Манобеъ дар шаҳри Хоруғ мегӯянд, рӯзи 12-уми июн дар маҳаллаи "Тирчид" ё УПД-и маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти махсус шуруъ шудааст. Мақомот расман дар ин бора чизе намегӯянд. Ба сабаби набудани интернету мушкили иртиботи телефонӣ бо Бадахшон, дарёфти тафсилоти ҳодиса мушкил аст.
"Роҳ ба маҳалаи Тирчид аз чанд тараф баста шудааст," – гуфт яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар Хоруғ. Ба далели амниятӣ аз ӯ ном бурда намешавад.
"Аз ҳар тараф садои тирпаронӣ шунида мешавад ва ниқобдорон хона ба хона гашта, Хурсанд Мазоров, Зоир Раҷабов ва шахсони ба онҳо наздикро кофтуков мекунанд," – афзуд манбаъ.
Ду манбаъ тасдиқ карданд, ки мураббии гуштӣ Комрон Мамадназаров дастгир шудааст. Мақомот расман тасдиқ ё рад намекунанд.
Дар бораи гуё кушта шудани Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазоров дар ҷараёни амалиёти мақомот гузоришҳо мерасанд, вале айни замон тасдиқи он аз манобеи гуногун ғайриимкон аст.
Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазоров аз шахсони наздик ба Имомназар Имомназаров ҳастанд. Имомназаров соли 2012 дар Хоруғ ба таври мармуз кушта шуд. Онҳоро дар ВМКБ фаъолони ҷомеа муаррифӣ мекунанд, вале мақомот ҳамвора "саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноии Хоруғ" ном мебаранд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 11-уми июн гуфтанд, ки Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шанбиев ва Ниёзшо Гулобов, се тан аз чеҳраҳои бонуфуз дар миёни ҷавонони Вилояти Бадахшонро дастгир карданд. Боздошти ин афрод ба дунболи нооромиҳои моҳи майи имсол дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон сурат мегирад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Толиб Айёмбеков ва ду ҳамроҳашро дар Бадахшон дастгир кардаандБаъди як тазоҳуроти олуда бо хушунат дар Хоруғ дар рӯзи 16-уми май, ки бо марги як ҷавон анҷомид, ҳукумати Тоҷикистон ба минтақа нерӯҳои махсусро фиристод, то ба гуфтаи мақомот амалиёти “зиддитеррористӣ” анҷом диҳанд.
Дар натиҷа рӯзи 18-уми май дар ноҳияи Рӯшон чандин нафар куштаву захмӣ шуданд.
Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта ва баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Тазоҳуроти рӯзи 16-уми май низ бо талаби ҷазо додани онҳое бархост, ки ба гуфтаи сокинон Зиёбековро бегуноҳ куштанд. Мақомот мегӯянд, ки Зиёбеков ба гаравгонгирӣ, барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мешуд ва ҳангоми муқовимат ба нерӯҳои интизомӣ кушта шуд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тазоҳурот ғайриқонунӣ буд ва тазоҳургаронро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номидаанд, ки ба гуфтаи онҳо аз хориҷ барои ноором кардани кишвар дастур мегирифтанд. Мардум мегӯянд, барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд ва дар даст силоҳе надоштанд.