ба гуфтаи худаш, як нобоварии устоди мактаб дар Афғонистон ӯро водор кард, аз пайи омӯзиши илм шавад.

Маркази омӯзишӣ барои паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат
Маркази омӯзишӣ барои паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат

"Як рӯз устодам гуфт, як духтар наметавонад, инженер шавад. Пурсидам, чаро? Гуфт, мумкин аст, девона шавад. Ҳамон замон гуфтам, як рӯз ба Шумо нишон хоҳам дод, ки на танҳо як инженери хуб мешавам, балки дар паҳлӯи ин чанд ҳунарро якҷоя хоҳам сохт," – нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Мавзӯи асосии тасвирҳои Фаришта сарнавишти занони афғонистонӣ ва маҳдудиятҳое мебошад, ки Толибон ба онҳо бор кардаанд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳаққи духтарон дар Афғонистон поймол мешавад ва онҳо наметавонанд, озодона кору таҳсил кунанд. Фаришта духтареро тасвир кардааст, ки чашмонаш баста асту аз онҳо хун мешорад.

"Дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ мекардем, мутаассифона, бештар чашми хонумҳо баста буд ва ҳамчунон ҳаққашон поймол шуда буд ва наметавонистанд ба он баландиҳое, ки орзу доранд, бирасанд," – гуфт ӯ.

Баъд аз мадади сафорати Амрико, имкони омӯзиши мусиқӣ дар маркази таълимӣ барои паноҳҷӯёни афғонистонӣ фароҳам шуд.

Аҳмадшоҳ Давлатназар, муҳоҷири афғонистонӣ, устоди ин фан аст. Мегӯяд, дар Афғонистон барои рушди мусиқӣ шароит созгор набуд. Дар Тоҷикистон ҳам то омадан ба ин марказ ҷойи тамрин надоштанд, чун ба хотири халал нарасондан наметавонистанд мусиқӣ навозанд.

Аҳмадшоҳ Давлатназар
Аҳмадшоҳ Давлатназар

Дар шаҳри Ваҳдат, ки мизбони ҳазорҳо паноҳандаи афғонистонӣ аст, маркази омӯзиширо бо номи “курси Искандар” мешиносанд. Марказ соли 2016 аз тарафи як муҳоҷири афғонистонӣ бо номи Искандар ташкил шуд.

Дар оғоз маркази омӯзишӣ асосан бо талаби муҳоҷирони афғонистонӣ забони англисӣ таълим медод. Ба гуфтаи масъулин, шароити таҳсил то моҳи майи имсол дар ин марказ чандон хуб набуд. Бо ёрии сафорати Амрико бинои маркази таълимӣ таъмир шуда, барои хонандагони васоили таълим муҳайё кардаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Сайре ба маркази таълими паноҳандагон дар шаҳри Ваҳдат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:50 0:00

Сафиуллоҳ Меҳрзод, як масъули маркази омӯзишӣ, мегӯяд, феълан доираи корашон васеъ шуда, 6 забони хориҷӣ, риёзӣ, компютер, рассомӣ ва мусиқиро таълим медиҳанд.

Марказ бо номи “Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия” дар назди Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат амал мекунад. Наздики 90 дарсади хонандагон фарзандони муҳоҷирони афғонистонӣ ҳастанд ва бештари омӯзгорон ҳам худи афғонҳо мебошанд. Хонандагон гуфтанд, барои таҳсил ҳар моҳ 30 сомонӣ месупоранд.

Тоҷикистон мизбони 13 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ аст. Аксари онҳо дар шаҳри Ваҳдат, дар канори Душанбе, ҷойгир шудаанд. Онҳо бо ишора ба вазъи иқтисодӣ мегӯянд, барои ҳамеша ба Тоҷикистон наомадаанд ва талош мекунанд, ба кишвари сеюм бираванд.

XS
SM
MD
LG