Мошинҳои низомӣ ВМКБ-ро тарк мекунанд. "Амалиёт"-и мақомот анҷом шуд?

Акс аз ноҳияи Рӯшон

Даҳҳо мошини низомӣ дар се рӯзи охир ҳудуди Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро тарк карданд.

Як сокини ноҳияи Рӯшон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки давоми се рӯз берун шудани беш аз 30 мошини низомиро ҳисоб кардаанд.

Дар ҳар як мошин аз 20 то 30 нафар ва аз он бештар низомиён савор буданд. Мақомот далели хуруҷи низомиён аз Бадахшонро шарҳ намедиҳанд ва ҳамчунин маълум нест, ки оё бо ин "амалиёт"-и мақомот дар вилоят ба анҷом расид ё на.

Вале як сокини ноҳияи Рушон, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, «ҳеҷ гоҳ шоҳиди чунин хуруҷи дастаҷамъона»-и низомиён нашуда буд. Ба гуфтаи сокинон, низомиён аз даромадгоҳи шаҳри Хоруғ низ рафтаанд ва дар шаҳр шуморашон бамаротиб камтар шудааст.

Даромадгоҳи Рӯшон дар таърихи 15-уми июни соли 2022

Дар дидбонгоҳи Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз низ кормандони БДА-ро низомиён ҳамроҳӣ намекунанд. "То ҳафтаи гузашта ба ғайри тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ низомиён мусофирони дохили мошинро ҳам як-як тафтиш мекарданд. Чор рӯз шуд, ки дигар чунин ҳолат нест", - гуфт як сокини шаҳри Хоруғ. Сокинон мегӯянд, ҳузури низомиёнро хуш надоштанд, вале сабаби берун шудани онҳоро намедонанд.

Даромадгоҳи Хоруғ дар таърихи 15-уми июни соли 2022

Мақомот ин хабарҳоро шарҳ намедиҳанд. Вале рӯзи 15-уми июн вебсайти хабаргузории расмии "Ховар" навишт, ки дар шаҳри Хоруғ бозори кишоварзӣ ба кор шурӯъ кардааст. Дар ин хабар дар бораи вазъи амниятии шаҳр чизе гуфта намешавад, вале гуфта шудааст, ки баъди сӯхтори бозори марказии Хоруғ рӯзи 28-уми май "бозори «20 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба фаъолият шурӯъ кард".

Шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти мухтори кӯҳистон Бадахшон моҳи май шоҳиди эътирозҳои мардумӣ ва саркӯби он аз ҷониби низомиёни тоҷик шуд. Вазъият дар вилоят печида боқӣ мемонад. Дар ҷараёни амалиёти мақомот дар Хоруғу Рӯшон даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва даҳҳо каси дигар дастгир шудаанд. Мақомот ин афродро ба ташкили эътирозу ноамнӣ ва ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла дарёфти маблағ аз хориҷа муттаҳам мекунанд, аммо наздиконашон мегӯянд, онҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ва пешгирӣ аз густариши ноамнӣ талош доштанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Манобеъ: "Бародару ҷияни Хурсанд Мазоров дастгир шуданд"Бародари Алим Шерзамонов боздошт шудаастХурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов дар Хоруғ кушта шудаанд"Вакил намерасад." Аз боздоштшудаҳо дар Хоруғу Рӯшон кӣ ҳимоят мекунад? ВИДЕОАз боздоштшудаҳо дар Хоруғу Рӯшон кӣ ҳимоят мекунад?Вазорат мегӯяд, дар идомаи "амалиёт" дар Рӯшон 5 каси дигарро куштанд. ВИДЕОАз Кӯлобу Рашт то Сангвору Рӯшон. Чаро Душанбе масъалаҳои дохилии сиёсиро бо зӯр ҳал мекунад?Чаро дар Хоруғу Рӯшон хунрезӣ шуд?"Гапи Озод": Чаро кор дар Бадахшон ба хунрезӣ кашид? ВИДЕО