Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 11-уми июн се тан аз чеҳраҳои бонуфуз дар миёни ҷавонони Вилояти Бадахшонро дастгир кардаанд. Пештар аз ин ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ дар маҳаллаи “Хлебзавод” дар Хоруғ садои тирандозӣ ба гӯш мерасид ва маъмурони амниятӣ роҳ ба ин маҳалро баста буданд.
Дар баёнияи расмии Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар вилоят, ки дар хабаргузории давлатии Ховар нашр шудааст, омадааст: "Дар натиҷаи амалиёти махсус саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Айёмбеков Толиб Абдурамонович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва Гулобов Ниёзшо Аслишоевич дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.”
Дар баёния гуфта мешавад, ки ҳарсе нафар ба ҷиноятҳои вазнин ба мисли куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, ва барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ муттаҳам мешаванд.
Номи Толиб Айёмбеков, Ниёзшо Гулобов ва Мунаввар Шанбиев дар санадҳои расмии мақомоти амниятии Тоҷикистон аз соли 2012 аст, ки баъди қатли Абдулло Назаров, сардори Раёсати амнияти миллӣ дар Бадахшон ва нооромиҳои он сол чоп шудаанд.
Дар ин санадҳо, ки Радиои Озодӣ онҳоро дид, омадааст, Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шанбиев ва Ниёзшо Гулобов дар нооромиҳои он сол даст доштаанд ва яке аз онҳо дар қатли Абдулло Назаров нақш доштааст. Назари хешовандони боздоштшудаҳо маълум нест ва айни замон иртиботи телефонӣ ва ё интернетӣ бо Бадахшон ба сахтӣ муяссар мешавад.
Боздошти ин афрод ба дунболи нооромиҳои рӯзи 16-уми майи имсол дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони вилоят сурат мегирад. Дар он рӯз дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Ба иттилои ғайрирасмӣ беш аз бист нафар кушта шудаанд.
Баъди як тазоҳуроти олуда бо хушунат дар Бадахшон дар рӯзи 16-уми май, ки бо марги як ҷавон анҷомид, ҳукумати Тоҷикистон ба Хоруғ нерӯҳои махсусро фиристод, то ба гуфтаи мақомот амалиёти “зиддитеррористӣ” анҷом диҳанд. Дар натиҷа рӯзи 18-уми май ҳангоми пароканда кардани гуруҳе аз сокинони ноҳияи Рӯшон, ки роҳи Душанбе-Хоруғро баста буданд, чандин нафар куштаву захмӣ шуданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, амалиёт баъди он шуруъ шуд, ки тазоҳургарон, бо ҳамла ба як мошини нерӯҳои махсус як афсарро куштаву 13 нафари дигарро захмӣ карданд.
Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта ва баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Тазоҳуроти рӯзи 16-уми май низ бо талаби ҷазо додани онҳое бархост, ки ба гуфтаи сокинон Зиёбековро бегуноҳ куштанд. Мақомот мегӯянд, ки Зиёбеков ба гаравгонгирӣ, барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мешуд ва ҳангоми муқовимат ба нерӯҳои интизомӣ кушта шуд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тазоҳурот ғайриқонунӣ буд ва тазоҳургаронро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номидаанд, ки ба гуфтаи онҳо аз хориҷ барои ноором кардани кишвар дастур мегирифтанд.