Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равғану орду биринҷро қарз мегиранд." Зиндагии паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон


Як зани солманди афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат, моҳи марти 2022
Як зани солманди афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат, моҳи марти 2022

Тақрибан 80 дарсади гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон бо пули хешовандонашон зиндагӣ мекунанд, ки аз Канада ва Аврупо мефиристанд. Онҳо ҳеч кумаке аз Афғонистон намегиранд, дар дохили Тоҷикистон пайдо кардани ҷойи кор мушкил аст, Созмони Милал ҳам, ба гуфтаи гурезаҳо, мадади чандоне намекунад.

"Агар ҳар моҳ 200 доллар нафиристанд…"

Мираҳмад соли гузашта маҷбур шуд, ҳамроҳи оилааш аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор кунад. Ӯ дар шаҳри Кобул мезист ва барои нерӯҳои низомӣ сӯзишворӣ мекашонд. Ба гуфтаи худаш, аз тарси қасосгирии Толибон, ки қадам ба қадам ба Кобул наздик мешуданд, хонаву амволашро гузошта, ба Тоҷикистон омад.

Мираҳмад ду духтар ва ду писар дорад. Онҳо дар шаҳри Ваҳдат, 19-километрии Душанбе, дар хонаи иҷорае зиндагӣ мекунанд ва ҳар моҳ 115 доллар медиҳанд. Бар иловаи ин, барои хӯрок, истифодаи барқ ва харҷи дигари зарурии рӯзгор барои шаш нафар моҳе ҳадди ақал 176-221 доллар харҷ мекунад.

Аммо дар хонаводаи Мираҳмад танҳо писараш кор мекунад. Фарзанди ӯ дар яке аз марказҳои таълимӣ омӯзгори забони англисӣ аст ва аз ин ҳисоб моҳе 2 ҳазор сомонӣ мегирад. Ин маблағ барои хонаводаи шашнафарӣ намерасад. Дар чунин шароит чашми оилаи Мираҳмад ба сӯи Канада дӯхта шудааст. Бародари Мираҳмад дар ин кишвар муҳоҷир аст ва ҳар моҳ ба ӯ ба Тоҷикистон маблағ мефиристад.

"Ҳар моҳ 200 доллар ё зиёдтар мефиристад. Пули кирояи хонаро аз ҳамин ҳисоб месупорам. Боқимондаашро барои эҳтиёҷоти хона сарф мекунем," -- мегӯяд Мираҳмад.

Биное дар шаҳри Ваҳдат. Ҷойе, ки паноҳандагони афғон зиндагӣ мекунанд
Биное дар шаҳри Ваҳдат. Ҷойе, ки паноҳандагони афғон зиндагӣ мекунанд

"Қарз диҳед, пул фиристанд, месупорем"

Ба гуфтаи масъулони "Ориёно", ҷомеаи афғонистониҳои Тоҷикистон, ҳудуди 80 дарсади паноҳандагон дар Тоҷикистон ҳамтақдири хонаводаи Мирҳамад ҳастанд.

Як гуруҳи калони паноҳҷӯён дар Тоҷикистон, аз ҷумла Мираҳмад, дар бинои 18-ошёна дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд. Дар инҷо ҳадди ақал бо чаҳор хонавода ҳамсуҳбат шудем, ки ҳамаи онҳо тасдиқ карданд, аз пайвандон, ё ба гуфтаи худашон, аз "спонсорҳо" аз Канада ва Аврупо мадад мегиранд. Хешовандони онҳо низ муҳоҷиранд, вале бо назардошти шароити беҳтари иқтисодӣ дар Канада ва Аврупо, паноҳандагони афғонистонӣ дар он кишварҳо метавонанд, ба пайвандонашон дар Тоҷикистон ёрии молӣ расонанд.

Ҳаҷми умумии маблағи воридшуда барои гурезаҳо маълум нест. Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон аз ироаи ин омор худдорӣ карданд. Барои дарёфти ин иттилоъ ба Бонки Миллии Канада дархост ирсол шуд, аммо бо гузашти ду ҳафта посухе наомад. Чаҳор оилаи паноҳандагон дар суҳбат ба мо гуфтанд, ба ҳисоби миёна ҳар моҳ аз хешовандонашон 200 доллар мегиранд. Гурезаҳои афғон мегӯянд, агар ин ёриҳо набошад, зиндагиашон дар Тоҷикистон бамаротиб сахттар аз ҳозир хоҳад буд.

"Пайса фиристанд, ҳатман қарзро медиҳем," -- ин ваъдаест, ки тақрибан ҳар рӯз Ғуломҳайдар аз паноҳандагон мешунавад. Ӯ дар поёни бинои 18-ошёна дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат дӯкони маводи ғизоӣ дорад. Худи ӯ ҳам паноҳанда аст ва баъди панҷ маротиба рад шудани дархосташ барои рафтан ба Канада, дар Тоҷикистон монд.

Маркази шаҳри Ваҳдат
Маркази шаҳри Ваҳдат

Ғуломҳайдар дафтари қарзашро нишон дода, мегӯяд, аз навиштани номи қарздорон ва хат задан, дафтар пур шудааст. "Илтимос мекунанд, равған, биринҷ, орд ва маҳсулоти дигари хӯрданиро барояшон ба қарз бидиҳем. Ваъда медиҳанд, ки ҳамин спонсорҳо (хешовандон) маблағ равон карданд, пули қарзро бармегардонанд," -- мегӯяд ин дӯкондор.

"Дигар аз фоидаи мағоза дараке нест"

Нурмуҳаммад, яке аз гурезаҳои дигари афғонистонӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои гузашта гурезаҳо то ин ҳад муҳтоҷи пули хешовандон аз Канада ва Аврупо набуданд.

Кумакашон равған, орди майда, лубиё, биринҷ буд. Ҳамаи маҳсулоти овардаашон барои як оила 50-60 доллар буд. Ин барои як моҳ ҳам намерасад.
Мираҳмад

Ба гуфтаи вай, то моҳи августи соли 2021 хешовандони Нурмуҳаммад мағозаи ӯро дар Афғонистон истифода мебурданд ва аз фоидаи он ба ӯ маблағ мефиристоданд. Ба қудрат расидани “Толибон” вазъи иқтисодии Афғонистонро баҳам зад ва то ин замон, моҳи ҳафтум аст, ки Нурмуҳаммад аз ҳисоби мағозааш ҳеч маблағе гирифта наметавонад.

"Бар изофаи ин, гаронии нархи маҳсулотро дар Тоҷикистон бинед. Як сол пеш нархи як литр равған 13-14 сомонӣ буд, ҳоло 25 сомонӣ шудааст. Пули кирояи манзил ҳам гарон шуд. Мо чӣ кор кунем? Худоро шукр, ки писарамон аз Лондон 200-300 доллар дар моҳ мефиристад. Агар ин пул намебуд, намедонистем чӣ кор кунем," -- афзуд ин паноҳанда.

"Ҳамаи ёриашон аз 60 доллар зиёд набуд"

Тибқи омори Комиссариати Созмони Милал, Тоҷикистон мизбони 13 ҳазору 700 паноҳандаи афғонистонӣ аст. Бештари гурезаҳо, ки бо мо суҳбат карданд, "аз оромии Тоҷикистон шукр мекунанд", вале аз набудани ҷойи кори муносиб ноумеданд.

Бар иловаи набудани ҷойи кор ва қатъи кумакҳо аз дохили Афғонистон, паноҳандагон мегӯянд, аз бахши гурезагони Созмони Милал ва ниҳодҳои дигар ёрии кофӣ намегиранд. Аз ҷумла, қаҳрамони гузориши мо, Мираҳмад, мегӯяд, давоми як соли гуреза будан дар Тоҷикистон ҳамагӣ як бор аз бахши гурезагони Созмони Милал барояш мадад карданд.

"Кумакашон равған, орди майда, лубиё, биринҷ буд. Ҳамаи маҳсулоти овардаашон барои як оила 50-60 доллар буд. Ин барои як моҳ ҳам намерасад," -- гуфт Мираҳмад.

Фарзандони паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон
Фарзандони паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон

Се оилаи дигари паноҳандагон ҳам айни ҳаминро дар суҳбат ба мо гуфтанд. Аммо Комиссариати Созмони Милал дар умури паноҳандагон мегӯяд, ба гурезаҳои афғонистонӣ мадади зиёд кардааст. Ин ниҳоди зертобеи СММ моҳи октябри соли гузашта дар як нома ба Радиои Озодӣ навишт, онҳо ба гурезаҳои афғонистонӣ аз ҷумла ёрии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ расондаанд.

Инчунин, ба гуфтаи Комиссариати СММ дар умури паноҳандагон, онҳо баъди ҳодисаҳои моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон, доираи фаъолияти барномаҳояшонро васеъ карданд. Дар ҳар сурат, посухи Созмони Милал дар масъалаи ёрӣ ба гурезаҳои афғонистонӣ умумӣ аст ва ин идора мушаххасан омореро зикр намекунад, ки барои беҳтар кардани зиндагии паноҳандагон чӣ қадар пул масраф шудааст.

"Намехоҳем ҳамеша бори гарон бошем"

Дар ним соли гузашта ба ҷуз аз идораи Созмони Милал, баъзе аз фаъолон дар Тоҷикистон талош карданд, ба паноҳандагони афғонистонӣ ёрӣ расонанд. Вале паноҳандагони ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфтанд, расондани кумакҳои ғизоӣ аксар вақт якдафъаина аст ва наметавон ҳамеша бо онҳо зиндагиро пеш бурд. Барои ҳамин кумаки пайвандон аз хориҷа феълан манбаи асосии рӯзгузаронӣ барои паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Гурезаҳои афғонистонӣ мегӯянд, ба вазъи зиндагии онҳо дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ шавад ва аз тарафи Созмони Милал як барномаи мушаххаси расондани ёриҳо бояд амал кунад. Ё, ба гуфтаи паноҳандагон, ҳадди ақал барои онҳо ҷойи кор муҳайё кунанд. Вагарна, ба гуфтаи гурезаҳое мисли Мираҳмад, "онҳо наметавонанд, ҳамеша бори гароне ба дӯши хешовандонашон дар Канадаву Аврупо бошанд".

XS
SM
MD
LG