"Ягон меҳмон ояд, сарбозҳои Қирғизистон зуд ҳозир мешаванд" ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Муродҷон Ҷӯрабойзода, сокини маҳаллаи Ҳалимбобои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба ҳавлияш сангу хок овардааст, аммо ду сол боз девор бардошта наметавонад. Мегӯяд, марзбонҳои Қирғизистон монеъ мешаванд, чун минтақаи баҳсӣ мешуморанд.

"Панҷара гирифтан ҳам намонданд. Нагузоштанд, ки сим кашем. Ба даруни боғ дароем, ба навор мегиранд. Дар ҳавлӣ чанд шиферро рост кардем, то аз меҳмонҳо шарм накунем. Бояд духтарамро оиладор кунам," – мегӯяд Ҷӯрабойзода.

Ҳавлии Муродҷон Ҷӯрабойзода дар наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир мебошад. Ӯ иддао дорад, дар ҳоле ки мақомоти ҳамсоя монеи сохтмони девору ошхонааш шудаанд, дар деҳаҳои ҳаммарз дар Қирғизистон корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.

“Ба ҳавлиям ягон мошин ё меҳмоне биёяд, зуд сарбозҳои Қирғизистон ҳозир мешаванд, вале ба сокинони он тарафи марз ҳеч кас кор надорад,” – шиква кард ӯ.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон қазияи Муродҷон Ҷӯрабойзодаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд, аммо тавофуқ кардаанд, ки дар минтақаҳои баҳсӣ ё номуайян сохтмоне накунанд.

Давлатбек Зафарзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, “ҳамагуна сохтмон дар сарҳад манъ шудааст”. Вай афзуд, “як сокини онҷо муроҷиат карда буд ва мо сементу шағал, арматура ва тақрибан 15 ҳазор сомонӣ додем, вале кори ӯро низ боздоштанд.”

Танҳо дар маҳаллаи Ҳалимбобои ҷамоати Овчиқалъача ҳудуди 300 хонавода паҳлӯ ба паҳлӯ бо оилаҳо аз Қирғизистон зиндагӣ мекунанд.

Аксари онҳо дар солҳои 70-уми асри гузашта муқим шудаанд, вале баҳсҳо бар сари замин баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сар зада, ду тараф солҳо боз забон ёфта наметавонанд.

Бори аввал нест, ки корҳои сохтмонӣ дар ин минтақа боис ба таниши лафзӣ мегардад. Дар охири моҳи ноябри соли 2021 сокинони маҳаллаи Ҳалимбобо аз ҳузури зиёди низомиён дар наздикии ҳавлиҳояшон хабар дода буданд.

Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бахше аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад. То кунун дар ҷанҷолҳои марзӣ аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва даҳҳо манзилу бино сӯхтаву вайрон шудаанд.